Бо арзи сипосу шукргузорї вуруди бањори нав гардида, чун анъанаи нек оѓози онро бо љашни пуршукўњи модарон истиќбол мегирем. Идворае, ки дар зењнияти мардуми баиќболи тољик чун нурњои зарњалини хуршеди бањорї нарму гарм маќом гирифтаасту бо ёди он оѓўши пурмењри модар ва табассуми фариштасонаш пеши назарњо меояд.
Солгарди ёздањум аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ин љашн аз иди занон ба Рўзи Модар бадал гардид ва алораѓми аќидањои иртиљоии нафарони худхоњ унвоне гирифт, ки дигар касе натавонист санги маломат ба сўи мо њаво бидињад. Зеро бо тинати ќудсиаш модар, ки рисолати офаридгориро бар дўш дорад, лоиќ аст, ки соле як маротиба љашни хешро дошта бошад. Сазовор аст, ки дар ин рўз дар маркази таваљљуњи фарзандону пайвандон бошад, паёмњои табрикотї бишнавад, аз дидори фарзандон сер гардад ва дарк созад, ки њастии ў дар дунё бењуда набудааст ва рисолати модарии хешро тавонистааст бо сарбаландї сомон бидињад. Дарк созад, ки машаќќатњои солњо барои некуањволии фарзандон кашида, шабњои бедорхобї ва мењру муњаббаташро фарзандон аз хотирњошон назудудаанд, балки пос доштаанду ба он арљ мегузоранд.
Модар сазовор аст, ки дар ин рўз чењрањои фарзандонро офтобї бубинад, садои гўшнавозашонро бишнавад, бо дастони шахшўли кордидааш рўю мўйи љигарбандонашро сила намуда, садоќату вафодориро дар замирашон љой дињад.
Феълан, агар ба таърихи куњани тољик назар афканем, мардони ориёї њанўз се њазор сол муќаддам барои ба љо овардани эњтироми зан-модар љашни хоссае доштаанд, ки нобиѓаи љањоншумули тољику форс Абурайњони Берунї дар ин бора гуфтааст: «Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин аст ва низ ба занњои дурусткору хайрхоњ ваколатдор аст. Ва дар замони гузашта ин моњ ба василаи ин рўз иди занон будааст. Ва ин расм њанўз дар Исфањону Рай ва дигар кишварњои Пањла боќї мондааст. Ва онро ба форсї «муждагирон» мегўянд». Ин љашн дар моњи сеюми зимистон, ки Исфанд ном дошт, баргузор мегардид ва дар таќвими баъзе халќњои ориёї ба охири моњи феврал ва аввали март рост меомад. Яъне таќрибан мутобиќ ба њамин рўзњое, ки алњол Рўзи Модарро љашн мегирем.
Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон, ки ба таърихи бузурги миллат ва фарњангу таомули он арљ мегузоранд, бо назардошти ин љанбаъњои таърихи ниёкон онро аз нав эњё намуда, Рўзи Модар унвон доданд, то анъанаи бостонии халќи тољик бо асолат ва муњтавои азалияш таљлил гардад.
Пас аз таљлили Рўзи Модар Наврўзи хуљастапай бо ќабои сабзи хусравонї ва азамати њайбатбарангез ба Ватани хеш, Тољикистони азиз ва дигар кишварњои њавзаи Наврўз ќадам менињад ва ба ќалбњои пиру барно нишоту сурур меорад.
Дар сарчашмањои бостонї аз муќаддасоти Наврўзи Аљам басо нуктањои љолиб ва хотирмон дарљ ёфтаанд, ки Каюмарс – нахустин подшоњи башарият дар ин рўз аз модар зода шуд. Њушанг – подшоњи Пешдодї дар ин рўзи нек по ба арсаи вуљуд нињод. Тањмурас дар њамин рўзи фархунда девњои одамхорро банд андохт. Фаридун дар Наврўз кишвари пањновари Эронро миёни фарзандонаш – Салм, Тўр ва Эраљ ќисмат кард. Кайхусрави покдин дар ин айёми махмалпўш аз модар зода шуд.
Наврўз, ки муродифи вожаи ишќ аст, ќаробати бонувон ба он афзун аст. Орифони Шарќ занонро сунбули Наврўзу нишот хондаанд ва гуфтаанд, ки дар бузургдошти оини наврўзї беш аз њама бонувон дар тараддуд буда, сањми амиќтаре мегузоранд. Дар силсилаву љашнворањои расмиву мардумии Тољикистон Рўзи Модар ва Наврўз бо њам печиши ногусастание доранд. Љашни Наврўзро бидуни «Маликаи бањор» ва «Подшањи хубон» наметавон тасаввур кард. Гузашта аз ў, маъракањои фарњангию моддии марбут ба Наврўзро бонувони овозхон ва арѓуштравони хушхиром шукўњу шањомати хосса мебахшанд. Ва њам хони љашниро бо суманаку њафтсину њафтшин, оши буридаву палав, ќурутобу шакароб ва дигар анвои ѓизої мањз бонувон тањия сохта, оро медињанд. Бад-ин далел метавон гуфт, ки Наврўз идомаи мантиќии љашни модарон аст.
Бо омаданаш Наврўз аршу фаршро ба љилва меорад, сокинони сарзамини Наврўзро водор месозад, ки на танњо љомањои куњан аз тан бадар бикунанд, балки ботини хешро низ аз њама кинаву кудурат тозагї бибахшанд, аз чашмањои мусаффои мењру муњаббат ќалбу рўњи хешро об дињанд ва бо чењрањои рахшонтар аз Хуршед якдигарро ба оѓўш гиранд.
Висоли бањори тозарўй, љашни модарони дилљўй ва Наврўзи Аљамро бароятон шодбош мегўем, њамватанони азиз!
Шоњона Одиназода