Ҳар сол 23 феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Дар арафаи ин ҷашни пурифтихор тасмим гирифтем, то бо ҳаёти родмардону сипаҳсолорони Ватан, аз қисмҳои ҳарбии дар наздикии пойтахт ҷойгиршуда, ки дар ҳимояи оромию осоиштагии марзу буми сарзамини аҷдодӣ қарор доранд ва хизмати Ватан – Модарро сарбаландона адо менамоянд, ошноӣ дошта бошем.
Қурбонхон Исозода аз хурдсолӣ, ки ба солҳои ҷанги тањмилии шаҳрвандӣ рост меояд, ёд меорад. Ҳамон лаҳзаи бо сарулибоси низомӣ аз чархбол фаромадани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои сулҳу оштӣ ба кишвари Афғонистон рафта буд, дар саҳфаи хотираи кӯдакиаш то имрӯз нақш бастааст. Ӯ ин наворро аз оинаи нилгун тамошо намуд ва эҳсоси дар оянда низомӣ будан дар вуҷудаш пайдо гардид.
- Дарку эҳсоси ватандорӣ аз огаҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи миллат маншаъ мегирад. Як лаҳзаи таърихии соли 1994 боиси ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил шуданам гардид ва то имрӯз дар хидмати халқу Ватан қарор дорам, - иброз медорад майор Ќурбонхон Исозода.
Мавсуф алҳол ба ҳайси муовини сардори оркестри нафасии полки комендантии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ оид ба самти тарбия фаъолият менамояд. Ба иқрори ӯ, таълиму тарбия асоси кори ҳарбӣ аст. Бахусус, бо омадани наваскарон, ки ҳанӯз бо муҳит ошно нестанд, бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ роҷеъ ба ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба марзу буми сарзамин гузаронда мешавад. Дар лаҳзаҳои фориғ сарбозон ба мусобиқаҳои варзишӣ ҷалб мегарданд ё дар китобхона машғули китобхонӣ мешаванд.
Соли 2006, вақте ки Қурбонхон Исозода ба кори ҳарбӣ пайваст, дар қисмҳои ҳарбӣ шароит барои сарбозон чандон мувофиқ набуд. Соатҳо интизори нони нонпазхонаҳо шуда, билохира ҳатто нонҳои нимпухтаро меоварданд. Айни замон, ҳар як қисми ҳарбӣ дорои нонпазхона буда, таъминот бо хӯрок хуб ба роҳ монда шудааст. Волидон ҳам изҳори розигӣ менамоянд, ки бо фарзандони хеш тез-тез дар тамос ҳастанд ва сарбоз имкон дорад, ба дидорбинии аҳли хонаводааш биравад. Ҳамчунин, дар рафти адои хизмати ҳарбӣ ба сарбозон имкони оила барпо намудан ва дар маҳали зисти худ давом додани хизмати ҳарбӣ дода шудааст.
Оркестри нафасии полки комендантии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иштирокчии тамоми чорабиниҳои сиёсии давлатӣ буда, маҳз бо ширкати сарбозону афсарони комендатураи мазкур оҳангҳои кишварони гуногун дар назди намояндаҳояшон садо медиҳад. Сарбози қаторӣ Зокирзода Лоиқ 1 солу 6 моҳ аст, ки дар оркестр адои хизмат мекунад. Ӯ донишҷӯи соли дуюми бахши ғоибонаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад ва ҳар сол барои таҳсил 20 рӯз дар рухсатӣ таҳсилро идома медиҳад. Лоиқ аз шароитҳои мавҷудаи комендатураи ҳарбӣ мегӯяд:
- Барои сарбозон ҳама шароит муҳайёст ва қадри ғамхориҳои давлату Њукуматро бояд донем. Ҳар соати рӯзи мо дар ин ҷо самаранок мегузарад. Машқи ҳарбӣ менамоем ва мутахассисони варзидаи соҳаи мусиқӣ омада, ба мо оҳангҳои кишварҳои дигарро меомӯзонанд. Ростӣ, баъди адои хизмати сарбозӣ, мехоҳам хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон чун афсар идома диҳам.
Таъмини ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва расондани ёрии аввалияи тиббӣ яке аз рисолатҳои асосии Хадамоти тиббии комендатураи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ мебошад. Ҳафтае ду маротиба сарбозон аз муоинаи кормандони тиббии хадамот баҳравар мегарданд. Сарбози қаторӣ Умед Музаффаров 1 солу 4 моҳ боз дар аскарист. Ӯ бо дарди гурда дар шуъбаи лазерити хадамот бистарӣ шудааст ва аз муносибати кормандони тиббӣ ва шароити нигоҳдошт қаноатманд аст.
Бахтиёр Буйдаќов, лейтенанти калони хидмати тиббӣ, сардори Хадамоти тиббии комендатураи ҳарбӣ, мегӯяд, ки дар шуъбаи лазерит асосан сарбозону афсарон бо бемориҳои зуком ва баъди гузарондани ҷарроҳӣ бистарӣ мешаванд.
- Баъдан, ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна зӯроварӣ, ки имрӯз дар байни мардум дар бораи лату кӯби сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ ҳарфҳои зиёд аст, дар амбулаторияи комендатура сарбозонро муоина менамоем. Ва, хушбахтона, чанд соле, ки ин ҷо фаъолият дорам, чунин ҳодиса рух надодааст, - мегӯяд мавсуф.
Баъдан аз шароити хӯрду хӯроки сарбозон аз қисми ҳарбии «Н» дидан намудем. Чанд нафар сарбоз баъди хӯроки нисфирӯзӣ ошхонаро ба тартиб медаровард. Косаю табақчаҳои ҷамъшударо мешустанд, мизу курсиҳоро пок менамуданд…
Прапоршик Заррина Хостикоева, сардори ошхонаи қисми ҳарбии мазкур, мегӯяд, ки сарбозон се вақт бо хӯрокҳои гарми серғизо ва сабзавот таъмин мебошанд. Номгӯи таомҳои сарбозон шавла бо макарон, бо биринҷ, бо марҷумак ва шӯрбои иборат аз донагиҳо мебошад. Асосан маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагии ёрирасони вазорат дастрас мегардад.
Китобхонӣ шуғли сарбозон аст, ки фориғ аз машқҳои ҳарбӣ ва дарсҳо ба он мепайванданд. Садбарг Қурбонова, китобдори қисми ҳарбӣ, мегӯяд, ки айни ҳол дар китобхона 6 ҳазору 530 китоб маҳфуз аст ва беш аз 200 сарбоз аз он истифода. Аз ин теъдод ҳамагӣ 300 нусха китоб бо забони тоҷикӣ буда, боқимонда бо забони русист.
- Сарбозон бештар номгӯи китобҳоро бо забони модариашон мехоҳанд, мутолиа намоянд. Хусусан, таваҷҷуҳашон ба ҳикояву қиссаҳои ҷанговарон ва ҳодисаҳои ҷангӣ зиёд аст. Теъдоди аъзои китобхонаро бо чунин номгӯи китобҳо метавон афзун намуд, - мегӯяд бонуи китобдор.
Ба гирду ванаи қисми ҳарбї дар иртибот ба эълон шудани Солњои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо созҳои қадимаи мусиқӣ ва маҳсулоти ҳунармандӣ, ба амсоли кулолӣ, сабадбофӣ ва гаљкорӣ, ки онро худи сарбозон сохтаанд, ҳусни дигареро зам намудааст. Азимҷон Қўзиев ҳунари гаҷкорию сабадбофиро маҳз дар ҳамин макон омӯхт. Роҳбари қисми ҳарбӣ Раҳмоналӣ Каримзода бо ҷалби сарбозон вобаста ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ тасмим гирифт, то боигариҳои табиати зебои Тоҷикистонро дар ҳавлии қисми ҳарбӣ таҷассум намояд. Сарбозон Азимҷон Қўзиев, Шуҳрат Муъминов ва Хусрав Ҳакимов ин амалро иҷро намудаанд. Яке аз гаљ лаклаку товус ва кабку уқоб сохт, дигаре аз чӯб табақу қошуқ тарошид, сеюмӣ доира ва рубобу думбра тайёр намуд.
Ҳангоми хайрухуш бо сарбозон онҳо аз хидмат дар артиш чунин пайк доданд: «Дар маҷаллаатон нависед, ки мо дар қисми ҳарбӣ мисли ёру бародарем. Мард бояд аз овозаҳо наҳаросад. Баъзеҳо мегӯянд, ки ду соли умр дар артиш беҳуда мегузарад. На, дурӯғ аст. Мо ин ҷо дарси мардонагӣ меомӯзем. Ҳифзи Ватан – Модар вазифаи муқаддаси ҳар марди баномус аст!»
АНОҲИТО