Дар қалби Италия
Зоњиран ин тољикдухтари оромтабиати сарвболову фатиламўй, ки дар як ширкати Италия фаъолият менамояд, бо завќи баланди либоспўшї аз духтарони љануби ин кишвар њељ фарќе надорад.
Ў зодаи шањри Душанбе буда, дар оилаи зиёї камол ёфтааст. Овони наврасї дар дил орзуи роњбалад шуданро мепарварид, то сайри љањон карда, аз оламу одам бохабар гардад. Ваќти тањсил дар синфи 9 баногањ дар дилаш њаваси иќтисодчї шудан пайдо шуд. Касби холааш – менељерї барояш аљиб намуд. Аз ин рў, соли 2008 ба факултаи менељменти иќтисодии Донишгоњи технологии Тољикистон дохил шуда, онро бо дипломи сурх поён бурд.
Пас аз хатми донишгоњ Малика Назриева фаъолиятро дар чанде аз мењмонхонањои панљситорадори шањри Душанбе, дар самти маркетинг ва фурўш оѓоз бахшид. Думболи љустуљўи муштариён маъракањои таблиѓотї ва суњбату вохўрињоро бо шарикони кор баргузор менамуд. Дар зудтарин фурсат комёбї ёраш шуд. Вале бо ин иктифо накарда, мехост дониши худро дар хориљи кишвар сайќал дода, таљрибаи бештар андўзад.
Зањматњои паёпай
Њанўз аз замони донишљўї аз барномањои илмомўзии донишгоњњои мухталифи хориљ дидан мекард. Ба чанде аз онњо њуљљатњои худро мефиристод, аммо бенатиља. Зиёд мехост, ки донишљўи Донишгоњи Болонияи Италия шавад. Њуљљатњояшро, агарчи такрор равон мекард, посухе намегирифт. Бори панљум, соли 2015 бахташ тофт.
Имтињони байналмилалї оид ба донистани забони англисиро муваффаќона супурд. Ба шуъбаи магистратураи факултаи сайёњї, иќтисод ва менељменти донишгоњи мазкури шањри Римин шомил гардид. Ин муваффаќият туњфаи бењтарине дар зодрўзаш буд. 31 августи њамон сол ба шањри Римини Италия парвоз намуд. Донишгоњи Болония аз куњантарин ва машњуртарин донишгоњњои Аврупо ба шумор рафта, онро шахсиятњои машњур, ба монанди астроном Николай Коперник, математик Тсипион дел Ферро ва шоир Улрих фон Гуттен хатм намудаанд.
Донистани забони англисї ва донишу таљрибаи андўхтааш тањсилро барои ў осон гардонд, ки дар ин самт ў аз устодони Литсейи Оѓохон ва Донишгоњи технологии Тољикистон миннатдор буд, ки бањраш замина фароњам оварданд. Малика, њамзамон, ба омўзиши забони итолиёвї камар барбаст. Бо менељерњои ширкатњои шинохтаи љањонї ошної пайдо намуду аз онњо нозукињои соњаро омўхт.
Аз Олмон то Италия
Ин донишгоњ барои таљрибаомўзї донишљўёнро ба кишварњои хориљ сафарбар менамояд. Таљрибаомўзии Малика ба кишвари Олмон рост омад. Тайи чанд муддат ў дар ширкатњои машњури ин давлат, аз љумла «World Hotels» таљриба андўхт. Дар зудтарин фурсат дар шањри Франкфурт кори мувофиќ низ пайдо кард. Ў ба њайси машваратчї дар самти мењмонхонањо барои сайёњон фаъолияташро оѓоз намуд. Пас аз як сол барои њимояи кори дипломї ба Италия баргашт. Баробари њимоя ба ў пешнињоди амалї намудани лоињае карданд, ки метавонист таљрибаи худро амалї карда, барои роњ ёфтани корхона ба бозори љањонї ёрї расонад. Соњиби љойи кор дар яке аз корхонањои консалтингї низ гардид.
Маликаро дар ширкати консалтингии «Westhouse Group» (Вестњаус Груп), дар оѓоз ба сифати мутахассиси хурд вобаста ба рушди тиљорат пазируфтанд. Дар кўтоњтарин муњлат тавонист, ки даромади корхонаро дучанд намояд ва ба вазифаи менељери байналмилалї таъйин гардад. Инак, ду сол аст, ки дар ин самт ифои вазифа менамояд.
Лоињањои бузурги мизољонро роњбарї намуда, бањри амалї гардидан номзадњои арзанда пайдо месозаду вориди лоиња менамояд. Њамчунин, љараёни амалишавии лоињаро низ тањти назорати хеш ќарор медињад. Бо сафарњои корї пайваста ба шањрњои Милан, Рим, Турин ва дигар шањрњои ин кишвар рў оварда, дар конфронсњои байналмилалї ширкат меварзад ва таљрибаи хешро ѓанї мегардонад.
Малика бо забонњои русї, англисї ва итолиёвї озод њарф мезанад. Алњол забонњои фаронсавию олмонї низ меомўзад. Фарњангу оини тољиконро дар чорабинињо зиёд муаррифї намуда, палави тољикиро ба итолиёвиён муаррифӣ кардааст. Ба ќавли Малика, итолиёвињо мањсулоти ватании хеш, аз љумла хўрокњои миллиашонро дар мадди аввал мегузоранд. Њамеша мањсулотеро мехаранд, ки истењсоли ватанист ва бо ин ифтихор њам доранд.
Малика низ тавонист исбот созад, ки хўроки итолиёвии ризотто њамон оши палави тољикист. Вале тољикон онро аз онњо дида лазизтар мепазанд. Дар рўзњои иду љашнворањои тољикї Малика палав пухта, љамъи дўстони гуногунмиллаташро сари хони тољикї мехонад.
Ин духтараки љавону кордон њамоно талош меварзад, то таљрибаи андўхтаи хешро дар Тољикистон низ роњандозї намояд. Самти сайёњии экологиро дар Ватан таќвият бахшиданист. Ба андешаи ў, дар ин самт, пеш аз њама, мебояд инфрасохтори наќлиётиро бењтар намуд, то сайёњони хориљї тавонанд ба минтаќањои дурдасти кўњистон бо наќлиёт сафар намоянд. Њамчунин, дар дењот ва мавзеъњои сайёњї хостелњо бештар гарданду сомонаи махсусе рўи кор ояд, то сайёњони хориљї тавонанд дар хостелњо ва ё хонањои иљоравии мардум, ки барои сайёњон омода гардидаанд, маълумот ба даст оранд. Сайёњон низ ба ин васила дилхоњ макони хешро пайдо созанду аз шароити будубош васеъ бањравар гарданд. Ошхонањои сарироњї дар кўњу пуштањо зиёд шуда, ба ќоидањои санитарї љавобгў бошанд, ки аз ин њам љойи кор барои мардуми мањаллї таъмин ва даромади хуб ба буљети кишвар ворид хоњад шуд.
Воќеан њам, соњаи сайёњии кишвар дар њоли рушд ќарор дошта, бо бењтару хубтар гардидани нуктањои зикргардида, умед мебандем, ки дар зудтарин фурсат Тољикистон низ монанди дигар мамлакатњои муваффаќ ба кишвари сайёњї табдил ёбад. Барои ривољу равнаќи соња, кадрњои болаёќату кордон заруранд. Ба он эътимод мебандем, ки Малика, ин духтараки љавону пуртаљриба лоињањои бузурги хешро дар Тољикистони азиз роњандозї намуда, дар пешрафти соњаи сайёњии мамлакат сањми шоистаи хешро мегузорад. Њамчунин, умед бар он мебандем, ки барои пойдору устувор гардидани њамкории судманди ду кишвар дар самти сайёњї наќши бориз хоњад гузошт.
Бунафша раҳмонова