Алифбои Мавӌуда
Мавӌуда Қосимзода духтари 10 - уми марҳум Бобо Қосимов ва холаи Салимаи 83 сола, яке аз оилаҳои намунавӣ ва шинохтаи ноҳияи Варзоб мебошад, ки 24 – уми октябри соли 1978 дар шаҳрчаи Такоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи № 47 шомили шуъбаи ғоибонаи факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоӌикистон гардида, ҳамзамон фаъолияташро дар Агентии омори ӌумҳурӣ ба ҳайси иқтисодчӣ оғоз бахшидааст. Нозукиҳои компютерро аз бар карду баъд аз се сол ба мақомоти судӣ ба кор гузашт. Ба ҳайси котиби маӌлиси судӣ ба фаъолият пардохт. Ҳамзамон, факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ - ро хатм намуду маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифт. Дар Суди Олӣ аз соли 2008 то 2009 ба ҳайси коромӯз – судя ифои вазифа намуд. Соли 2009 ба вазифаи судяи суди шаҳри Турсунзода таъйин гардид ва муддати 6 сол дар ин ниҳод фаъолият бурд. Аз соли 2015 ба сифати судяи суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ифои вазифа дорад.
Рӯзгору таӌрибаи тахассусии ин бону шабеҳи алифбо моломоли ҳарфҳои зарурист, ки онро надонӣ як калимае, иборае ва ё ӌумлаеро наметавон хонд. Алифбои Мавӌуда барои ҳар нафар, ки гомҳои устувор ба сӯи муваффақият ниҳоданист, омӯзанда аст. Итминон дорем, ки аз ин алифбо ҳар нафар ба худ сабақе хоҳад дарёфт.
Азм
Азми ҳамешагӣ дар зиндагӣ бароям зиёд ёрӣ расонд. Барои амалишавии орзуҳоям талош варзидаму комёб шудам. Бо дили поку нияти нек гавҳари мақсудро ба даст овардан осон аст. Ба фарзандонам низ пайваста ба таъкид мегӯям, вақте азматон устувор аст, пас қадам бизанед, то муроди дил ҳосил намоед.
Боварӣ
Қадами устувори дигар боварист. Агар ба неруву истеъдоди худ бовар надошта бошӣ, нобарориҳо думболгир хоҳанд шуд. Инсон дорои иқтидори бузург аст, ки тарсуӣ ва нобоварӣ онро пинҳон медоранд. Дар пешаи мо боварӣ ба худ нақши калидӣ мебозад. Нафаре, ки бо тасодуфе ӌиноят содир намудаву аз карда пушаймон аст, бовар намудану аз дили ӯ огаҳ шудан, раванди корро метезонад. Ҳамаро ӌинояткор донистан нашояд.
Вақт
Ҳар дақиқаро мебояд самаранок истифода бурд. Барои кор, тарбияи фарзанд ва истироҳату тафреҳ мебоист вақти муайяне ӌудо намуд. Аз синни 18 ба фаъолияти хизмати давлатӣ шурӯъ намудам. Гӯё вақтро аз меъёр зиёд истифода кардаам. Бо серкорӣ ҳатто барои истироҳат вақт намеёфтам. Аз нисф зиёди рӯзҳои рухсатиамро низ сари кор сарф намудам. Вале бо дидани самари заҳматҳои шабонарӯзӣ ҳамаро фаромӯш месозам.
Гиреҳ
Аксар вақт дар зиндагӣ мушкилоти мо ӌое гиреҳ мехӯрад, ки дар кушоданаш дармемонем. Танҳо қонун ягона гиреҳкушои мушкилӣ дар олами ӌиноят аст. Хушбахтона, ҳама муносибатҳое, ки дар ӌамъият ӌой доранд, бо қонунҳои амалкунанда ба танзим дароварда мешаванд.
Дард
Яке аз мушкилиҳои асосӣ, ки мавзӯи доғ аст, пошхӯрии зиёди оилаҳо ва тифлакони сарсону саргардон аст.
Вақте бонуе бо дард аз рӯзгори сангини хеш қисса менамояд, вуӌудамро гӯё дарди шадид мепечад. Таҳаммул ба он гарон аст.
Ислоҳ
Мутаассифона, ҳанӯз ҳам сатҳи содир намудани ӌиноят миёни бонувон баланд аст. Ӌиноятҳои гуногун бештар миёни бонувони ӌавон содир мегарданд. Тарбия аз овони кӯдакӣ бояд дуруст сурат гирад. Хишти зербино, ки каӌ гузошта шуд, бора ҳам каӌ меояд. Дар аксар маврид ононе даст ба ӌиноят мезананд, ки нозпарварди хонадонанду ба қавле «эрка» бузург шудаанд.
Қоида
Рафтору гуфтори нек ва таълиму тарбияи намунавӣ барои ҳар шахс бояд мисли қоида бошад. Шахси ҳушмандро кам раҳ ба хато мебарад. Аз ҳуқуқҳои худ бохабар будан, гиреҳкушои бисёр мушкилиҳост ва зиндагиро низ хушӣ мебахшад.
Оила
Оила пойдевори зиндагист, ки онро зану мард бунёд менамоянд. Бидуни меҳру муҳаббат ва ҳусни тафоҳум хонавода наметавонад устувор бимонад. Издивоӌи аз рӯи ҳавову ҳавас поянда нест. Мафҳуми оила фаротар аз зиндагии якӌояи марду зан аст, ки дӯст доштану самимӣ будан мебояд. Ба камбуди рӯзгор гоҳе мебояд чашм пӯшид. Бонуи хонадон шавҳарро роҳбари оила ва худро ёвари ӯ бояд донад.
Рисолат
Рисолати аввалиндараӌаам модар будан аст ва баъдан вазифаи қасбӣ. Дар фаъолияти меҳнатиам ҳимояи бонувонро рисолати азалӣ ва модарии хеш медонам. Дар муносибатҳои оилавӣ онҳоро пуштибонӣ менамоям. Дар аввал мекӯшам, то оилаашон пош нахӯрад. Вақте кор аз кор гузашт, талош меварзам, то барои фарзандонашон маблағи алимент сари вақт ситонида шавад.
Хайр
Амалҳои хайру савоб дар ботини кӯдакон меҳрубонӣ, раҳмдилӣ ва дилсӯзӣ мепарвараду аз корҳои беҳуда ва роҳи бад бозмедорад. Ҳини сайругашт бо дидани маъюбе ва муҳтоӌе ба кӯдаконам як миқдор маблағ медиҳам, то ба онҳо расонанду ба ин тариқ хайр карданро омӯзанд.
Ҳолат
Тамоми парвандаҳо, сарфи назар аз муҳтавояшон дар хотирам нақш бастаанд. Чанде аз онҳоро ба ёд дорам. Се сол қабл аз беэҳтиётии ронандае ду мактабхони аъзои як хонавода ба ҳалокат расид. Дар рафти мурофиаи судӣ волидони кӯдакон ашкҳои пурсӯз мерехтанд, ки бо дидани ин манзара сангинтарин қалб реш мегардид. Оби дидагонам беист мешорид. Ҳарчанд кӯшиши фурӯ нишондани эҳсосоти хеш мекардам, бенатиӌа. Дарди онҳо мисле ки дарди ман буд. Дидам, ки намешавад, танаффус эълон кардам ва баъди ба худ омадан мурофиаро идома додам.
Ӌазо
Ӌазо шахси ӌиноят содир намударо ислоҳ месозад, агар шахс баору номус бошад. Вале онеро, ки барояш озодиву маҳбас якесту дар зиндагӣ муқаддасоте надорад, ӌазо наметавонад ӯро дигаргун созад.
Шафқат
Дар рафти мурофиаҳои судӣ мекӯшам, ки нафари ӌиноят содир намуда худро озод эҳсос намояд. Бо суҳбати самимӣ метавон ба мақсад ноил гашт. Аз усулҳои равоншиносӣ истифода карда, маълумотро метавон зуд ба даст овард. Яъне бо муносибати хуб айбдоршаванда асли воқеаро ифшо менамояд. Набояд ба иззати нафси онҳо расид…
шаҳдрез