03

Июн, 2025
Сешанбе

03

Июн, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МЕРОСБАРОНИ БЕРУНИВУ РОЗӢ

merosbaron

 

    Тибқи тадқиқоте, ки дар Олмон ва ИМА миёни хонандагон гузаронда шуд, аён гашт, ки 90 дарсади мактаббачагон фанҳои физика ва риёзиро куллан хуш надоранд ва омӯзиши онҳоро бағоят мушкил медонанд. Чунин беэътиноӣ ба фанҳои дақиқ миёни бархе аз муҳассилини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад. Хушбахтона, сафи хонандагоне, ки ба фанҳои мазкур шавқи беандоза доранд, кам нестанд. Яке аз беҳтарин муассисаи таълимии ҷумҳурӣ, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар афзалият медиҳад, Литсей  интернати тоҷикӣ - русии «Ҳотам ва П.В.» мебошад, ки дастпарварони он дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ медалу ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд.

Далер Пиров, хонандаи синфи 11 литсейи мазкур, ки ба омӯзиши фанни физика ҷиддан камар бастааст, зиёда аз 1000 формуларо аз бар намуда, дар ҳалли мушкилтарин масъалаҳои фаннӣ дастболосту аз қонуну қавоиди физикӣ баҳравар аст.

Соли 2019 вай дар олимпиадаи байналмилалии Жаутикови Қазоқистон (самти физика) ширкат варзида, соҳиби меда- ли тилло гардид. Ҳамчунин, дар озмоиши шуои лазерӣ олимони соҳаро ба ҳайрат овард: қабл аз дигарон муайян сохт, ки аз нурполои шишагии гуногунранг ранги зард зиёдтар хориҷ мегардад. Дар принтерҳои 3Д офаридани суроби роботҳо, мошинҳо ва киштиҳоро низ меомӯзад. Соли 2019 дар олимпиадаи байналмилалӣ оид ба нанотехнология, ки дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов доир гардид, миёни ҳамсолонаш ҳамчун нанотехнологи беҳтарин дониста шуда, бо дипломи дараҷаи 1 сарфароз гашт. Соли 2018 аз олимпиадаи байналмилалии Авруосиё оид ба барномасозӣ ва худи ҳамон сол дар олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба физика дар Португалия медалҳои нуқраро ба даст овард. Соли 2017 дар олимпиадаи илмии шаҳри Боку соҳиби медали тилло гардид. Ҳамчунин, дар озмунҳои байналмилалӣ дар Ҳиндустон, Индонезия ва Таиланд аз рӯи фанҳои дақиқ мақоми шоёнро ишғол намуд. То синфи 7 ба фанни риёзӣ завқ дошт ва баъдан ба илми физика рӯ овард.

- Фанни физика бароям ҷолибу писандидатар аст, зеро дар олам тамоми чиз аз рӯи қонунҳои физикӣ амал менамояд. Баъди омӯзиши амиқи ин фан ба бисёр суолҳои худ посух ёфтам. Фанни физика бо фанни риёзӣ сахт алоқаманд аст, аз ин рӯ, донистани он низ муҳим мебошад, - мегӯяд ӯ.

Дар оянда ният дорад, ки бо технологияҳои кайҳонӣ кор ги рад. Алҳол, барои дохил шудан ба Институти технологии Масса- чусетси ИМА омодагӣ мебинад.

Дориюш Хайриддинов, хонандаи синфи 8-уми ҳамин литсей интернат, риёзидони хуб аст. Аз хурдсолӣ ба фанни риёзӣ шавқ пайдо намуд. Соли 2018 дар олимпиадаи байналмилалӣ оид ба математика миёни наврасон (1М0) дар Булғористон ширкат варзида, медали биринҷӣ ба даст овард. Соли 2019 дар олимпиадаи байналмилалии риёзӣ ва гуманитарӣ низ сазовори медали биринҷӣ гардид.

- Агар ба ин ё он фан шавқу ҳавас набошад, омӯзиши иҷборӣ самар намеорад. Дар олимпиадаҳои риёзӣ рақамҳои бешумори масъалаҳоро, ки ҳисоб намудани онҳо қариб ки ғайриимкон аст, танҳо бо зиракӣ ҳал мебояд кард. Дувум ин ки, ҳарчанд дониш қавӣ бошад, тарси ба хато роҳ надодан вақтро зоеъ менамояд. Дар ҳама ҳолат ором бояд буд, - мегӯяд Дориюш.

Вақти бештари худро ба омӯзиши фанни риёзӣ бахшида, дар радифи он ба омӯхтани фанҳои физика, химия, информатика ва забони англисӣ камар бастааст. Мегӯяд, ки хонандагон имкон доранд, ки шурӯъ аз тарҳрезии барномаҳо то ба мустақилона сохтани схема ва роботҳо даст зананд. Барои ин роҳбарияти литсей-интернат саъй менамоянд, ки ҳини ҳар сафар ба хориҷи мамлакат асбобу дастгоҳҳои заруриро барои чунин озмоишҳо бихаранд.

Мафтуна Абдуллоева, хонандаи синфи 10, ба омӯзиши фанни информатика ҷиддан камар бастааст. Дар олимпиадаи шаҳрӣ оид ба ин фан ширкат варзида, ба медали тилло ноил гаштааст. Ният дорад, ки дар оянда бар- номасози номӣ гардад. Имрӯзҳо барои иштирок дар олимпиадаи байналмилалии Жаутикови Қазоқистон омодагӣ мебинад. Мегӯяд, ки ҳушу гӯши ҳама дар литсей-интернати мазкур ба таҳсил банд аст. Онҳо дар ин таълимгоҳ аз норасоии адабиёти зарурӣ танқисӣ намекашанд ва ҳар хонанда дар дилхоҳ вақт аз маслиҳату машварати омӯзгорону роҳбарият метавонад баҳравар гардад.

-    Ба мо мутахассисони ботаҷриба дарс мегӯянд. Якеи онҳо Ҷаҳонгир Рустамзода аст, ки факултаи электроникаи кван- тии Институти физикӣ-техникии Москваро бо дипломи сурх хатм намудааст. Гарчанде дар Россия ба ӯ вазифаи хуб бо маоши ба- ланд пешниҳод карда бошанд ҳам, ӯ ба Тоҷикистон баргашта, пешаи омӯзгориро ихтиёр кард, - мегӯяд Мафтуна.

Равшана Муҳаммадиева, хо- нандаи синфи 10, дар литсей ба омӯзиши фанни химия зиёд рағбат дорад. Дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин, дар олимпиадаи байналмилалӣ оид ба химия дар шаҳри Париж ва Олимпиадаи менделеевӣ дар шаҳри Санкт- Петербург сазовори дипломҳо гаштааст. Мехоҳад, ки дар оянда дар ширкатҳои ҷаҳонӣ фаъолият намуда, таҷриба андӯзад.

-        Ӯлмас Ҷумъаев дар Инс- титути Макс Планки Швейтсария ба ҳайси доктори илм фаъолият дорад. Хатмкардаи дигари ин таълимгоҳ Меҳрубон Тӯраев дар ширкати «Сооg1е» ва Муҳаммад Шодиев дар ширкати «Нitachi»-и Ҷопон даст ба коранд. Дар шир кати россиягии «Яндекс» низ сафи ҷавонони тоҷик кам нестанд, - мегӯяд Равшана.

Воқеан, рушду тараққиёт ва ояндаи дурахшони ҳар кишвар аз омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва техникаву технология сахт алоқаманд аст ва ҷавонони тоҷик, ки меросбарони ниёкони хеш, алломаҳои машриқзамин Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ ва дигаронанд, дар ширкатҳои бузурги дунё фаъолият карда, орзу менамоянд, ки дар оянда лоиҳаву ширкатҳои муштараки хориҷиро бо Тоҷикистон таъсис дода, дар самти ҷалби сармоягузорӣ ба мамлакат саҳим бошанд.

Омина ХОҶАЕВА

 

 

:.  Ҷавонон 27.01.2020 11:58 1115

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz