05

Июн, 2025
Панҷшанбе

05

Июн, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУЕ БО АЗМИ УСТУВОР

 

Ба гоҳи бархӯрд бо нотавонбинон ё пешорӯ шудан ба мушкилу монеаҳои сунъӣ насиҳати зодмандонро ба хотир меорад: «Дар ҷомеае, ки дар партави сиёсати давлатдориаш шахсиятҳое мисли Озода Раҳмон, Хайриннисо Юсуфӣ, Низорамо Зарифова, Бозгул Додхудоева, Махфират Хидирзода ва даҳҳо сарварбонувони озодманишро парвардааст, ноҳаќќӣ нисбат ба зан ё паст задани шаъну эътибори ононро дида, хомӯширо ихтиёр намудан гуноҳ аст».

Ӯ, ки аз пайроҳаи мактаби миёна то хатми донишгоҳ дар муборизаву ҳаќталошиҳо ба хотири илму касбомӯзӣ пухта расида буд, ба баъзе мушкилиҳои печидаву нофаҳмиҳо дар фаъолиятҳои минбаъдааш чандон эътибор намедиҳад. Вале дар ин дидору гуфтугӯи чандлаҳзаина, гиря мизбони ду чашмони нурафзунаш буд.

27- Дар ҳаќиќат «зан аз санг сахту аз барги гул нозуктар аст». Аз ин рӯ, дар ќиболи зулму зӯровариҳо ашки зан аслиҳаву сипараш хомӯшист. Валекин, ба ҳини дифоъ аз шаъну шарафи хеш ҳарфи зан оташи сӯзон, гиря­аш вусъати тӯфон дорад, - аз воќеаҳои азсаргузаштаи хеш ќисса мекунад Фароғат. – Тазоди зиндагист, ки баъзан мардони раќобатнопазир монеи пешрафту муваффаќияти бонуе гардида, боз ҳам иддае аз онон таҳаммули суҳбати мантиќии занро надоранд.

Фароғат Назарова дар шаҳри Левакант дар хонадони Шариф – коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падар, ки ќариб ним аср бо заҳмати боркашонӣ дар корхонаи Нуриҳои азотии Вахш рӯзгори хонаводаро пеш бурдааст, фарзандонро ба меҳнати содиќонаву дарёфти ризќу рӯзии ҳалол ҳидоят мекард.

Гарчанде ки бародари бузург барои идомаи таҳсилоти олии хоҳарон зид буд, аз миёни 6 нафар фарзанди остони падар танҳо Фароғати ба азмаш устувор, пеши таъкиду аќидаҳои ќолабии атрофиён сар нафаровард. Ҳатто замони хавфи ба кӯча баромадани духтарон паси сар нашуда, аллакай раҳ сӯи дабистон гирифта буд. Талошу кӯшишҳои умедбахши духтари хонавода ормонҳои дар дил нуҳуфтаи модарро аз нав бедор кард, ки Маърифатхола дар айни 50 - солагӣ ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, инак 15 сол аст, ки ба таълиму тарбияи насли наврас банд аст.

- Орзуи мисли Мунира Ҳакимова ва Мусаллама Мухторова ровии машҳуру маҳбуби халќ шудан буд, ки баъди панҷ соли хатми мактаби миёна ба шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав дохил шудам, - ба ёд меорад Фароғат. – Аз соли аввали донишҷӯӣ маро бо исми модарам ном мебурданд, ки дар курси 4-уми донишгоҳ таҳсил дошта, бо тахаллуси Махфии Сарбандӣ шеър мегуфт. Бо амри таќдир аз факултаи филология тариќи гузариш таҳсилро дар факултаи таърих ва ҳуќуќ идома дода, соли 2010 соҳиби ихтисоси омӯзгор - ҳуќуќшинос шудам.

28Ҳидояти пирони раҳнамо буд, ки ба хотири табиати нозуку эҳсосӣ буданам, аз пешниҳоди кор дар маќомоти ҳифзи ҳуќуќ худдорӣ намоям, - хандида иќрор меояд Фароғат. – Фаъолиятро аз вазифаи ҳуҷҷатгузории шуъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоии нафаќаи шаҳри Левакант оғоз бахшида, аз соли 2012 мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант таъйин шудам. Маъракаҳои сиёсии интихоботи президентӣ ва интихоботи парлумонӣ барои кадрҳои ҷавони ҳизбҳои сиёсии кишвар, донишу таҷрибаи судманд бахшид, ки минбаъд фаъолияти хешро дар самти таҳкими ҳамкориҳои самарабахш ба сокинон, ҷалби ќишрҳои гуногуни ҷомеа ба ташаббусҳои бунёдкорию созандагӣ ва дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаллу фасл намудани мушкилиҳои иҷтимоии аҳолӣ беҳтару хубтар гардонем.

Фароғат Назарова аз моҳи майи соли 2017 муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант интихоб шуд. Дар ҷалби ризокорони ҷавон дар кори расондани кумакҳо ба ниёзмандон, миёни сокинон, ба хусус ҷавонони шаҳр, обрӯманд гаштааст. Дар ин росто даври дуюм аст, ки вакили Маҷлиси вакилони халќи шаҳри Левакант интихоб мегардад.

- Ҳадиси шукрона ба лаб, ӯ аз ҳама ҳаводиси неку нохуби зиндагӣ ҳикмати ибратомӯзе дарёфта, рӯзгори пурмоҷарои нухбагони миллатро пеши рӯ меорад, ки чӣ гуна бо сабру шикебоӣ ба ҳадафу ормонҳои миллии худ расидаанд. Мансабҳои роҳбарӣ садоќату самимият, сабру фидокориҳои беназир ва гузашту бардоштҳои бузургро металабад, ки бидуни ин зарфиятҳо дар ҷодаи сиёсат муваффаќ шудан имконнопазир аст,- андешамандона иброз медорад Фароғат Назарова. – Шиори мо, дастпарварони даврони соҳибистиќлолии Тоҷикистон, корномаи ќаҳрамононаи фарзанди фарзонаи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо фаҳму идроки орифонаашон миллату давлати моро аз вартаи нестӣ ба авҷи шуҳрати сатҳи ҷаҳонӣ расондаанд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

шаҳри Левакант

:.  Ҷавонон 10.11.2020 12:02 1002

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz