03

Июн, 2025
Сешанбе

03

Июн, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҶАВОНОНИ САОДАТМАНД

 

Bonu 04_2020__IMG_7699_0

Зебосанами соли 2019

Суњбати љаззобаш шунавандаро љалб месохт. Ором, озод ва самимї андеша меронд, ки гуфтї ѓаввоси жарфнои бањрест бо номи сењри калом. Ў њамагї 18 сол дорад, аммо новобаста ба љавонї, дунёи зебои зоњиру ботинро дар тимсоли хеш нишон дода, дар дилу дидањо маъво гирифтааст. Бо њусни зебои тољикона, гесувони дарози љодувона ва чашмони оњувонааш дар дањгонаи зебосанамони соли 2019 маќом ёфт.

Мунира Бањромзодаро дар зодгоњаш, ноњияи Бобољон Ѓафуров, бо њунари баланди суханпардозї, дониши хуб ва зебоиву дилрабоияш мардум мешиносанду эњтиромашро ќоиланд. Дар телевизиони «Диёр»-и вилояти Суѓд шуѓл меварзад.

Айёми тањсил дар чораби­нињои мактабиву ноњиявї фаъолона ширкат варзида, бо ќироати шеър, малакаи суханронї ва ширинбаёнї табъи њозиронро болида ва мањфилро рангин месохт. Омўзгорону хонандагони МТМУ № 14, ки Мунира тањсилдидаи он аст, аз вай бо ифтихор ҳарф мезананд.

Китоб

Мунира иштирокчии фаъоли озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної…» дар номинатсияи «Аз ёд кардани ашъори адибони классик» буд. Дар даври ноњиявии озмун сазовори љойи якум гардиду ба даври вилоятї роњ ёфт.

- Аслан китобро на барои озмунњо, балки бањри ѓанї гардондани љањони маънавии хеш мутолиа менамоям. Маќсад аз ширкат дар озмуни «Фурўѓи субњи доної…» санљидани савияи дониш ва мањорати суханварии хеш буд. Баъди мутолиаи 5 - 6 китоб дафтаре месозаму дар он ќайдњои худро мегузорам. Суханони бикр, ривоятњои аљиб, панду андарз ва маќолњоро гирд оварда, аз бар менамоям. Волидон барои мо - чор фарзанди хурду навраси хонадон китобњои афсонаву њикояњои халќи тољикро меоварданд, то мутолиа намоем. Ѓайр аз ин, њар шаб афсонаи наверо модар ќисса мекард.

Агар нафаре соат, тангањои гуногун ва чизи дигаре гирдоварї намояд, ањли хонаводаи онњо њар кадоме алоњида китоб љамъ меоварад. Китоби дўстдоштаи Мунира аз адибони тољику форс «Марворидњои бесадаф» аст, ки барояш манбаи илњом асту нерубахши дилу дида.

Озмун

Мунира иштирокчии озмуни љумњуриявии «Чакомаи гесу» буда, то даври љумњуриявї ширкат варзид. Дар вилоят аз рўйи сабќати мўйбофии бонувон сазовори љойи аввал гардиду 2 њазор сомонї мукофот гирифт.

Иштирок дар озмуни љумњуриявии «Зебосанам - 2019» барояш ѓайричашмдошт буд. Бо дастуру њидояти омўзгори мактаб ва њам волидон рў ба ин озмун овард. Ният дошт, ки танњо то даври сеюм ширкат варзад. Бовар надошт, ки ў ѓолиби озмун мешавад, зеро раќибонаш Мадина Назарова ва Сабрина Зуњурова миёни мардум чењрањои шинохта буданду мебоист ғолибият насиби эшон мегардид.

Њангоме ки аз њаёти пасипардагии њар иштирокчии озмун гузориш тањия гардид, мухлисон симои Мунираи хоксору фурўтан, соњибмаърифат, њунарманд, кордон ва хонандаи пешќадами мактабро диданд. Њунари адрасбофї, дўзандагї, дурмабофияш њамаро мафтун сохт. Ин буд, ки Мунираи азизи хонадон якбора азизи ќалбњои аксари тамошогарон гардид ва тариќи смс – паёмакњо холњои зиёдеро ба даст овард. Ба ин тариќ, дар миёни дањгонаи бењтарини даври нињоии озмуни «Зебосанам - 2019» ў зебосанами сол ва «Зебосанами гесудароз» пазируфта шуд.

- Зебосанам њамонест, ки аслан дорои ботини зебо бошад. Шахсан ороишоти зиёдро намеписандам ва љонибдори њусни табииям. Њама он духтароне, ки ба дањгонаи бењтарин шомил буданд, њама зебосанам, њама ѓолибанд, - мегўяд Мунира.

Дар ҳошияи мавзӯъ:

Аввалин зебосанами љањон

Аввалин озмуни «Зебосанами љањон» соли 1951 дар шањри Лондон доир шуд, ки дар он аз 26 кишвари дунё духтарони зебову сарвболо барои ба даст овардани ин унвон талош варзиданд. Духтари 22-солае аз Шветсия бо номи Кикки Хоканссон ѓолиби озмун дониста шуда, соњиби љоиза, гарданбанди ќиматбањо ва маблаѓ ба миќдори њазор фунт гардида буд.

Озмунњои зебої дар Тољикистон дар замони соњибистиќлолї бо номи «Мисс Душанбе-2008» ва «Мисс Ариана-2009» гузаронда шуданд. Иштирокчиёни озмунњои мазкур асосан донишљўдухтарони пойтахт буданд. Њоло дар чунин озмунњо духтарон аз тамоми гўшањои кишвар ширкат меварзанд.

Озмуни љумњуриявии «Зебосанам-2019», ки Мунира ѓолиби он гардид, аз љониби ширкати ватании «Тољик Кристалл» бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон бахшида ба Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї (2019–2021) роњандозї гардид. Дар ин озмун 800 нафар духтар дар кастинг ширкат варзид, 60 нафар ба даври нињої роњ ёфт. Баъдан 20 довталаб боќї монд.

Мунира орзуи њуќуќшинос шуданро дорад. Имрўзњо ба омўхтани забонњои хориљї шуѓл меварзад ва мехоњад маблаѓи шоњљоизаро, ки аз озмуни «Зебосанам -2019» ба даст овардааст, барои таъмири мактаби зодгоњ ва хариди китобњои бадеї масраф намояд.

Ф. ШАЪБОН

 

:.  Ҷавонон 19.04.2020 11:36 1152

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz