Дар муҳити оилавие чашм ба олами ҳастӣ кушодаву ба воя расидааст, ки қаламу коғаз, асбобу анҷоми садову наворбардорӣ, дару девори пур аз китобу авроқи бешумори шеъру таронаҳо ва бойгонии сабтҳои нодир муҳимтарин арзиш ва ҳам сарвату дороии ин хонавода ба ҳисоб мерафт. Афсонаи беназир пеш аз нишастан паси мизи синфи якум ровии барномаи «Олами кӯдакон»-и телевизиони мустақили Қӯрғонтеппаро таҷриба намудааст.
-Ҳолиё он лаҳзаҳоро ба ёд оварда, таҳсин ба модарам мегӯям, ки чӣ гуна аз як тифли якраву шӯхшанги 5 - 6 - сола ровии барномаи кӯдаконаеро омода месохт, ки дар муддати кӯтоҳе бо табъи орому лаҳни ширин тамошобинони бешумор пайдо намуда буд, - табассум бар лаб аз овони кӯдакиҳояш қисса мекунад Афсона. - Он давра бинобар муҳайё набудани компютер ва дигар технологияи пешрафта сабту танзими барномаҳо дар ширкати телевизион ва радиои мустақили ТВ - Қӯрғонтеппа мушкилиҳои зиёде ба бор меовард. Ҳатто боридани борон, ки лаҳзаи дӯстдоштании ман аст, сабаби ба таъхир уфтодани сабт ва ба эфир набаромадани барномаи «Олами кӯдакон» мегардид. Дар он ҳама мушкилиҳо ва лаҳзаҳои изтиробангези овони кӯдакиам модар таскинбахшу ҳидоятгарам буд ва бо мурури солҳо ӯро на танҳо офарандаву тарбиятгар, балки як дӯсти ниҳоят самимӣ ва дугонаи роҳнамову идеали худ дар ҷодаи журналистӣ медонам. Дар арсаи сиёсат бошад, чун дигар духтарону бонувони имрӯзаи тоҷик идеали ман Раҳмон Озода Эмомалӣ мебошанд.
Амирзода Афсонаи Умар аз ҷавонони номбардори шаҳри Бохтар аст, ки бо дониши аълову фаъолияти густурдаи ҷамъиятӣ, саҳми фаъол дар ташкилу баргузории маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ - сиёсӣ дар маркази вилояти Хатлон ва ҳамчун ровии барномаҳои ҷадиди телевизионии вилоятии «ТВ - Хатлон мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намуда истодааст. Тӯли чанд соли охир бо андешаву пешниҳодҳои созандааш дар ҷаласаву чорабиниҳои илмӣ-сиёсӣ ва хусусан бо суханронии пурмуҳтавояш дар вохӯрӣ бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон насли ҷавони даврони навинро гули сари сабад гаштааст.
Овони таҳсил дар синфҳои болоии МТМУ №12 шаҳри Бохтар муддате аз телевизион канор рафт, аммо намои тозааш ба симати ровии барномаҳои фарҳангии саҳнаҳои бузургу сертамошобини сатҳи шаҳру вилоят аз зуҳури ситораи дурахшоне дарак медод. Афсона бо садои ҳамнавои шаршараҳо дилнишинаш дар қалбҳои мухлисони каломи бадеъ маъво гирифтааст. Салиқаи фавқулодаи суханвариаш, ки ба гумони ғолиб аз рӯҳияи озодандешиву озодманишии фарзанддухти журналисташ номдори Хатлон Умари Камолу Сурайёи Самизода маншаъ мегирад, ба зудӣ миёни шунавандагон ва ҳам коргардонҳои барномаҳои фарҳангӣ маҳбубият касб кард, ки минбаъд барои иштирок дар озмуну маҳфилҳои санъати суханварӣ даъваташ мекарданд.
- Тазоди зиндагӣ буд, ки ҳангоми хатми мактаб қиблагоҳӣ бо чанд сухани пандомезаш андешаи маро дар мавриди интихоби пешаи ояндаам тағйир дод. Ғайри интизори пайвандон яку якбора барои идомаи таҳсил дар риштаи ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ омодагӣ гирифтам, - изҳор дошт Афсонаи Умар. - Панди падар ҳамеша дар зеҳни ман бедор аст: «Бо ин ҳама шароитҳои фароҳамнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, бояд беҳтарини беҳтаринҳои бонувони кишварамон бо гомҳои дар арсаи сиёсат устуворашон, Тоҷикистонро чун намоди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ муаррифӣ намоянд».
- Ҳамин сон, маслиҳати падарро ба дида бардоштам ва ба факултаи сиёсат ва идоракунии давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шудам. Азм дорам то донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда, таҳсилро дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳам. Муҳити созандаву имкониятҳои барои рушду такмили илму маҳорати занону духтарон фароҳамнамудаи роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонони имрӯза ҳисси боварӣ мебахшад, ки дар Тоҷикистони озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд амалӣ намудани ҳамаи орзуҳоямон имконпазир аст. Итминон дорам, ки дар баробари фаъолияти ояндаи сиёсӣ ба сифати як ҳуқуқшиноси ҳирфаӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои иҷтимоии сокинони кишвар саҳм бигирам.
Бо ҳама ҷаҳду талошҳои нишонраси Афсона дар ҷодаҳои илму ҳунаромӯзӣ, иқдому ташаббускориҳои наҷибаш дар чорабиниҳои сиёсӣ ва иштироки фаъолонааш дар чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ - фароғатӣ ва конфронсу симпозиумҳои сатҳи гуногун, зодманд орзу дорад, ки дар баробари гомҳои устувор дар ҷодаи сиёсат, инчунин дар риштаи илм низ муваффақ гардад.
Сарфи назар аз маҳдудиятҳои оламгири асри навин имсол барои Амирзода Афсонаи Умар соли бобарор омад. Дар радифи даҳҳо рӯзу лаҳзаҳои хотирмони баҳори 19 - умини зиндагӣ вай ҳамчун ҷавонтарин вакил дар Анҷумани ХIV ғайринавбатии ҲХДТ ширкат варзида, зимни суханрониаш дар хусуси пешбарии номзади арзандаи халқ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоси беҳади ҷавонони кишварро оид ба дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати ояндасози ҷавонон баён намуд.
Боиси сарбаландии кулли сокинони вилояти Хатлон аст, ки аз миёни 1,5 ҳазор вакили ҷаласаи фавқуззикр дар баробари 16 нафар аъзои Президиуми ҲХДТ намояндаи насли ҷадиди Тоҷикистон Амирзода Афсонаи Умар низ ҳузур дошт…
Ҷ. усмон,
шаҳри Бохтар