Сапедадам сӯи коргоҳ мешитобад. Посбон ӯро аз шарфаи пойҳо мешиносад ва медонад, ки субҳи солеҳон хандону шукуфтарӯ, бо ҳаракатҳои чобук ин духтари резапайкар даромадгоҳро убур хоҳад кард. Гарму самимӣ ҳолу аҳвол пурсиданро дӯст медорад. Аз равзанаи кушоду барҳавои ҳуҷраи корӣ ба берун нигариста, ду табақи онро мекушояд, то файзи субҳгоҳӣ домани пурбаракати хешро афшонаду ба касбу кори онҳо барор оварад. Замзамаи ободиву озодӣ ба лаб, рӯи мизи кориро ба тартиб меорад ва гулҳои атрофро аз об саршор мегардонад. Қаҳва омода карда, нӯши ҷон менамояд. Сипас, дафтари қайдҳоро кушода, ба тарҳрезии нақшаҳои имрӯз мепардозад - ҷустуҷӯи қаҳрамонҳо, коршиносон, дарёфти наворҳои ҷолиб, навиштани сенария… Бо омадани наворбардор роҳ пеш мегирад ҷониби хиёбону кӯчаҳои пойхтахт, то дунболи нақшаҳо ҳадафро дарёб намояд. Ҳар рӯзи кории ӯ ба чунин минвол оғоз мегардад. Ин бонуи зебои ҳамеша дар такопӯ Дилафрӯз Назарова аст.
Ӯ зимистони соли 1988 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Нахустфарзанди волидайн ва азизи дилу дидаҳои пайвандон буд, ки барояш номи Дилафрӯзро муносиб диданд, то ба қалбҳо гармӣ орад ва шуълаи меҳру садоқат афрӯзад. Пас аз хатми мактаби миёнаи №1 бо дониши қавӣ тавонист таҳсилро дар риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшида сарбаландона онро ба итмом расонад.
Ҳамкорӣ – беҳтарин василаи таҷриба
Замони таҳсил Дирафрӯз тадриҷан ба ин пеша ҳавас пайдо намуд, чун аз айёми мактабхонӣ орзуи ҳуқуқшинос шуданро дошт. Аммо модар дар симои ӯ рӯзноманигорро медид. Айёми донишҷӯӣ ҳамкориро бо шабакаҳои телевизионӣ шурӯъ кард. Соли чоруми донишҷӯӣ ӯро дар телевизиони «Ҷаҳоннамо» ба кор пазируфтанд, ки он овонро бо ҳаяҷон ба ёд меорад.
- Ҳамчун журналист дар як барномаи санҷишӣ, ки бидуни пахши эфир сурат мегирифт, бо яке аз иштирокчиёни конфронси «Пайванд» бояд суҳбат меоростам. Ҳаяҷони зиёд маро пахш кард, аммо худро ба даст гирифтаму суҳбатро бидуни сабти дубора (дубл) анҷом додам. Ҳозирон дар ҳайрат монданд. Ин боис гардид, то маро ба кор даъват намоянд. Зиёд мехостам наттоқ шавам, аммо масъулон гуфтанд, ки бо чунин қиёфаи ҷиддӣ барномаҳои сиёсиро пеш бурдан авлотар аст, – ёд меорад он айёмро Дилафрӯз.
Фаъолияташ ба ҳайси муҳаррири идораи таҳлилӣ шурӯъ шуд. «Суҳбати рӯз», «Фарҳанг», «Оини ҳунар» ва «Хати сабз» аз аввалин барномаҳои муаллифии ӯст. Бо барномаи «Оини ҳунар» бештар ба дилу дидаҳои тамошогарон маъво ёфт, ки он аз ҳаёту рӯзгори бонувони ҳунарманди деҳот қисса менамуд. Дар рафти ҳар сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои дурдаст наздики 22 барнома сабт карда, Дилафрӯз 5 сол дар телевизиони «Ҷаҳоннамо» фаъолият бурд.
Дар ширкати «Тоҷик Эйр»
Кордониву маҳорати хуби суханварии Дилафрӯз аз мадди назари масъулони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дур намонд ва ӯро ба кор хонданд. Вай фаъолиятро ба сифати танзимгари Маркази робита ва иттилооти маҷмааи тиҷорат оғоз намуд, лек дар ин росто ҳамкориашро бо телевизион идома бахшид. Вақти асосиро дар ширкат сипарӣ мекарду баъди анҷоми кор сӯи телевизион мешитофт. То бевақтӣ думболи таҳия ва танзими барномаҳо мешуд. Гоҳе посе аз шаб ба хона бармегашт.
Дар муддати кӯтоҳ аз нозукиҳои кор дар ширкати ҳавопаймоӣ бархӯрдор гашта бо ифтихорномаву туҳфаҳо сарфароз гардид. Барои баланд бардоштани малакаҳои корӣ роҳбарияти ширкат Дилафрӯзро ба Ҳиндустон сафарбар намуданд. Муддати 6 моҳ он ҷо таҷриба андӯхт ва хостаҳои корафтодагонро мекӯшид бароварда тавонад. Агарчи кор дар ин ҷода барояш мақбул буд, ҳамоно меҳраш ба пешаи журналистӣ ҷӯш мезад. Билохира, пурра ба телевизион гузашт.
Бозгашт
Ин навбат Дилафрӯз фаъолияти хешро дар телевизиони «Душанбе» идома бахшид. Ба симати муҳаррири варзидаи идораи сиёсӣ фаъолиятро шурӯъ намуд ва имрӯз муаллифи барномаҳои «Афкор» ва «Мавзӯи рӯз», ҳамчунин шореҳи бахши сиёсӣ низ ҳаст.
- Дар ин пеша вақти кории муайян вуҷуд надорад. Ҳатто баъзан то нисфишабӣ дар ҷойи кор думболи танзиму омода намудани барномаҳо масруф мегардам. Баъзан рӯзҳои истироҳат низ чунин сипарӣ мегардад. Шояд 4 – 5 соат дар хона бошаму халос, - мегӯяд мусоҳибам.
Дар Дилафрӯз артистизм бештар аст…
Абдувалӣ Нодирӣ, ҳамкор, яке аз журналистони шинохта, мегӯяд: «Дилафрӯз ба фарқ аз дигар ҳамкасбон имову ишораҳои ба худ хос дорад, ки дар фаъолияти журналистӣ бас муҳиманд».
- Ба як нигоҳ метавонад таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб намояд. Дар ӯ артистизм бештар аст. Ин маҳорати хуби касбист.
Ба қавли Ҳусниддин Холов, коргардони барномаҳои Дилафрӯз, кор бо ӯ ба осонӣ даст медиҳад ва бо як ишора мақсади коргардонро метавонад пай барад.
- Дилафрӯз то як андоза диди коргардонӣ низ дорад. Дар бештари маврид ҳангоми танзими барномаҳо хостаҳои худро мегузорад ва коргардонӣ ҳам мекунад. Чеҳраи телевизионӣ дорад. Бовар дорам, ки дар синамо ҳам ба хубӣ аз уҳдаи нақшофарӣ мебарояд, - иброз дошт Ҳ. Холов.
- Дилафрӯз Назароваро аз замони фаъолият дар «Ҷаҳоннамо» мешиносам. Баҳри сайқал додани маҳорати касбӣ зиёд мекӯшад. Барномаҳои наву ҷолибро мехоҳад бо тарҳи замонавӣ пешкаши бинандагон гардонад. Дар ҳар барнома навгоние ворид менамояд. Аз уҳдаи пешбарии ҳам барномаҳои сиёсӣ - таҳлилӣ ва ҳам шоу - барномаҳо ба хубӣ мебарояд, - иброз дошт устодаш Ниёзбек Қаландаров.
Имрӯзҳо Дилафрӯз пайи омӯзиши забони англисӣ камар баставу ният дорад барномаҳоро бо ин забон сабт ва пешкаши бинандагон гардонад.
Бунафша РАҲМОНОВА