Ғолиби озмуни «Муаллими соли 2019»-и шаҳри Хуҷанд гардидани Дилафрӯз Каримова - омӯзгори забони англисии литсейи физикӣ - математикии №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ аҳли маорифро ба тааҷҷуб наовард ва касе ҳам эътироз накард. Ӯ, ки дастпарвари факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст, 15 сол боз дар ин литсей буда, солҳои охир номи некаш вирди забонҳо мебошад. Роҳбари литсей Моҳира Азимова чун огоҳ шуд, ки дар бораи Дилафрӯз Каримова ба муносибати Рӯзи муаллимон маводе омода намуданием, хурсанд шуд ва лаб ба тавсифи муаллима пардохт:
- Дилафрӯз омӯзгори эҷодкор аст. Вай, қабл аз дарсҳо, омодагии комил мебинад, аёниятҳои зиёдро истифода мебарад. Соли таҳсили гузашта шогирдонаш дар олимпиадаҳои шаҳрӣ (4 нафар), вилоятӣ (4 нафар), ҷумҳуриявӣ (2 нафар) ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Зебо Фурқатзода ва Мутриба Шарифова дар сабқатҳои байналмилалӣ, ки аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Норини Қирғизистон баргузор гардид, соҳиби сертификат шуданд. Сарфароз Юнусов дар барномаҳои мубоҳисавии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Шогирди дигари муаллима Азизахон Солиева соли 2018 ғолиби озмуни FIEX гардида, як сол дар ИМА таҳсил кард ва имсол шомили яке аз донишгоҳҳои Чин шуд.
Дилафрӯз беҳтарин роҳбари синф ҳам маҳсуб меёбад. Аз 35 нафар хонандаи синфи ӯ порсол 18 нафар дар олимпиадаҳои шаҳрию вилоятию ҷумҳурӣ аз фанҳои гуногун иштирок кард, ки беҳтарин нишондиҳанда аст. Аз ҷумла, як нафар иштирокчӣ ва ғолиби олимпиадаи байналмилалии математика дар Ҳиндустон гардид. Худи муаллима Дилафрӯз Каримова соли 2017 ғолиби озмуни шаҳрии «Дарси беҳтарин» дониста шуд. Ҳамин сол ба Сипосномаи раиси вилояти Суғд ноил гашт. Дар оиладорӣ ҳам намунаи ибрат аст: се фарзанд дорад. Калонияш дар яке аз донишгоҳҳои Москва донишҷӯст.
Бо ин маълумоти фараҳбахш ба суҳбати муаллима Каримова, ки нав аз дарс баромада буд, ҳозир шудем.
- Муаллима, Шуморо ба муносибати ғолиби озмуни шаҳрии «Муаллими сол» шуданатон табрик мегӯем.
- Ба намояндагӣ аз литсей дар ин озмун ширкат варзидам. Ба тамоми шартҳои он тайёр будам, танҳо каме заҳмат ба кор бурда, албоми муаррифӣ, мақолаҳои дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва дастурҳои методии чопкардаамро ба тартиб овардам. Аз ҳама асосӣ дарсдиҳӣ буд, ки ба он ҳамеша омодаам.
- Дар дарс кадом унсурҳоро муҳим мешуморед? Усули нави салоҳиятнокӣ, ки дар мактабҳои ҷумҳурӣ солҳои охир роиҷ шудааст, чӣ натиҷа дода метавонад?
- Дар дарс ҳамаи чор унсур: хондан, шунидан, навиштан, сухан рондан муҳим мебошанд, ки яке дигареро пурра мегардонад. Моҳияти аслии усули салоҳиятноки таълим – водор кардани хонандагон ба кори мустақилона, дарки мавзӯъ, ҷустуҷӯ, баррасӣ ва дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ аст. Махсусан, ба муносибати эҷодкоронаи онҳо такя кардан лозим аст. Яъне, агар дар усулҳои куҳна дар дарс нақши асосиро омӯзгор мебозид, акнун ин нақшро ба хонандагон во гузоштан даркор аст. Мекӯшам, ки дар дарс хонандагон ҷуфт - ҷуфт, гурӯҳ - гурӯҳ шуда, бо ҳам саволу ҷавоб,баҳсу мунозира кунанд, якдигарро ислоҳ ва аз ҳамдигар ибрат гиранд. Махсусан, аз ҷониби хонандагон омода намудани ягон мавзӯъ ва ба муҳокимаи ҳамсинфон гузоштани он натиҷаи хуб медиҳад.
- Дар кадом мавзӯъҳо дастурҳои методӣ навиштаед?
- «Матнҳои нақли хаттӣ барои синфҳои 5 -11», «Маҷмӯаи тестҳо барои синфҳои 8–10», «Ҳазлу мутоибаҳо дар забони англисӣ», «Истифодаи антонимҳо дар забони англисӣ». Ин дастурҳо дастраси омӯзгорони шаҳри Хуҷанд ва баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гардидаанд. Як мақолаи илмиям бо номи «Истифодаи рангҳо дар забони англисӣ» дар шумораи навбатии маҷаллаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омодаи чоп аст.
- «Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, донистани сад забон осон гардад». Ин фармуда дар нисбати омӯзиши забони англисӣ то кадом дараҷа татбиқ шуданист?
- Албатта, хонандагоне, ки забони модарии худро, грамматикаи онро нағз медонанд, дар омӯзиши забони англисӣ душворӣ намекашанд. Чунки таълими забони хориҷӣ бо усули муқоиса бо забони модарӣ сурат мегирад ва ҳар қадар ки захираи луғавии тоҷикияш ғанитар бошад, талаба ба маъноҳои гуногуни калимаҳои англисӣ беҳтар сарфаҳм меравад.
Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ низ мисли англисӣ ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб аст ва калимаҳои ба ҳам монандро дар онҳо пайдо карда, зимни дарс ба онҳо мефаҳмонам. Боз дар забони имрӯзаи тоҷикӣ калимаҳои байналмилалие иқтибос шудаанд, ки дар забони англисӣ ҳам бо талаффузи дигаре мавриди истифода қарор доранд. Дар муқоиса омӯзондани онҳо аҳамияти калон дорад.
- Имрӯзҳо дар саросари кишвар марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ амал мекунанд. Ба сатҳи таълими ин марказҳо чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Дар такмили забономӯзии хонандагон ин марказҳо саҳми калон доранд ва қариб 30 - 40 дарсади хонандагони литсейи мо низ дар он ҷойҳо забон меомӯзанд. Бар замми ин дар шабакаи Интернет ҳам гурӯҳҳои забономӯзӣ хеле бисёранд ва мо беҳтаринҳояшро интихоб намуда, ба хонандагонамон тавсия медиҳем. Солҳои охир туфайли заҳматҳои устод Парвона Ҷамшед сифати китобҳои дарсӣ ва луғатҳои дузабона хеле беҳтар гардидааст, ки ин ҳам кори омӯзгорон ва ҳам хонандагонро баҳри омӯзондан ва омӯхтани забони англисӣ осон мегардонад.
- Ҷаҳонишавӣ ё худ глобализатсия то кадом дараҷа ба фарҳангу забони тоҷикӣ таҳдид мекунад? Чӣ бояд кард, ки фарзандони мову шумо, ки бо донистани забони англисӣ ва мусаллаҳ шудан бо донишҳои муосир дар хориҷи кишвар кори дилхоҳ меёбанд, меҳри Ватанро гум накунанд, ҳувияти миллиро аз даст надиҳанд?
- Агар дар ҳар муассисаи таҳсилотӣ тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносӣ дуруст ба роҳ монда шавад, насли наврас ва ҷавонони мо туъмаи идеологияҳои бегона, ки баъзан дар либоси ҷаҳонишавӣ амал мекунанд, нахоҳанд шуд. Мо дар литсей мунтазам барои тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик чорабиниҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ мегузаронем. Хонандагон бо ин забонҳо дар бораи таърихи халқи тоҷик, фарҳанги оламгири он сухан меронанд, осори адибони бузургу муосири моро бо ҳар се забон қироат мекунанд. Аз ин рӯ, бояд беҳтарин осори ватанпарастонаи адибони тоҷик дар китобе ба забонҳои тоҷикию англисӣ гирд оварда, чоп карда шаванд, то хонандагон аз он баҳравар шаванд.
Дар литсейи №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ, ки тамоюли физикию математикӣ дорад, дар ду баст 888 нафар хонанда таҳсил мекунад. Соли таҳсили гузашта онро 87 нафар хатм намуд. Аз он шумур 36 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар ва дигарон тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шуданд. Ба гуфтаи роҳбари литсей 80 дарсади хонандагони синфҳои болоӣ ба забони англисӣ озодона суҳбат мекунанд.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Хуҷанд