Айёми мактабхонї Фарзона тариќи барномаи «Алоќањои глобалї ва мубодилаи барномањо» ба Амрико сафар намуду барои омўзиши технологияњои нав муддати 40 рўз аз чанд иёлоти ин кишвар дидан кард. Гардишгарї дар ширкатњои машњури «Гугл», «Водии силикон» ва љамъияти «Њилоли ањмар» сањфаи тозаеро рўяш боз карду аз тарзу усулњои корбарї ва технологияњои навин иттилои муфид ба даст овард.
Соли 2008 дар олимпиадаи мактаббачагон дар шаҳри Москва аз фанни забони русӣ ҷойи сеюм ва соли 2009 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.
Аз овони хурдсолӣ Фарзона ба либоси низомии падар бо шавқ дида дӯхта, ба ситораҳои рахшони рӯи китфаш зеҳн мемонд. Дар дил орзуи низомӣ шуданро мепарварид. Аммо наздиконаш исрор менамуданд, ки Фарзона бояд ояндаи худро бо мақомоти судӣ пайванд диҳад. «Агар ман судя шавам, гунаҳкоронро ҷазо ва бегуноҳонро раҳо хоҳам кард», - гӯён хушнудӣ менамуд духтарак.
Баъди хатми мактаби миёнаи № 10 шаҳри Исфара бо медали тилло соли 2009 Фарзона Ғафурзода тариқи Квотаи президентӣ ба шуъбаи рӯзонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуду онро бо дипломи сурх поён бурд. Ҳамон сол ӯро дар тақсимоти давлатии кадрҳо ҳамчун мутахассиси ҷавон ба Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ фиристоданд.
Фаъолиятии касбии хешро Фарзонабону соли 2016 дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ҳайси мушовир оғоз кард. Баъди як сол аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, баҳои баландро сазовор гашту пристави суди ноҳия таъйин гардид. Ҳамзамон, солҳои 2016 - 2019 ғоибона дар Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия бо ихтисоси идоракунии давлатӣ таҳсил намуд.
Пас аз чанде барои идомаи фаъолият ба Суди Олии кишвар даъват гардид. Инак, чаҳор сол аст, ки Фарзона ба ҳайси сармутахассиси бахши иттилооти ин ниҳод заҳмат мекашад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ӯ инъикос намудани фаъолияти мақомоти судии кишвар, ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, сари вақт омода намудани вокунишҳо ба маводи судии баҳсбарангези нашрияҳо, тақвият бахшидани фаъолияти сомонаи Суди Олӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сомонаҳои судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат аст, ки теъдоди онҳо 31 адад мебошад. Ҳамчунин, дар сабти барномаи судии «Мурофиа», ки аз ҷониби бахши мазкур роҳандозӣ мегардад, Фарзона низ саҳм дорад.
- Барои судя шудан мебояд, ки тайи се сол фаъолияти касбиро доро бошӣ. Соли оянда озмуни интихоби судяҳо доир мешавад. Дар сурати пирӯзӣ як сол ба ҳайси коромӯз фаъолият бурдан зарур аст. Танҳо баъди гузаштани ин марҳила довталабро ба вазифаи судя таъйин менамоянд. Агарчи иҷрои вазифаи мазкур душвор асту масъулияти бузург, дониши фарох ва сифатҳои неки инсониро дар худ доштан зарур аст. Мекӯшам, ки ба ҳамаи талабот ҷавобгӯ бошам, - иброз дошт Фарзона.
Фориғ аз кор рӯи китобҳо сар фурӯ меандозад ва масоили ҳуқуқӣ, парвандаҳо ва дигар иттилои тозаи соҳавиро мутолиа менамояд. Худомӯзиро дар ин самт маҳаки асосии пирӯзӣ дониста, саводнокӣ, поквиҷдонӣ, боинсофӣ ва адолатхоҳиро барои судя сифатҳои аслӣ медонад, ки бидуни онҳо ба ин шуғл даст задан нашояд.
Фарзонабону барои беҳтар намудани сатҳи забондонӣ, бахусус забони англисӣ кӯшиш ба харҷ дода, дарсҳои иловагӣ меомӯзад. Адабиёти касбиро ба ин забон мутолиа мекунад.
- Мо дар замони технологияҳои навин ба сар мебарем, ки забономӯзиро саҳл сохтааст. Зистгоҳи хешро тарк нагуфта, ба осонӣ дилхоҳ забонро дар муддати 6 - 12 моҳ омӯхтан мумкин аст. Онлайн - мактабҳои зиёдеро метавон аз интернет пайдо кард, ки ҳам тариқи ройгон ва ҳам бо музд ба хоҳишмандон забонҳои гуногун меомӯзонанд. Тибқи омори ҷаҳонӣ нафароне, ки забони бештар медонанд, дастмузди хешро то 1,7 фоиз боло бурдаанд, - афзуд ӯ.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми соли 2018 зикр намуда буданд: «Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем».
Бо дарки моҳияти ин гуфтаҳо Фарзона дар ин самт гомҳои устувор ниҳода, мекӯшад, ки ба ҷомеа суд оварда, ҳамзамон, дар масоили оиладорӣ низ ҳамсари меҳрубону модари ғамхори ду ҷигарбандаш бошад.
С. Шарифӣ