Фурӯтанию хоксорӣ сифатҳои волои асилзодагонест, ки дар шарҳи ҳолу во намудани чеҳраи аслии эшон килки андеша чун дар тафсири ҳикматҳои пурмуаммо дармемонад.
Фариза аз зумраи бонувони пурдилу солеҳаи замон аст, ки бо донишу малакаи суханварӣ, хиради шоистаи роҳбарӣ ва гуфтору рафтори накукоронааш дар арсаҳои фаъолияти хизматӣ, ба хусус доираҳои ҷавонони гуногунпеша қарину ошност. Қисса аз дастоварду комёбиҳои худро хуш надорад. Оне аз шарҳи ҳолу собиқаи фаъолияташ пурсон шудам, аз миёни бастаи ҳуҷҷатҳо як варақ ҳолномаи хешро сӯям дароз кард.
Таҳсилоти олиро баъди хатми мактаби зодгоҳаш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дод. Баъди итмоми донишгоҳ Фариза Абдуллозода муддате ба сифати омӯзгори МТМУ №1 зодбумаш ба фаъолият пардохт. Донишмандию салиқаи суханварӣ ва зарфиятҳои зеҳнию тавонмандиҳои ташкилотчигиашро дар корҳои ҷамъиятӣ ба инобат гирифта, соли 2004 ӯро мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Данғара таъйин намуданд. Дар ин миён, зимни тағйироти сохторӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш фаъолият карда, аз соли 2013 ин тараф вазифаи сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлонро ба уҳда дорад.
- Дар радифи таблиғу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ бояд дар қиболи равандҳои носолими ҷомеа, пешгирӣ аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои идеологии ҷомеа истодагарию мубориза бурд,- мегӯяд Фариза Абдуллозода. - Биноан, равандҳои суръатзои ҷаҳонӣ ва фазои бесарҳади таблиғоти берунӣ, ки тариқи воситаҳои гуногуни фарҳангу иттилоотии олами муосир дар афкори ҷомеа муассир аст, тақозо менамояд, ки аз корманди қаторӣ то масъулону роҳбарони соҳаи кор бо ҷавонон дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Тақлиду бегонапарастӣ ва гирифтории қишри осебпазири ҷомеа ба фарҳанги либоспӯшӣ, рафтору маданияти маънавии хилофи арзишҳои миллию фарҳангии баъзе писарону бонувон, аз мавзӯъҳои оҷилан ҳалталабест, ки ба таъхир гузоштани онро иштибоҳи нобахшиданӣ мешуморад. Ба пиндошти ӯ, тарбия кори фақат оила ё як ниҳоди алоҳида нест, аммо хонавода ҳамчу сарчашмаи тарбия ва омили ниҳоят таъсиргузор дар таълиму ташаккули афкори умум, ҳифзи фазои маънавии ҷомеа аз фарҳанги синамо ва дигар воситаҳои идеологии бегона мавқеи калидӣ дорад.
Дар ин зимн эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро тадбири ҳакимонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳидояти мардум ба иқдомҳои созандагӣ, пешрафту ободонии деҳу рустоҳои дурдаст ва ҷалби таваҷҷуҳи сокинон, хосса ҷавонон, ба ҳаёти солим меҳисобад.
«Ба туфайли ташаббусҳои дастаҷамъонаи мардум ба рушду ободонии деҳоти кишвар то имрӯз 67 нафар соҳибкори ҷавони вилояти Хатлон ба бунёди мактабу боғча, боғу толору майдонҳои варзишӣ иқдом гирифтааст. Дар 9 моҳи соли равон дар шаҳру навоҳии вилоят 3 адад маркази фарҳангии ҷавонон ва дар ноҳияи Қубодиён дар масоҳати як гектар боғи «Ҷавонон» бунёд гардиданд. Ҳамчунин, дар ин давра дар деҳу маҳаллаҳои гуногуни вилоят 96 адад иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳолиё, субҳу шом иншооти навбунёди варзишӣ аз наврасону ҷавонон холӣ нест, ки ин яке аз воситаҳои муҳими пешгирии насли наврас аз хатару равандҳои номатлуб аст. Бо фароҳам овардани толору майдончаҳои варзишӣ таҳсилу тамрин ва дигар машғулиятҳои рӯзмарраи наврасону ҷавонон ба реҷаи муайян ворид шуда, оворагардию дигар амалҳои ношоиста миёни онҳо аз байн рафта истодааст».
Бо зикри дастоварду навгониҳои соҳаи варзиш сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон изҳор медорад, ки дар доираи омодагиҳо ба 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят бунёди 300 адад майдонча ва 80 толори варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз 80 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ варзишгарони хатлонӣ 1527 медал, аз ин 473 медали тилло ва аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 33 медали тилло, 21 нуқра ва 39 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Дар мавриди ҳаллу фасли мушкилиҳои умдаи сокинони вилоят, чораҷӯии масоили марбут ба ҳаёту фаъолияти насли ҷавон ва густариши самтҳои фаъолияти раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон андешаҳои таконбахшу ғояҳои ояндасозе дорад, ки дар амал татбиқ намудани онҳо, бемуҳобо, муҷиби пешрафту саодати ҷавонон аст.
- Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюли наврасону ҷавонон ба равишҳои суръатзои ҷомеаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, усули боэътимоди пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон ин тақвияти қонунҳо оид ба боло бурдани синну соли издивоҷ ва ҳам баланд бардоштани ҳадди ҷарима барои бекор кардани ақди никоҳи расмӣ аст, - итминон дорад Фариза Абдуллозода. – Як василаи оқилонаи пешгирӣ аз издивоҷи бебарор, ин дигаргунсозии тафаккури мардум аст, то мисли солҳои пешин ҷавонони мо таҳсилоти касбӣ ва хизмати ҳарбиро ба итмом расонда, пас оила барпо намоянд. Хушбахтона, фаъолияти шарикии раёсати кор бо ҷавонон ва вариши вилоят бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон барои солҳои 2018–2022» ва дигар барномаҳои самти сиёсати давлатии ҷавонон натиҷаҳои судманд ба бор меорад.
Зимни суҳбат дар симои ин бонуи хушгуфтор раҳбаре дар арсаи кор серталабу масъулиятшинос, аз зиндагӣ хушбину бо одамон ҳалиму ниҳоят маҳбубу меҳрубонро дарёфтам, ки бо хулқу атвори ҳамидаву одобу маданияти баландаш миёни ҳамкорон ва зиёиёну элитаи вилоят сазовори иззату эҳтиром бувад. Тавре қаблан муовини ӯ Рамазон Насриддинзода, қисса карда буд, лаҳзаи дидору гуфтугӯ бо чунин бонувони хушбину худогоҳ рӯҳияи навмедию афсурдагӣ рафъ, уқдаҳои сарбастаи зиндагӣ боз мегарданд. Дарвоқеъ, Фаризаро шиор тулӯи хуршеди саҳаргоҳон аст, ки аз партавафкании нурҳои оламгираш рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо шавқу шони беназир сӯи рӯзи наву рӯйдодҳои навини зиндагӣ раҳнамун месозад.
Ҷ. Усмон,
вилояти Хатлон