Бонувони ҳунарманд аз грантҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат ва раиси вилояти Суғд самаранок истифода мебаранд.
Соли гузашта 18 нафари онон грантҳои президентӣ гирифт. Солҳои 2010 - 2019 бонувон ба маблағи 2 миллиону 525 ҳазор сомонӣ грантҳои раиси вилоятро дарёфтанд. Соли рафта ба комиссияи грантии раиси вилоят 150 лоиҳаи дархостӣ аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят барои рушди ҳунарҳои гулу қуроқдӯзӣ, армуғонсозӣ, сабаду адрасу қолинбофӣ, кулолӣ пешниҳод гардид. Шаст лоиҳа дастгирӣ шуд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлиси тантанавӣ ба ғолибон 15 грант ҳар кадом дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ, ҷамъ - 420 ҳазор сомонӣ супурд, ки он такони тозае дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор барои бонувон хоҳад шуд.
Яке аз бонувоне, ки сазовори гранти раиси вилоят гардид, Парвина Расулова аз шаҳри Истаравшан аст, ки барои нав кардани таҷҳизоти коргоҳи дӯзандагияш 5000 сомонӣ гирифт.
ДӮЗАНДА
Парвина хатмкардаи факултети менеҷерии соҳаи фарҳанг ва иҷтимоиёти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, мутахассиси пешбари хонаи фарҳанги рақами 4 - уми шаҳри Истаравшан мебошад. Моҳе ду - се маротиба машғулиятҳои 7 маҳфили гуногунро мегузаронад, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва хонандагони мактабҳоро барои таҷлили ҷашнҳои муҳими миллӣ ва давлатӣ омода месозад.
Даҳ сол боз вақтҳои фориғ аз кор дар коргоҳи дӯзандагияш «Парасту» ба дӯзандагӣ шуғл меварзад ва ҳунари худро ба шогирдон меомӯзонад. Чор мошини дӯзандагиаш, ки куҳна шудаанд ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд. Маҳз ба хотири хариди дастгоҳҳои нави ҳозиразамон ва дастрас кардани матоъ лоиҳаи грантӣ навишт, ки ҷонибдорӣ ёфт. Алҳол 11 нафар шогирд дорад ва дар оянда шумори онҳоро зиёд карданист.
- Ман дӯзандагиро бо шавқу завқи зиёд аз 12 - солагиам оғоз намудаам ва нозукиҳои касбро ба тарзи худомӯзӣ ва дар назди устодон омӯхтаам, - мегӯяд Парвина Расулова. – Бо мурури замон тарроҳӣ ва бурандагиро ҳам ёд гирифтам. Бештар либосҳои занона, кӯдакона бо тарзу ороиши миллӣ медӯзам, ки харидори зиёд доранд. Азбаски ихтисосам корманди фарҳанг аст, чанд сол боз либосҳои саҳнавию ҷашниро низ тарроҳӣ менамоям ва медӯзам. Ростӣ, аз ин кор бештар ҳаловат мебарам, зеро ҳунар тахайюл ва такопӯи эҷодӣ тақозо мекунад. Мехоҳам як чизро хотиррасон намоям: баъзе бонувон бар онанд, ки матоъ ва либосҳое, ки тамғаи хориҷӣ доранд, гӯё беҳтару зеботару шинамтаранд. Ин ақида билкул ғалат аст. Хушбахтона, солҳои охир бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ хеле рушд ёфтааст ва дӯзандагони чирадасти тоҷик аз маҳсулоти ватанӣ либосҳое медӯзанд, ки ҳатто хориҷиёнро моту мабҳут месозанд.
КАДБОНУ
Парвина бонуест, ки аз даҳ ангушташ ҳунар меборад. Баҳори соли гузашта ҳунари дигараш - пазандагӣ дар миқёси вилоят эътироф гардид. Дар тарабхонаи «Тоҷикистон» - и шаҳри Хуҷанд бо иштироки пазандагони 18 шаҳру ноҳия озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир шуд ва ӯ сазовори мақоми аввал, диплом ва туҳфаи раиси вилоят гашт.
Парвина дар озмун 36 намуди хӯроку хӯриш, қаннодӣ, нонҳои милливу муосирро пешниҳод намуд. Шартҳои озмун басо вазнин буданд, ҳакамон ҳатто тарзи дурусти ҷобаҷогузории зарфҳо, чумчаву чанголҳо, ороиши хонро ба назар мегирифтанд.
- Ба фикрам, ба ҳакамон бештар ғизоҳои миллии қариб фаромӯшшудаи мо ва дар табақҳои чӯбин пешниҳод карданашон писанд афтод, - гуфт Парвина. – Хусусан, хӯрокҳои миллии туппаи табақӣ (ойимтуппа) ва ӯмоч ба ҳакамон ва бинандагон бештар писанд омаданд. Ҳамзамон, хӯришҳо ва питсаҳои ба тарзи муосир тайёркардаам низ сазовори баҳои баланд гаштанд.
КОМПЮТЕРДОН, ОРОИШГАР…
Парвина аз зумраи нафаронест, ки набзи зиндагияш бо набзи замон баробар метапад. Ӯ мустақилона амалҳои муҳимтарини компютериро омӯхтааст ва аз уҳдаи иҷрои дизайн ё худ веростории рӯзномаву маҷалла ва китоб мебарояд. Албатта, дар ин ҷода саҳми ҳамсараш Ҷонибек Расулов, муҳандиси соҳаи компютерӣ, калон аст. Онҳо дар таълиму тарбияи се меваи ҳаёташон – Парастуи 8 - сола, Шакарбахши 7 - сола ва Куруши 4 – сола саҳм мегиранд. Парвина нашрияи «Ганҷи ороста»- и марбут ба Бунёди забони тоҷикӣ ва «Фарҳангсарои ориёӣ» - и шаҳри Истаравшанро тарроҳӣ, мусаҳҳеҳӣ мекунад ва дар масъалаҳои фарҳангу забон ва адабиёт мақолаҳо менависад.
Ҷӯёи СУғдӢ,
шаҳри Истаравшан