Ҳумайро пораяки нуқраро андаруни зарфчаи гудозиш монда, болои кӯраи оташ гузошт. Нуқрапора мисли равғани зард оҳиста-оҳиста об шуд. Бо анбур зарфи тафсонро бардоштанӣ шуд. Оринҷаш ба курсии паҳлуяш бархӯрду анбур аз дастонаш раҳо хӯрд. Зарф ғелида нуқраи обшуда рӯи дастгоҳ пош хӯрд. Вай бо чолокӣ нуқраро ба сохти дастпона даровард.
Корманди сафорат - заргар
Ҳумайрои Муҳаммад соли 2016 пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси дипломат тариқи озмун дар сафорати давлати Қатар дар Тоҷикистон ба фаъолият пардохт. Фориғ аз кор ба шуғли дӯстдоштааш - заргарӣ машғул мешавад.
Ба ин ҳунар аз овони кӯдакӣ майлу рағбат пайдо намуд. Муҳраву нигин, сангчаҳои рангорангро ҷамъ оварда, ба воситаи шаддаву сим, гулу гиёҳҳои зебо ҳар гуна ороишот сохта худро зинат медод. Баъди хатми мактаб ба хулосае омад, ки бояд шуғли дӯстдоштаашро такмил дода ба сатҳи касбӣ расонад.
Шогирд
Чаҳор сол дар назди заргари номӣ Дилмурод Шарифов нозукиҳои ҳунарро андӯхт. Мегӯяд: «Назди устод, ки байни заргарони касбии бумиву хориҷӣ шинохтаву соҳибэҳтироманд, рафтаму хоҳиш кардам, то бароям сирри дасткориҳояшонро бикушоянд. Овони навшогирдӣ камбудиҳоямро нишон медоданду ислоҳ талаб мекарданд. Баъзан аз амали такрору такрор дилгир шуда, ранҷидахотир ва нимшӯхиву нимҷиддӣ хоҳиш менамудам: «Як бор таъриф кунед». Устод зуд зеҳну ҳушамро ҷониби зебоие кашида, нақши дилнишинеро нишон дода, мегуфтанд: «Бубин, чӣ қадар зебову диданӣ баромадааст». Бо ҳамин ба кор дилгарм шуда ҷаҳд мекардам, ки бештару хубтар маҳорат нишон диҳам».
Ҳумайро дар омӯзиш, таваҷҷуҳи бештаре ба равиши «филигран» равона менамуд. «Филигран» - навъи услуби санъати ҷавоҳирсозии қадимиест, ки нақш дар заминаи фулузи (металли) - и аз тилло ва ё нуқра сохташуда, омода мешавад. Аввалин ангуштарии бо ин усул сохтаашро ба модар армуғон оварду дуои сабз дарёфт. Ҳоло ҷузъиётҳои ин тарзро ба шакли наву диди тоза дар ҷараёни кораш истифода мебарад.
Ҳарчанд сохтани ороишоти тиллоӣ барояш писанд аст, бештар аз нуқра кор мегирад. Зеро дасткории тилло наҳифиҳое дорад. Аввалан, нархи ҷавоҳири тиллоӣ гарон аст ва харидораш нисбатан камтар, дуюм, ин амал харҷи ноҷо дорад. Хокаҳои пошхӯрдаи тиллоро аз зери дастгоҳи корӣ дубора ҷамъ овардан, ғайриимкон асту дар ҷараёни кор 1 ё 2 грамми ин хокаи қиматнок гум мешавад.
Беназир
Ҳумайро талош дорад ба ҳаводорони ҳунараш пайки тозае бирасонад. Такрорро намеписандад. Мекӯшад ранҷи дастонаш аз ҳунари дигар заргарон фарқкунанда бошад. Услуби ороишоти шарқии қадимиро дар заргарӣ мепарастад. Шавқманди ба ҳам овардани тарзҳои шарқиву аврупоӣ ва мудерн дар ҷавоҳирот аст. Бонувон, сарфи назар аз синну сол, тарзи дӯхту ранги либос метавонанд дастранҷашро ба бар намоянд. Ҳаводорони ҳунараш аз услуби нав ба наву зебоиҳои хоси офаридаҳояш истиқбол мекунанд. «Бонувон бештар ороишоти сохти классикӣ фармоиш медиҳанд. Ҷавондухтарон баръакс, маҷмӯи ороишотеро мепазиранд, ки бо як равиш сохта шуда, шаклҳои гуногун доранд. Масалан, ду гӯшвори ҷузъан аз ҳамдигар тафовутдошта»,- зикр мекунад ҳунарманд.
Мекӯшад дар ҷавоҳирсозӣ як нусхаро ду бор такрор накунад. Сари ин мавзӯъ ҳам андешаи хос дорад: «Харидор аз қолаби якрангу якзайл хаста мешавад. Дар бозору мағозаҳо ҷавоҳири қолабӣ зиёданд. Нафаре, ки воқеан сифату зебоӣ мехоҳад, ҷӯёи чизи нотакрор аст. Ман мекӯшам ана ҳамин ягонагиву нотакрориро офарам. Дар олами ҳунар ин навъи ҷавоҳирро беҳамто, беназир (эксклюзив) меноманд. Аҳёнан мешавад, ки ду нусха маҳсулоти якхела омода созем, аммо чун нек нигаред, онҳо ҳам дорои ҷузъиёти кӯчаки фарқкунанда ҳастанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ як ороиш ду бор такрор намешавад».
Сангҳои ороишӣ
Барои сохтани ҷавоҳири сангӣ Ҳумайро асосан аз сангҳои марҷон, лоҷувард, марворид, садаф, хризопраз, беҷода, яшм, мармар, ақиқ истифода мебарад. Аввал сангро интихоб карда, пасон бо назардошти рангу хислат, барояш тарҳи ороиш мекашад. «Кор бо сангҳо ҷаззобияти ногуфтание дорад. Як ҷаҳон маъниву як ҷаҳон дониш мехоҳад, ин қисми кори мо. Дар баробари хусусиятҳои равониву табобатӣ яшми сабзу ақиқу лоҷвард аз ҷиҳати таркиб хеле дурушту сахтанд, дар буришу шаклгирӣ вақти зиёдтаре металабанд. Садафу марҷон баръакс, бе ҳеҷ заҳмат ба шакли дилхоҳ медароянд. Қаҳрабо (янтар) санги нозук буда, камтар беэътиноӣ метавонад ба тиккаву нобудшавии он расонад, ба рӯяш оби гарм бирезӣ, мекафад. Ин хусусиятҳоро ба инобат гирифта, бо сангҳо эҳтиёткорона муносибат мекунам», - шарҳ медиҳад ӯ.
Осеби ҳунар
Нигоҳам ба дастони нозуку захмдори Ҳумайро гиреҳ мехӯрад. Ҳунарманди доно, рамуз гирифтаву табассумкунон шарҳ медиҳад: «Дар ҷараёни кор бо арраву дастгоҳҳо дасту нохунҳо баъзан осеб мебинанд. Дар корбурди сӯзишвориву бензин, кислотаву ишқорҳо бо андак саҳлангорӣ ноҷӯрие рух мезанад. Нозукии кори мо, эҳтиёткорист. Вақте кас асабиву дилтанг аст, сари дастгоҳ набояд нишинад. Нафаре ҳам, ки асаби суст дораду дили танг, ҳеҷ гоҳ заргар шуда наметавонад. Баъзан ман ҳам аз майдакорӣ хаста мешавам. Хусусан замоне, ки барои офариниши як нақш соатҳо мешинаму он мувофиқи дилам намебарояд. Аммо сабру тоқат, ки дорам, охири кор ҳамеша дастболоям».
Армуғон
Зебоиро мепарастад. Мекӯшад кору амалаш таҷассумгари меҳру зебоӣ бошад. Мавсуф ба ҷузъ фаъолияташ дар сафорату ҳунари заргарӣ, боз шавқи дигаре ҳам дорад. Бо ёрии қиблагоҳаш гулу гиёҳҳои муаттару зеборо ҷамъ меоварад. Онҳоро бо ҳам омехта, барои хонаву меҳмонхонаҳо гулдону армуғонҳои ороишӣ таҳия месозад.
Бону Ҳумайро дар озмуну намоишгоҳҳои ҳунарии сатҳи баланд мунтазам ширкат меварзад. Дар дохилу хориҷи кишвар ба ҳайси заргарбонуи муваффақ шинохта шудааст. Имрӯз, ки дар кишвар барои рушди соҳаи ҳунармандӣ шароитҳои хуб муҳайёанд ва косибону ҳунармандон аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ меёбанд, духтари ҷавон бо гомҳои устувор сӯи қуллаи мақсуд равон аст. Барояш барор мехоҳем.
Шаҳноз