Гулрухсор, Гулрафтор ва Саида аз хонаводаи соҳибкори муваффақ мебошанд. Падар, ки миёни мардум бо равнақи пеша шинохтаву номвар гашт, шавқу рағбати духтаронаш ба пешаи соҳибкорӣ афзуд. Ҳар яке мехост ба соҳибкорӣ рӯ орад ва чун қиблагоҳи хеш дар ин ҷода обрӯ ёфта, ба садҳо ниёзмандон дасти мадад расонад.
Падар бештар дилбохтагиро ба шуғли соҳибкорӣ дар вуҷуди духтаронаш эҳсос менамуду донишандӯзӣ ва таҳсили онҳоро дар мадди аввал медонист. Эшонро ба омӯзиши илму маърифат ҳидоят намуд. Қавл дод, то аз таҷрибаи хеш дар густариши тиҷорат барояшон усули корбарӣ омӯзонад…
- Тавсияи падарам Авазхон Кабиров буд, ки ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон супурдам. Баъди хатми донишгоҳ бо ташаббуси падар корхонаи дӯзандагии «Дунёи нав» бунёд гашт. Чархондани фаъолияти ин корхонаро ба зиммаи ман ва ду хоҳарам вогузоштанд.
Кобу ёбу гир. Се духтаре, ки камбудиро дар зиндагӣ надидаем. Нон аз ҳунари соҳибкории падар хӯрдаву номвар шуданро аз пушти ин пеша медонистему бас. Аз мушкили кор бехабар будем. Шуғл варзидан дар соҳибкорӣ бароямон хеле осон менамуд, вале оғози кор мушкил афтод, - мегӯяд Гулрафтор.
Ҳадаф аз бунёди чунин коргоҳи муҳташами хуштарҳу замонавӣ, ки аз 8 ошёна иборат аст, бо кор фаро гирифтани корҷӯён буд. Бахусус, бонувони аз таҳсил дур мондаву корҷӯ ва маъюбони ба дастгирӣ ниёзманд, мебоист дар ин макон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд. Ҳунари дӯзандагӣ, ки пешаи писандидаи аксари бонувон аст, бо такя ба ин муассиса тасмим гирифт, то дар ин самт корро ба роҳ монад.
Ду ошёнаи аввали корхона барои ба намоиш гузоштани либосҳои истеҳсолшуда омода гардид. Ошёнаҳои боқимондаи бино ба пуррагӣ барои тайёр намудану омӯзондани бонувон ба корҳои тарроҳиву дӯзандагӣ ва истеҳсоли мол тарҳрезӣ гашт. Дар ҳар ҳуҷраи коргоҳи дӯзандагии «Дунёи нав» то 200 адад мошинаи дарздӯзӣ, ки дар маҷмӯъ 800 ададро ташкил медиҳад, гузошта шуд. Ҳамчунин, муассиси корхона тамоми асбобу анҷом ва технологияҳое, ки барои ба фаъолият пардохтани корхона зарур аст, аз Чин дастрас ва ба коргоҳ ворид намуд.
- Самти асосии фаъолияти коргоҳи мо дӯхтани либосҳои корӣ мебошад. Дар асоси фармоиши корафтодагон аз вазорату идораҳои давлатию хусусии ҷумҳурӣ, барои дилхоҳ кормандони соҳа либос медӯзем. Масалан, барои кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ, Бонки миллии кишвар ва бархе аз ширкатҳои сохтмонии НБО «Роғун» либосҳои корӣ омода намудем. Як давра барои мактаббачагон низ сарулибоси мактабӣ дӯхтем.
Ҳамчунин, бо Агентии шуғли аҳолии ҷумҳурӣ барои ҳунаромӯзии аҳолӣ робитаи зич дорем. Коромӯзон ройгон аз мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар таҷҳизоти кории коргоҳ истифода мебаранд, - иброз медорад роҳбари ҷавон Гулрафтори Авазхон.
Дар давоми се соли фаъолияти корхона Гулрафтор дарк намуд, ки бо чунин равияи кор дар ҷодаи соҳибкорӣ наметавон муваффақ шуд. Чаро? Зеро аз ҷониби корфармоён на ҳар вақт фармоишҳо қабул мешуд, ки ин боиси бекор мондани аҳли ҳунармандон ва чеварони гулдаст буд. Ӯ мегӯяд, ки алҳол беш аз 20 коргар ба шуғли доимӣ ҷалб гардидааст. Яъне, ҳанӯз ҳам ҳадафи аслиашон, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани 1200 нафар корҷӯ аст, амалӣ нагаштааст. Барои расидан ба ҳадаф ҳамкориро бо соҳибкорони муваффақи хориҷӣ, ки ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, бахусус сарулибос машғуланд, ба роҳ монданиянд.
Бонуи навкор аз дидани дарҳои пӯшидаи ҳуҷраҳои корӣ, ки ҳама намуди таҷҳизоти муосирро дорост, гоҳе дилгир мешуд. Вале пас аз мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо аҳли соҳибкорони кишвар доштанд, шуълаи умеде дар қалбаш рӯшан гашт. Неруи тоза аз суханрониҳои пандомезу некбинонаи Роҳбари давлат дар қалбаш мақом ёфт…
Андешаи нав ба сараш омад. Хост аз фаъолияти ҳунарварони Ӯзбекистон дидан кунад. Зеро аз дӯстон оид ба авҷу рушди соҳибкорӣ ва арҷгузории мардуми ин диёр ба маҳсулоти ватании хеш овозаҳои зиёд шунида буд.
- Аксари истеъмолгарону муштариёни бозори кишвар аз арзишу нархи маҳсулоти ватанӣ норозианд. Ин иддаои мардум асосан дар оғози соли нави таҳсили мактаббачагон бештар эҳсос мегардад. Ҳамин нукта водор сохт, то аз фаъолияти соҳибкорони Ӯзбекистон, ки дар истеҳсоли молу маҳсулот муваффақ гашта, дар бозори дохилӣ ва ҳам хориҷӣ мавқеи хос ёфтаанд, дидан намоям. Ба бозору мағозаҳои номдори ин кишвар даромадам ва аз нарху навои молу масолеҳ пурсон шудам. Бештари моли дар фурӯшбуда аслан маҳсулоти истеҳсолнамудаи худи соҳибкорони ӯзбекистонист. Бо чанд нафар аз харидорон суҳбат намудам ва маълум шуд, ки эътимоди мардум ба молу колои истеҳсоли ватаниашон зиёд аст.
Ҳамзамон, бо фаъолияти чандин соҳибкорон аз наздик ошноӣ пайдо кардам.Фаҳмидам, ки сирри пешрафти онҳо дар арзонии ашёи хом ва истеҳсоли он дар дохили кишварашон мебошад. Баъди ин сафар ба хулосае омадам, ки минбаъд ҳамкориро бо сармоягузорон ва соҳибкорони таҷрибаандӯхтаи хориҷӣ густариш диҳам. Бо дастгирии ҳамдигар коргоҳҳои хурди истеҳсол ва коркарди ашёи хомро ба роҳ монем. Воқеан, таассуроти зиёдеро аз ин сафар бардоштам ва дунёи наверо дар ҷодаи соҳибкорӣ пайдо намудам, - афзуд бону Гулрафтор.
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО