Ба рӯйхатгирии иштироккунандагон дар озмуни лоиҳаи машҳури «Во вес голос»-и шабакаи тезевизионии «Мир 24» оғоз шуд. Бо пешниҳоду дастгирии ҳунарманди шинохта Зафар Абдуалимов, коргардонии гурӯҳи иштироккунандагони наврасро аз Тоҷикистон Парвина Иброҳимова бар зимма гирифт.
Наврасони ҳунарманд хеле хуб омодагӣ гирифта буданд. Истеъдодҳо, ба қавле чун ахтар медурахшиданд. Коргардон кӯшиш ба харҷ дод, то вазифаашро бе камбуд сомон диҳад. Ба ороиши саҳна, сарулибоси ҳунармандон диққат медод, коргарони техникиро ҳушдор медод, то ба ҳар як нотаи суруди ҳунармандони наврас мувофиқ рӯшноӣ диҳанд. Ҳангоми сабт, гузаришҳо аз як навор ба дигар навор баробар бо ҳаракати бачаҳо ва мусиқӣ сурат гирад.
- Ҳангоми ғолиб омадани наврасони мо дар лоиҳа, шодиву нишоти аҳли гурӯҳ беинтиҳо буд. Баъзеҳо ашки шодӣ аз пирӯзӣ мерехтанд. Байни 10 давлати дунё дастболо шудану парчами Тоҷикистонро парафшон кардан, кори саҳл нест. Ин лаҳзаҳо хоҳу нохоҳ ба ҳар шахси ватандӯсту худогоҳ таъсир мерасонад, - бо эҳсоси ифтихору сарбаландӣ мегӯяд Парвинабону.
Аз танзим ба коргардонӣ
Ба иқрори худаш, ба ин соҳа тасодуфан гом ниҳодааст. Пас аз хатми мактаби миёна аксар дӯстону ҳамсолонаш баҳри идомаи таҳсил сӯи донишгоҳу донишкадаҳо роҳ гирифтанд. Аммо Парвина телевизионро пазируфт. Духтараки кушодачеҳраро дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси танзимгари барномаи иттилоотии «Ахбор» ба кор қабул карданд. Таҷрибаи кор дар идораи «Субҳ» ва идораи «Мусиқӣ» - и шабакаи мазкурро низ пайдо намуд.
Соли 2006 баробари таъсисёбии Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» хостанд гурӯҳеро аз ҳисоби кадрҳои омодаи эҷодиву техникӣ барои фаъолият ба ин шабака гузаронанд. Ҷавонон бо сабабҳои гуногун намехосанд ба телевизиони навтаъсис ба кор раванд. Парвина пешниҳоди роҳбариятро пазируфт ва бо таҷрибаи 9 - солаи корӣ ба шабакаи «Баҳористон» гузашт.
Дар «Баҳористон» барномаҳои муҳаррирони ҷавону лаёқатманд Миҷгона Халилова ва Гулҷаҳон Зарифоваро танзим менамуд. Парвинаи нуқтасанҷ бо овардани камбудии навор баъзан ба кори муҳаррирон эрод мегирифт. Тарзи дурусти гирифтани наворро фаҳмонида, то қадри имкон камбудиҳоро дар вақти танзим рафъ месохт. Журналистон даъват мекарданд, ки ҳамроҳашон ба сабт биравад. Ҳамин тавр, малакаи коргардонии Парвина тақвият ёфту то касбият расид. Дар сабти барномаҳои «Оҳанги зиндагӣ», «Гурдофарид» ва «Таҳамтан» коргардонӣ мекард.
Донишҷӯӣ донишкадаи Останкино
Дар омода намудани гузоришу барномаҳои ҷолибу тамошобоб маҳорат нишон медод. Ҷаҳду талош ва масъулияташро ба инобат гирифта, роҳбарияти шабакаи «Баҳористон» Парвинаро сармуҳаррири барномаҳои идораи «Мусиқӣ» таъйин карданд.
Парвина қиссаи чӣ тавр ба ҷаҳони зебои навору наво омаданашро чунин нақл кард: «Дар ҷавонӣ ба хоҳишу орзуҳои волидон кам аҳамият медодам. Кор мекунам, таҷриба дорам, дигар ба хондан ниёз нест, меандешидам ба худ. Вақте модар ногаҳонӣ аз дунё рафт, бо дарки хато пайи ислоҳи он шудам. Дар фикри дарёфти маълумоти олӣ афтодам».…Соли 2011 бо тавсияи ҳамкасбаш Абдулҳай Зокиров, Парвина барои гирифтани квотаи президентӣ ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ - «Дурахшандагон» муроҷиат намуд. Бо дастгирии раиси вақти Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмон, баҳри таҳсил ба шаҳри Москва рафт.
Давраи донишҷӯӣ бо ҳунармандон ва коршиносони машҳуру номдори рус Никита Михалков, Юрий Гримов, Борис Мирза, Дмитрий Таланкин, Олга Мертс, Олга Глебовна ва дигарон аз наздик ошно шуда, риштаи дӯстиву ҳамкорӣ баст.
- Соли аввали донишҷӯӣ дар назди яке аз марказҳои савдо зани пуфакфурӯшеро дидам, ки ба кӯдаки гирён пуфаке ҳадия кард. Аз суҳбат ва чеҳраи гарми бону эҳсос намудам, ки зан ҳамватани мост. Рафтаму даст баҳри шиносоӣ дароз кардам. Аз дуриву фироқи Ватан ҳасрат кардем. Маълум шуд, ки душвориҳои зиндагӣ ва нобасомониҳои хонаводагӣ ӯро ба кӯйи ғарибӣ андохтааст. Ғояи наворгирии филми кӯтоҳе аз зиндагии бонувони муҳоҷир ба сарам омад, - қисса мекунад, коргардон.
Фориғ аз дарсҳо Парвина ба назди муҳоҷирзани ҳамватан мешитофт. Лаҳзаҳои зиндагиашро сабт мекард. 17 соли зиндагии ин занро дар ғурбат омӯхту филми ҳуҷҷатии «Хӯрдан, ба хотири зистан» («Есть, чтобы жить») - ро рӯи навор овард. Ин филмро ҳамчун кори дипломӣ пешкаши устодон намуд. Заҳматашро бо баҳои аъло ва аҳсану офарин қадр карданд.
Духтари «Баҳористон»
Пас аз хатми Донишкадаи телевизион ва радиошунавонии Останкинои шаҳри Москва (МИТРО) роҳбари гурӯҳ Сергей Таланкин таклифи дар ин ҷо ба кор монданро барояш пешниҳод намуд, аммо Парвина муаддабона посух гуфт, ки пазмони обу хоки зархези Тоҷикистон ва оину суннатҳои тоҷикист ва мехоҳад ба Меҳан баргардад. Ӯ ба Ватан омаду духтари «Баҳористон» шуд.
Коргардони варзида Парвина Иброҳимова ҳоло номвару обрӯманд аст. Коргардони як қатор лоиҳаву барномаҳои овозадори «Овози тиллоӣ», «Парвин», «Дар меҳмонии витаминка» ва «Авранг» ӯст.
- Қалби телевизион дар дасти коргардон аст. Агар коргардон корашро хуб иҷро накунад, телевизион бинандаро аз даст медиҳад. Коргардон на танҳо масъули сифати тасвиру садо, балки танзимгари нақшу ҳаракат, сарулибос, тарзи ороиши ровию меҳмонони барнома ҳам ҳаст. Коргардони касбӣ истеъдоди нуҳуфтаи ҳунармандро кашф мекунад, - иброз медорад Парвинабону.
Дар хусуси нозуктарин қисми фаъолият махсус зикр месозад: «Яке аз талаботи муосири соҳаи радио ва телевизион пахши мустақими барномаҳост. Аммо пахши зинда нозукиҳои зиёд дорад. Он ҷо имкони танзиму безараргардонии камбудиҳо нест, онҳо мисли «тири аз камон ҷаста» содир мешаванд. Аз ин хотир, дар пешниҳоди барномаҳои мустақим ҷалби ҳайати кории ботаҷриба зарур аст, то дар ҳолати зарурӣ яке тавонад камбудии дигареро рӯйпӯш созад».
Парвина коргардони филмҳои кӯтоҳу тарбиявии «Духтари деҳқон», «Асири дуд» мебошад. Дар кор серталаб аст. Мекӯшад ба боварӣ сазовор бошад. Мавсуф оиладор, соҳиби ду писарчаи дӯстрӯст. Орзу дорад, ки дар оянда фарзандон касби модарро омӯхта, дар маърифатбахшии ҷомеа саҳми шоиста гузоранд.
Тобон Сафарова,
омӯзгор