05

Июн, 2025
Панҷшанбе

05

Июн, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САБАДБОФ

 

555-Ҳарчанд имсол намоишу чорабиниҳо хело кам баргузор шуд, вале муштариён моро суроғ карда, сабадҳои моро харидорӣ менамоянд,-мегӯяд Дилноза Латифова

         Дилноза 16 сол дораду дар МТМУ №10-и ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат таълим мегирад. Ӯ донандаи хуби забони англисӣ ва русӣ буда, ҳамчун ҳунарманди чирадаст миёни ҳамсинфону ҳамдеҳагон ном баровардааст. Дилноза ин ҳунарро аз бобо омӯхтааст ва чанд намуди бофтани сабадро метавонад. Сабадҳои бофтаи ӯ аз дарахти зарбед пояи гандум ва лигустра аст. Амаки Боймуҳаммад Содиқов барои дастрасии доимии маҳсулот дар гиру атрофии заминҳои хоҷаги деҳқониаш  чунин дарахтонро парвариш намудааст.

         -Аслан вақти сабадбофӣ фасли тирамоҳ аст, дар ин айём навдаҳо таёр мешаванд ва сабад мустаҳкам меояд. Аз навдаи зарбед мо ду намуди сабад мебофем. Яке бо пӯст, дигари бе пӯст. Дар навъи дуюм навдаҳоро тар намуда, муддати 3 соат меҷӯшонем ва аз пӯсташ тоза мекунем. Сабаде, ки аз пояи гандум сохта мешавад нисбатан душвортар асту заҳмати зиёдро металабад. Пас аз пухта расидани гандум мо пояҳоро ҷамъоварӣ мекунем.  Ва дар замони барои худамон мувофиқ онҳоро тар намуда, сабад месозем,-иброз медорад навраси сабадбоф.

         Дилноза ин ҳунарро ҳамчун шуғли дӯстдошта писандидааст. Бо иқрои худаш  вай пас аз дарсҳо ҳатман сӯи коргоҳи сабадбофӣ мешитобад ва аз натиҷаи кораш қаноатманд мегардад. Ба қавли Дилноза вай дар як рӯз аз уҳдаи бофтани се сабад аз навдаи зарбед ва дар ду рӯз аз уҳдаи бофтани як сабад аз пояи гандум мебарояд. Сабадҳои бофтааш вобаста ба ҳаҷму заҳмат нархгузорӣ шудааст, ки аз 25 сомонӣ то 100 сомонӣ муқаррар мешавад.

         Дилноза дар тамоми намоишҳои ҳунармандии шаҳри Ваҳдат ширкати намудааст. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе низ борҳо даъватии ин ё он маъракаҳои ҳунарӣ будааст.

         -Дар баробари ҳамватанонамон, хориҷиён бо завқ сабадҳоро  аз назар мегузаронанду харидорӣ мекунанд. Соли гузашта дар намоиши ҳунармандон бонуе аз Полша иштирок дошт ва бо як тааҷҷуб ба сабадҳои бофтаи мо менигарист ман як сабади бофтаамро ба ӯ дароз намуда, бо забони англисӣ гуфтам, ки гиред ин ҳадяи ман бар шумост. Бовар мекунед вай чунон хурсанд шуд, ки қариб як соат сипос гуфту аз корам таъриф мекард. Беҳуда нагуфтаанх, ки «ҳунарманд ҳарҷо бувад сарфароз» , - ба табассуми хоси худаш мегӯяд Дилнозабону.

         Дилноза Латифова дар оянда мехоҳад муаллимаи забони англисӣ шаваду ба наврасони зодгоҳаш ин забони коргузории давлатҳои мутараққиро омӯзад. Ҳамчунин ҳунари сабадбофиро идома дода, ба нафарони хоҳишманд омӯзониданист.

                                                         Фарзона Восеева
:.  Ҷавонон 24.09.2020 11:31 1022

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz