Қатъи назар аз ҷавонӣ аллакай шахси корозмуда аст. Талош меварзад, то ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раҳи адлу амри виҷдон кор гирифта, саҳми худро дар пешрафти ҷомеа бигузорад.
Баробари қадамҳои аввалин ба мактаби миёна мекӯшид, то яке аз хонандаҳои беҳтарини ин даргоҳ бошад ва чун хонандаи беҳтарин эътироф гардид. Маҳфилу озмуне набуд, ки вай ширкат наварзад. Қироати шеъру хондани китоб ва аз худ кардани ҳунарҳои гуногун шуғли дӯстдоштаи Сайлигул буд. Одобу рафтори намунавӣ дошт. Тӯли се сол пайи ҳам дар олимпиада аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» иштирок карда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гардид. Ҳамчунин, ба гирифтани стипендияи раиси ноҳия мушарраф шуд. Дар ин росто, фанҳои дигарро низ аз худ кардаву яке аз хонандаҳои аълохони мактаб маҳсуб меёфт. Ҳамин тавр МТМУ №3 ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) - ро бо баҳои аъло хатм кард.
Гарчанде ҳаваси донишҷӯӣ дошт, вазъи иқтисодии оилаашонро ба инобат гирифта, аз идомаи таҳсил даст кашид. Зеро дар он шабу рӯз бародараш дар риштаи аспирантураи яке аз донишгоҳҳои Федератсияи Россия таҳсил мекарду намехост, ки ӯ низ сарбории падару модар гардад. Тасмим дошт, то ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шавад. Вале ба хотири дастгирии зодмандонаш орзуи донишҷӯиро канор гузошт. Рӯзе аз гандумдаравӣ ба хона баргашту дар саҳни ҳавлӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳияро дида, дар ҳайрат монд. Ба наздаш рафтаву аз ҳақиқати ҳол воқиф гардид. Мудир аз ӯ хоҳиш намуд, то дар рафти санҷиш барои соҳиб гардидани Квотаи президентӣ иштирок намояд. Бо шунидани ин хабар, агарчи хушҳол шуд, аммо нороҳатие қалбашро такон медод, ки донишҷӯ шавад, чӣ гуна бидуни маблағ таҳсил хоҳад кард.
Рӯзи дигар бо мудири маориф озими шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) шуданд. Дар имтиҳони санҷишӣ ба тамоми суолҳои ҳайати ҳакамон ҷавоби мусбат дод. Ҳайати ҳакамон ӯро сазовори Квотаи президентӣ донистанд.
- Он рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Пас аз он ки ба суолҳо посухи мусбат додам, Руқия Қурбонова, собиқ муовини раиси вилояти Хатлон, ки рафти озмунро назорат мекард, аз ҳолу аҳвол ва шароити хонаводаамон пурсон шуд. Вақте фаҳмид, ки модарам хонашину падарам дуредгар аст, офарин ба зодмандонам хонд, ки чунин духтари босаводро ба камол расондаанд. Он лаҳзаҳо маро эҳсоси наҷибе фаро гирифту сарам ба осмон расид, - ёд меорад он рӯзро Сайлигул Нурова.
Баробари расидан ба хонаи падарӣ сахт гирист. Волидон гумон бурданд, ки духтарашон ноком шудааст. Ҳамоно дилбардориаш менамуданд, ки боке нест, агар имсол нашуд, соли оянд ҳатман муваффақ мешавад. Мудири маорифи ноҳия, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, ба падару модараш расонд, ки ин ҳама аз хурсандии зиёди фарзандашон аст, ки сазовори номи донишҷӯ гардидааст.
Ҳамон сол дар ноҳия бори аввал Квотаи президентӣ барои ихтисоси молия ва қарз ҷудо гардида буд. Сайлигул Нурова аз аввалин довталабон дар ин самт ва ягона духтари донишҷӯ аз миёни 16 нафар духтарони ҳамсабақаш дониста мешуд, ки ба донишгоҳ дохил шудааст.
Аз падар дуои нек гирифту ҷониби шаҳри Душанбе раҳсипор шуд. Аз он меболид, ки дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсили илм менамояд. Ҳар гоҳе рӯзи аввали таҳсилро ба ёд меорад, табассум дар лабонаш ҳувайдо мегардад.
- Миёни ҳамсабақонам, ки ҳама зодагони пойтахт буданд, ман ягона духтари деҳотӣ будам. Мусаллам аст, ки тарзу усули либоспӯшии духтарони шаҳр аз деҳот ба куллӣ фарқ дорад. Мани деҳотӣ дар баробари фарҳанги либоспӯшӣ, бо бузургҷуссагиаву қаду қомати баланд низ аз ҳамсабақон фарқ доштам. Пеш аз оғози дарси аввал, ман дар тан либоси миллӣ вориди синфхона шудам. Ҳамсабақон маро устоди донишгоҳ пиндошта, аз ҷо бархоста салом доданд, - қисса мекунад ҳамсуҳбатам.
Ӯ саъй мекард, то на бо сарулибос, балки бо дониши қавиаш аз ҳамсабақон тафовут дошта бошад. Зеро ба падару модараш ваъда дод, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, сазовори стипендияи президентӣ мегардад ва аз ҷиҳати молиявӣ онҳоро азият намедиҳад. Нимсолаи аввал ба гирифтани стипендияи президентӣ ноил шуд. Чун донишҷӯи фаъолу пешқадам дар тамоми озмунҳои донишгоҳ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намунавӣ мегардид. Дар хобгоҳ низ ӯро чун донишҷӯи ботамкин иззату эҳтиром мекарданд. Дар ин миён ғолиби озмунҳои «Хонаи беҳтарин», «Духтари намунавӣ», «Кадбонуи беҳтарин» ва монанд ба инҳо дониста шуда, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз мегашт. Аз ҳисоби ин маблағҳо зиндагии донишҷӯиашро пушти сар намуда, мекӯшид, ки танҳо ҳангоми таътилҳо ба зодгоҳаш равад, то хароҷоти беҳуда накунад. Ба ҳамин минвол, бо як ҷузвдон се соли таҳсилро сипарӣ намуд. Агарчи дар самти таҳсил мушкилие надошт, дар лаҳзаҳои ғами дурии падару модар ва хоҳарону додаронаш ягона таскини қалбаш эҷоди шеъру тарона буд.
- Дунёи поку беғаши кӯдакӣ, навозиши падар, меҳри модар ва суҳбати гарму самимии фарзандони падар ёдам меомаду гиря гулугирам менамуд. Рӯзгори кӯдакию наврасиамро рӯи авроқи сафед оварда, таскин меёфтам ва ба гоҳи ба зодгоҳ рафтан, шеъргунаҳоямро назди пайвандонам замзама мекардам. Шеърҳоям бештар дар васфи «Модар», «Ватан», «Зодбум» ва «Меҳру муҳаббат» буд. Вале ҳеҷ гоҳ навиштаҳоямро назди устоде набурдаам, зеро фикр мекардам, ки ин навиштаҳо иншои қалбам буда, онҳоро танҳо барои худ мегуфтаам,- ёд меорад Сайлигул Нурова.
Соли 2011 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, як муддат ба нигоҳубини фарзанд машғул буд. Пас фаъолияташро дар Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳри Душанбе шурӯъ намуд. Инак, чанд сол мешавад, ки ба ҳайси сармуҳосиб ифои вазифа менамояд. Ҳоло ӯ аз зумраи бонувони кордону муваффақ ба шумор рафта, миёни ҳамкорон обрӯву эътибори хосса дорад.
Сайлигул дорои рӯзгори хуш ва саодати хонаводагист. Бо ҳамсараш хушбахт аст, ки шароити кору зиндагиро барояш муҳайё сохтааст. Сайлигулу Амирҷон соҳиби се писар буда, барои таълиму тарбияи онон баробар талош меварзанд. Дар самти равияи таъриху ҳуқуқ фарзандон аз падар кумак мепурсанду дар равияи илмҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ модар мададгорашон аст.
- Сипоси бепоён ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Маҳз ба шарофати ин иқдоми тақдирсоз орзуҳои духтарони деҳоти дурдасти кишвар ҷомаи амал мепӯшанд. Ман низ яке аз он нафарони хушбахтам, ки бо Квотаи президентӣ таҳсил дида, имрӯз соҳиби касбу кори дӯстдошта ва зиндагии хубу осоишта ҳастам, - бо қаноатмандӣ хулоса кард Сайлигул Нурова.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ