03

Июн, 2025
Сешанбе

03

Июн, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҒОЛИБИ ОЗМУН

Аҷаб шаҳри 

 дилороӣ, Душанбе!

(Руӌӯе ба пойтахти диёри азиз)

 

 

         --8Нигоштаи ғолиби озмуни
         «Фурӯғи субҳи доноӣ...»

    Душанбе, эй шаҳри зебо ва дилорои ман. Туро дӯст медорам ва мепарастам! На ба он хотир, ки зодгоҳам ҳастию бароям азизӣ ва дар домони ту ба дунё омадаам ва ҳақ дорам, ки туро аз ҳама чизи дунё бештар дӯст дорам. На, ин кам аст.

    Бале, ту зодгоҳам ҳастӣ, аммо ин муҳаббату дӯстдориам чизи дигар аст. Аз он ки ту дили кишвари бузурги ман, Тоӌикистони азиз ҳастӣ, ту набзи тан ва қиёми ӌони ӯӣ. Хун дар тани Тоӌикистон аз ту дар гардиш асту ӌон дар бадани ӯ аз ту дар тапиш. Пас, ту ӌони Тоӌикистони озоду обод ва соҳибистиқлолӣ!

    Тоӌикистоне, ки бароям бузургтарин сарват, муқаддастарин неъмат ва азизтарин дороист. Ин сарзамин ёдгориест аз ниёгони бузургу ғурурманд, ки ба орият дар даст дорем ва чун гавҳараки чашм ҳифзаш менамоему чун ӌон дӯсташ медорем. Оне, ки имрӯз сарварияшро фарзонафарзанди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад!

    Душанбе, эй шаҳри зебо ва дилорои ман. Имрӯз азм дорам, ки таронаи бузургиятро бисароям, қасидаи зебоиятро бихонам ва авсофи туро бигӯям. Аз шукӯҳу шаҳомат ва азамату ҳашаматат қисса кунам…

   Вале ҳайронам, ки аз кадоме ин зебоиҳои ту қисса бипардозам. Аз боғҳои биҳиштосоят? Аз кӯчаю хиёбонҳои сарсабзу ба гул оғуштаат? Аз растаю чаманистонҳои мушкбезат? Аз биноҳои навсохту осмонбӯсат? Аз обу чашмаҳоят? Аз чӣ оғоз ва ба чӣ анӌом диҳам, то тавонам заррае ин зебоиҳоро ифшо созам ва дилам ором бигирад.

    Аммо зебоиҳои ту беинтиҳо, бешумор ва беохиранд, Душанбеи азиз. Имрӯз дар дунё шаҳри дигаре зеботару сарсабзтар ва шукуфонтар нест. Шаҳре, ки ба ҳар гӯшааш менигарӣ, чаманистонҳову боғҳо, гулгаштҳоро мебинӣ, ки ҳама гулбезанду мушкбезанд. Гулгашту хиёбонҳои ту ӌаннати ҳақиқӣ дар рӯи заминанд. «Боғи Ирам» - ат нусхае аз ҳамон Боғи Ирами ӌаннатулмаъвост.

    Душанбе, эй шаҳри зебо ва дилорои ман! Ту қадамӌои бузургони олами ирфонӣ. Мебинам, ки ҳама дӯстону бузургонатро аз нав ба наздат хондаӣ ва ба номашон боғу гулгашту хиёбонҳо оростаӣ. Исмоили Сомонии соҳибтоӌро ба тахташ нишондаӣ. Барои Рӯдакию Буалӣ Сино, Фирдавсию Саъдӣ, Ҳофизу Хайём ва Абдураҳмони Ӌомӣ боз минбарҳо додаӣ. Барои Айнию Турсунзода ва Бобоӌон Ғафур, ки номи тоӌиконро маъруфи олам кардаанд, оғӯш боз намудӣ! Аз онҳое, ки бароят ӌонфидоӣ кардаанд, ёд меорӣ. Аз        Шириншоҳи Шоҳтемуру аз Нусратулло Махсум ва аз даҳҳо бузургони дигар.

    Душанбе, эй шаҳри зебо ва дилорои ман! Вақте ки дар кӯчаву хиёбонҳо ва растаю гулгаштҳоят қадам мезанам, аз бӯи гулу гиёҳ, аз ҳавои атрогин ва насими фаввораҳоят нафас мекашам, маст мешавам. Мисли гулҳоят мешукуфам, мехурӯшам ва танин меандозам!

    Душанбе, эй шаҳри зебо ва дилорои ман! Мефахрам, ки чунин шаҳру чунин Ватан дорам ва як сокини ин кишвари сарбаафлок ва ин шаҳри дилоро ҳастам. Ҳуқуқ дорам, ки дар чунин мамлакате биҳиштосо ба сар барам, аз зебоиҳо баҳра бардорам!

Шукрона ХӮӋАМҚУЛОВА

 

 

:.  Ҷавонон 11.06.2020 10:07 1181

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz