Насли истиқлол
Ҷавонони эҷодкор аз имкониятҳои фаровони давраи соҳибистиқлолии кишвар бархӯрдоранд. Дар ин давра як зумра ҷавонони лаёқатманде камол ёфтаанд, ки на танҳо бо донишу ҳунар, балки бо кору пайкор, амалҳои неку созанда ва ҷасорату матонати хеш миёни ҳамсолон фарқ мекунанд.
Динора Ҷабборзода - духтараки ситорагарми резапайкар аз зумраи ин ҷавонон аст. Чеҳраи ширину назаррабои ӯ барои аксар ошност. Ҳанӯз соли 2019 дар таҷлили Рӯзи дониш дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фасоҳат сухан ронда буд. Ин рӯзи хотирмонро Динора ба некӣ ёд меорад.
Аз овони мактабхонӣ дар МТМУ № 1 шаҳри Душанбе дар чорабиниҳои мактабӣ, ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ ширкати фаъолона меварзид. Ҳанӯз айёми оғози таҳсил дар синфи 1 иштирокчии фаъоли маҳфилҳои «Ғунчаҳои боғи дониш» ва «Шукуфаҳо» буд.
Соли 2016 бо мутолиаи 165 китоби бадеӣ дар озмуни шаҳрии «Китобхони беҳтарин» дар пойтахт сазовори ҷойи дувум гардид. Соли 2017 дар озмуни «Хонандаи сол» ҷойи аввалро соҳиб гашт. Дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Санъати сухан» ва «Иншои беҳтарин» низ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуд.
Соли 2017 ба ҳайси волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохт. Ҳанӯз хонандаи мактаб буд, ки роҳбарии маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкорро бар зиммааш гузоштанд. Худ низ шеър эҷод мекарду аввалин шеъраш «Аё, устод» ном дошт. Шоми эҷодиро бо иштироки адибони шинохта доир менамуду навқаламон дар чунин фурсати муносиб аз машварату маслиҳати онҳо баҳравар мегардиданд.
Ҳамакнун ӯро барои ширкат дар чорабиниҳои байналмилалӣ даъват менамуданд. Соли 2017 бо як гурӯҳ ҷавонони фаъоли кишвар дар форуми байналмилалии «Кӯдакони Осиё» дар Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзид. Динора бо ҳайати гурӯҳ дар тамоми номинатсияҳо фаъолона иштирок намуда, сазовори мақоми аввал ва диплому ифтихорнома гашт.
Пас аз хатми мактаби миёна сафарҳои Динора ба хориҷи кишвар бештар гардид. Соли 2019 бо дастгирии кумита ба Форуми байналмилалии «Камарбанд» ба Чин сафар намуд, ки дар он намояндагони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва СММ низ ширкат доштанд. Динора бо ҳайати гурӯҳ дар муаррифии расму оин ва анъанаҳои ниёгон аз уҳдаи ҳамаи номинатсияҳо ба хубӣ баромад.
- Хушбахтона, миёни 15 давлати дунё мо дар номинатсияи «Дастоварди беҳтарин» рақси ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистонро ба намоиш гузоштем ва ғолибият ба даст овардем, - мегӯяд Динора.
Соли 2019 дар якҷоягӣ бо аъзои маҳфили адибони ҷавони кумита иштирокчии фаъоли озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон, Ватани азизи ман» буд. Дар даврҳои ноҳиявию шаҳрии озмун Динора ҷойи аввал ва дар даври ҷумҳуриявӣ зинаи сеюмро аз рӯи номинатсияи «Ровигӣ» касб намуд. Алҳол бо мақсади тарғиби китобхонӣ ва озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҳамкорӣ бо Телевизиони «Сафина» маҳфили адибони ҷавонро роҳандозӣ намудааст, ки ҳафтае як маротиба баргузор шуда, то анҷоми сол дар он достонҳои калонҳаҷм ва қиссаву ривоятҳо қироат мешаванд.
Ӯ донишҷӯи соли сеюми факултаи идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (зинаи фосилавии таҳсил) буда, ҳамчунин, ба ҳайси мутахассиси раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе фаъолият дорад.
Ҷавонон ва иқтисод
Қаҳрамони дигари мо низ парвардаи замони соҳибистиқлолӣ аст, сарфи назар аз ҷавонӣ яке аз тоҷирони муваффақ маҳсуб меёбад.
Аъзам Аҳруллоев пас аз хатми мактаби миёна аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе омада, факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро поён бурд. Аз замони донишҷӯӣ ҳамкориро бо ВАО васеъ ба роҳ монд.
Барандаи якчанд шоу - барномаҳои телевизионӣ буд. Баъдан дар Агентии иттилоотии «Азия плюс» ба кор омад ва маводи ҷолибу хонданибоб таҳия менамуд. Ҳамеша дар фикри таъсис додани тиҷорати хеш буд. Наворҳои видеоиро бобати рушди тиҷорат тамошо мекард. Ба хулосаи дақиқ омада наметавонист, ки ба кадом навъи тиҷорат шуғл варзад. Рӯзе навореро вобаста ба омода сохтани пойафзол тамошо карда, сари ин навъи тиҷорат андеша намуд.
Рӯзи дигар аз бозор барои таҳияи як ҷуфт пойафзол маҳсулоти зарурӣ харид. Пас аз чанд рӯз бо мушкили зиёде он ҷуфти пойафзолро, ки ба андозаи пойи худ омода кард, ки навъи пойафзолҳои «Лофер» маҳсуб меёфт. Баъд аз ин, ба хулосае омад, ки дар ин кор заҳмати дастаҷамъӣ мебояд.
- Ба хулосае омадам, ки ҳамкориро бо коргоҳи истеҳсоли пойафзол ба роҳ монам. Нишонии чанде аз онҳоро аз вилояти Суғд дарёфт намудам. Хушбахтона, дар ин самт маро дастгирӣ намуданд. Пойафзолҳоро бо бренди «Аъзам» (Azam) бо шаклу тарҳи замонавӣ ба онҳо фармоиш медодам. Пас аз анҷоми кор ва ё нисфирӯзӣ пойафзолро ба манзили фармоишгар мерасондам, ки дар аввал ин амал ройгон сурат мегирифт, - қисса оғоз кард Аъзам.
Соли 2016 рӯзноманигор ба тиҷорат рӯ овард. Аввалин пойафзоли омодашударо яке аз ҳамкоронаш бо арзиши 295 сомонӣ харид. Аъзам ба фармоишгар 250 сомонӣ дода, аз он 45 сомонӣ суд ба даст овард. Пойафзолҳо сифати хубу чарми тоза, ки доштанд, харидорони зиёде пайдо намуданд. Оҳиста – оҳиста фармоиши онлайниро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монд.
Барои баланд бардоштани дониши иқтисодиаш ба мактаби соҳибкорони ҷавон пайваст. Дар машғулиятҳои омӯзишии онҳо ширкат варзида, нозукиҳои ин соҳаро аз худ намуд. Китобҳои соҳибкорони муваффақи ҷаҳонро мутолиа кард.
Аз тасмими таъсис додани коргоҳи пойафзолбарорӣ аз аҳли оила маслиҳат пурсид. Вале волидон, бахусус бобояш зидди азми ӯ гаштанд. Дар синни ҷавонӣ ба нокомӣ дучор шудани ӯро меандешиданд. Аммо Аъзам аз саъйи хеш барнагашт. Ниҳоят, бобо азми ҷиддии набераро дида, барои таъсис додани коргоҳи истеҳсолӣ ба ӯ ёрӣ расонд.
Дар шаҳри Душанбе коргоҳи истеҳсолии пойафзолбарориро бо бренди «Аъзам» таъсис доданд. Дастгоҳу лавозимоти заруриро аз хориҷи кишвар дастрас намуда, чанд нафарро ба кор хонданд. Ҳамин тавр, ба тиҷорати мустақил оғоз бахшид. Аввалҳо қисми мушкилтари дӯхти пойафзолҳоро худаш анҷом медод. Қабули фармоиш ва фурӯши маҳсулот низ ба зиммаи худи ӯ буд. Дар назди коргоҳ мағозаи фурӯши пойафзол таъсис дод.
Агарчи дар оғоз танҳо пойафзоли мардона фармоиш медод, пас аз таъсиси коргоҳи хеш пурра ба истеҳсоли пойафзолҳои занона пардохт. Дар масъалаи дастрас намудани маҳсулоти хом аз Украина бо мушкилиҳо дучор шуд.
- Дар аввал тавассути Россия аз Украина маҳсулоти хомро меовардем. Баъдан дар ин самт мушкилӣ пеш омаду пайдо кардани маҳсулоти хом душвор гардид. Тасмим гирифтем, ки пурра ба истеҳсоли пойафзоли мардона гузарем. Чун барои ин навъи пойафзолҳо маҳсулотро аз Ӯзбекистону Россия дастрас намудан осон буд. Аммо ният дорам, ки соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзолҳои занонаро дубора ба роҳ монам, - мегӯяд ин ҷавони кордон.
Алҳол дар коргоҳи истеҳсолии «Аъзам» 20 корманд дар як шабонарӯз 15 - 20 ҷуфт пойафзоли дастӣ истеҳсол менамоянд. Ба гуфти Аъзам Аҳруллоев яке аз роҳҳои муваффақ гардидани онҳо низ ба таври дастӣ таҳия кардани пойафзолҳо мебошад, ки харидорони зиёд дорад. Дар баробари фурӯши маҳсулот тариқи интернет дар шаҳри Хуҷанд мағозаи фурӯши пойафзолро кушоданд.
Ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷи мамлакат харидорони пойафзолҳои «Аъзам» зиёданд. Бештар аз Қазоқистону Россия фармоиш қабул намуда, дар Амрико низ мизоҷон дорад. Ба ин давлатҳо ӯ тариқи ширкатҳои интиқолдиҳандаи молу коло, ки ҳамкориро ба роҳ мондааст, маҳсулоти омодашударо мефиристад. Тасмим дорад, ки дар Қазоқистону Россия низ тиҷорати худро ба роҳ монад.
Ҳоло дар коргоҳ 150 навъи маҳсулот истеҳсол мешавад, ки 80 дарсади онҳоро пойафзолҳо ташкил медиҳанд. 60 фоиз пойафзоли мардона ва 20 фоиз пойафзоли занона мебошанд. Ҳамёну ҷузвдон, камарбанд ва дигар маҳсулот низ истеҳсол менамоянду харидорони зиёд доранд.
Дар оянда ният дорад, ки пойафзолҳои ҳушмандро истеҳсол намояд, ки аз худ неру содир намоянд. Яъне, бо насб намудани таҷҳизоти барқдиҳанда соҳиби пойафзол имкон пайдо менамояд, ки ҳатто телефони худро тариқи пойафзол неру бидиҳад. Мехоҳад бозори ҷаҳониро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин созад.
Бунафша РАҲМОНОВА