Дар хонаводаи коргари одии як рустои дурдасти ноҳияи Фархор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар овони хурдсолӣ саргарми даву тозу бозиҳои гуногуни кӯдакона ӯро аз дигар ҳамсолони деҳ фарқ карда намешуд. Аммо ҳиҷрати аҳли хонаводаи онҳо ба шаҳри имрӯза Левакант дар зеҳну афкори ин духтараки маламӯй, ки он замон ҳамагӣ 10 сол дошт, таккони ҷиддие бахшид. Зиндагӣ дар муҳити дигар, хӯ намудан бо ҳамсолону ҳамсояҳои нав ва чанд нияту орзуҳои кӯдакона ӯро лаҳзае ором намегузошт. Ба хусус, баъди роҳ ёфтан ба литсейи давлатии шаҳр, ки дар он солҳо таҳсил дар ин гуна муассисаҳои типпи нав на ба ҳама наврасон муяссар мегардид, барояш дунёи навро кушод. Омодагии ҷиддӣ ба дарсҳо, саъю талошҳо ба хотири пешсафӣ дар чорабиниҳои беруназсинфӣ ва ғолибият дар озмунҳои фаннӣ ҳар навраси завқмандро водор менамуд, ки ҳама ҳастии худро ба мутолиаву шуғлҳои муфиди мактабӣ бибахшад.
- Дар он давра чунин буд, ки толибилми литсей дар мавсими таътил ҳам бояд чанд теъдод адабиёти бадеиро мутолиа намояд,- қисса оғоз кард Азиза Имомалиева, - боре дар оғози соли нави хониш муаллимаи фанни забону адабиёти тоҷик оид ба адабиётҳои бадеии дар таътили тобистона мутолиа намудаам пурсон шуд. Он лаҳза ман сукутро ихтиёр кардаму, дар натиҷа аз муаллима танбеҳ гирифта будам. Баъд аз ин ҳодиса назди худ қавл гузоштам, ки дигар лаҳзае вақти холиро беҳуда намегузаронам. Ин буд, ки давоми сол ба унвони яке аз хонандагони китобдӯсти синф ва литсей муаррифӣ шудам.
Маҳз бо шарофати устоди меҳрубону ва сахтгир Сабоҳат Ҷойлоева ба фанҳои забону адабиёти тоҷик меҳру муҳаббати беандоза доштам. Муаллима ончунон завқу истеъдоди моро ба ин фанҳо бедор карда буд, ки барои инъикоси як мавзӯъ даҳҳо саҳифаҳоро пур мекардему дубора ислоҳ, то иншои ҷолибе навишта бошем. Ростӣ, дар он давра муҳити таълим дар мактабҳои типпи нав дигар буду барои мо наврасон таҳсил дар литсей мояи ифтихору сарфарозӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар баробари таҳсилу иштироки фаъол дар маҳфилу чорабиниҳои мактабӣ Азиза ба мутолиаи адабиёти назму насрӣ шавқу рағбати бепоён пайдо карда, вақтҳои фориғ аз мактаб ба сӯи китобхонаҳои оммавӣ мешитофт. Дар марҳилаи хатми литсей ва интихоби касб ӯ аллакай ҳаёти худро бе мутолиаи китоб, эҷоду таронаву қиссаҳои лирикӣ тасаввур карда наметавонист.
– Падарам хоҳиши онро дошт, ки ман дар оянда табиб бошам, барои амалӣ гардидани ин орзуяш бароям ваъдаҳои зиёд дошт,- хандида изҳор дошт мусоҳибам. – Лекин мароми устуворамро дар мавриди пешаи рӯзноманигорӣ дарк намуда, дуои некам карду гуфт: «Агар дар мавқеъ устувор бошӣ, ба чӣ кор қодир буданро собит намо!». Баъди ғолибият дар олмипиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёт бо медали биринҷӣ ба даст овардан, инчунин соҳиби имтиёз барои идомаи таҳсил дар факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардидам, - бо эҳсос мегӯяд Азиза.
Соли 2012 баъди хатми литсейи давлатии шаҳри Левакант ба донишгоҳи мазкур дохил шуда, баъди як соли донишҷӯӣ таҳсилро дар шуъбаи ғоибона идома дод, ҳамзамон фаъолияти меҳнатиашро аз литсейи давлатии №1 шаҳри Левакант оғоз бахшид. Самараи машқи қаламу такопӯи дар корҳои ҷамъиятии таълимгоҳҳои хатмнамудааш кор омаду ӯро ба рӯзномаи «Нури Сарбанд» ба кор даъват намуданд.
Бо эълон гардидани Соли ҷавонон дар ҳаёти фарҳангӣ-сиёсии ҷавонони кишвар, аз ҷумла, кору фаъолияти Азиза Имомалиева низ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваст. Бо таваҷҷуҳ ба дастгирию пешбарии ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарӣ Азиза Имомалиева мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант таъйин шуд.
Аз сӯҳбат бо ӯ маълум мешавад, ки дар лаҳзаҳои шебу нобасомониҳои зиндагӣ навмеду таслимшаванда набудааст. Баръакс, шикасту рехти рӯзгорро баҳонаи аз нав эҳё гардидану дубора дар худ сохтанҳо мешуморад.
Айни ҳол ба ҳайси мутахассиси дастгоҳи Раёсати кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон кору фаъолият дорад. Ҳампешагон бо эътимод изҳор медоранд: «Донишу малакаи фавқуллода ва иродатмандию шавқу рағбати бепоёни Азиза дар корҳои ҷамъиятӣ бозгӯ аз ояндаи дурахшони ӯст».
- Хушбахтона, ҷавонию айёми шубоби умри мо ба даврае рост меояд, ки давлату ҷомеа ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи беандоза дошта, ба хотири пешрафту ташаккули зеҳнии мо шароиту имкониятҳои беҳад зиёдро фароҳам месозанд,- андешамандона иброз медорад Азиза Имомалиева, - агар мо ҷавонони Тоҷикистон аз ҳамин шароиту имкониятҳо истифода бурда натавонем, пас, иллати пешрафт накарданамонро бояд аз сарчашмаи тарбия, яъне муҳиту омилҳои хонаводагӣ ҷустуҷӯ намоем.
Машғулияти дӯстдоштаи ӯ мутолиаи китоб аст, ки гоҳе аз асари расидан ба дарки маънию мазмуни шоҳбайте равиши кору зиндагӣ ва муносибаташро бо атрофиён тағйир менамояд. Ба гоҳи дигар худ саргарми эҷоди таронаву хотираҳои романтикӣ то нимашабон бедорхобӣ дорад. Тавре иқрор аст, мақсад аз умр ба сар бурдан ин ҷаҳду талошу мубориза барои расидан ба ҳадафу орзуҳо, ҳамеша дар ҷустуҷӯҳои эҷодӣ будану навоварие ба амал овардан аст. Азиза шоҳбайти зеринро шиори худ дар зиндагӣ мешуморад:
Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дили шӯъла фурӯ рафтану нагдохтан аст.
Мазҳаби зиндадилон хоби парешоне нест,
Аз ҳамин хоб ҷаҳони дигаре сохтан аст.
Ҷамолиддин Сайфиддин