Мусоҳибаи идона бо Подшоҳхоним Абдураҳмонова,
мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ
-Шумо аз зумраи насли ҷавонед, ки дар рӯзҳои нахустини эъломи Истиқлолияти давлатӣ чашм ба дунё кушодед. Ҳамчун ҳамқадам ва намояндаи насли даврони истиқлол 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатиро бо кадом эҳсос пешвоз мегиред?
-Истиқлолияти давлатӣ афтоданҳову хестанҳои даврони тифлӣ ва душвориҳои наврасиро паси сар карду дар айни авҷи ҷавонӣ мисли кӯҳҳои Помир барпо ва побарҷост, бо виқор ва азамати рӯзафзун ва бо дили пур аз меҳру саодат, сулҳу амният ва хушбахтиву комгорӣ ва пешрафт.
Солҳои ноамнӣ ба ҳаёти бисёр хонаводаҳо таъсири манфӣ гузоштанд. Бинобар танг омадани вазъи иҷтимоии хонаводаамон модарам маҷбур шуд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад. Аз рӯзе, ки худро ёд дорам, дар канори падар, ки омӯзгори забони русӣ аст, калон шудам ва дастёраш гаштаму барояш хӯрок мепухтам, либос мешустам ва хонаро тамиз мекардам. Ин ҳолат то даме идома ёфт, ки бо истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҷумҳурии азизамон рӯ ба тараққӣ ниҳоду вазъи иҷтимоии мардум беҳтар гардид ва модарам Давлатбибӣ низ дар қатори бонувони зиёд аз муҳоҷират баргашта, бо шукргузорӣ аз сулҳу амният ва рӯзгори осоиштаву пешрафт ба шуғли асосиаш- дӯзандагӣ пардохт.
Мактабро хатм намуда, донишҷӯи риштаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев гардидам.
Фаъолияти меҳнатиамро ба ҳайси сармутахассиси раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, шуъбаи дин, танзими анъана, сипас кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят сар карда, чанд сол раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳр будам.
Муддати як сол дар магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон таҳсил намуда, пас аз хатми он дар қатори беҳтаринҳо ба манзури такмили ихтисос се моҳ дар Олмон омӯзиш дидам. Ду сол қабл роҳбарии шуъбаи вилоятии кор бо занон ва оиларо ба ман бовар карданд. Оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошам.
Ҳарчанд пайроҳаи ҳаёт ва камолоти касбиам чун дигар ҳамтоёни насли истиқлол душвориҳо низ доштанд, дар назди азму иродаи инсон мушкилиҳо ҳеҷанд. Ҳаётамро ба кор ва хонаводаам бахшидаам.
Истиқлолияти давлатӣ барои ҷавонони кишвар имконияти васеи ширкат дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фароҳам сохт. Насли даврони истиқлол будан шараф ва масъулияти бузург аст. Танҳо бо донишу эҷодкорӣ дар кор метавонем ба ин шараф ва масъулият сазовор бошем.
-Оид ба ҳаёти фарҳангӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намудед. Чӣ боис шуд, ки ба ин мавзӯъ рӯ оваред?
-«Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қаъри асрҳо то имрӯз симои миллии худро, пеш аз ҳама, тавассути фарҳанг нигоҳ доштааст»,-иброз намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳукумати кишвар барои пешрафти ҳаёти фарҳангии мардуми кишвар, аз ҷумла Бадахшон дар тамоми ҷанбаҳо шароит фароҳам сохт.
Фарҳанги халқи тоҷик, аз ҷумла ВМКБ чун хазинаи тиллоии забонҳои қадима ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди таваҷҷуҳи пажӯҳишгарон қарор гирифтааст. Пас аз хатми донишгоҳ бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дар аспирантура таҳсилро идома додам ва тасмим гирифтам, дар омӯзиши илмии ҳаёти фарҳангии давраи соҳибистиқлолии кишвар саҳм бигирам.
Ҳунарҳои мардумӣ падидаи ҷолиб ва мураккабе дар фарҳанги ҳар халқу миллат ҳастанд, ки дар сапедадами таърих бо сарнавишти мардум гиреҳ хӯрдааст. Ин ҳунарҳо бо номи «Чакан», «Зардӯзӣ», «Қолинбофӣ», «Ҷомадӯзӣ», «Ҷуроббофӣ», «Тоқидӯзӣ», «Муҳрабофӣ» ва ғайраҳо шуҳрати мардуми тоҷикро ҷаҳонӣ гардондаанд. Бо вуҷуди он ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳунармандони чирадаст машғули эҷоди асарҳои бадеӣ ҳастанд, инкишофи намудҳои ҳунар ва санъати миллӣ ба густариши бештар ниёз дорад. Дар пояи ибтикори Сарвари давлат марбут ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Бадахшон низ мактабҳои зиёди ҳунармандон ташкил ва ба фаъолият оғоз намуданд. Акнун ҷуробҳои босифати бофандагони чирадаст бо зиёда аз 70 нақшпартоиҳои гуногун бо номҳои «Пари товус», «Синаи боз», «Пайи гунҷишк», «Гандумак», «Камони Рустам», «Шамшодгул», «Абри сари кӯҳ», «Чапу рост», «Лолагул» ва «Садбарг» пешкаши харидорон мегарданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ талаботи занону духтарон ва бавижа арӯсон ба ҳамелҳои муҳраву гарданбанд, пешовез ва дигар намуди ашёҳои ороишӣ афзуда, ба тараққии ҳунари муҳрабофӣ мусоидат намуд.
Устоҳои маҳаллӣ, наққошону кулолон, мисгарону зардӯзон ва қолину ҷуроббофон нақшу нигорро дар офаридаҳояшон чун воситаи ороиши бадеӣ кор мебаранд. Ҳар нақшу нигор маънои хос дошта, маҳсули тахайюл ва андешаи халқ нишони эътиқоду бовар ба урфу одатҳои мардумист. Ҳунари наққошӣ дар заминаи инкишофи меъморӣ, кулолӣ, мисгарӣ, заргарӣ ва қолинбофӣ, намадрезӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ рушд намуд.
-Грантҳои президентӣ дар вилоят чӣ гуна истифода мешаванд?
-Тайи солҳои гуногун дар вилоят 97 зан ба маблағи қариб се миллион сомонӣ гранти президентӣ гирифтааст. Грантҳо ба занони соҳибкор ва ҳунарманд барои равнақ додани ҷуроббофӣ, тоқидӯзӣ, сабадбофӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ, коркарди пашму мӯина, намадрезӣ, муҳрабофӣ ва эҳё ва рушди намудҳои дигар ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин, занбӯриасалпарварӣ, мурғпарварӣ, қаннодӣ, коркарди маҳсулоти боғдорӣ ва полизӣ дода шуда, ба шарофати онҳо занони зиёд соҳиби ҷойи кор гардиданд.
Танҳо соли 2019-ум 12 нафар зан аз дастгирии хазинаи Сарвари давлат бархӯрдор гардид. Қобили зикр аст, ки самаранокии истифодаи грантҳо куллан беҳтар шуда, лоиҳаҳое дастгирӣ меёбанд, ки аз лиҳози аҳамияти иқтисодӣ давомдор ва устуворанд.
-Бонувонро неруи муташаккили ҷамъиятию сиёсӣ мешуморанд. Назари Шумо ба ин баҳо ба фаъолияти занони вилоят чӣ гуна аст?
-Бонувон дар ҳамаи ҷабҳаҳо нақши фаъол доранд ва ба баҳои баланд сазоворанд. Дар эътидоли авзои сиёсӣ, халъи силоҳ, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашъамандӣ ва пешгирии аъмоли ношоиста занон ташаббуси қотеътар нишон доданд. Ин ҳам табиист, чаро ки дили ҳассоси зан - модар оқибати ҳар гуна фоҷиаи инсониро пештар ва бештар аз дигарон эҳсос менамояд ва барои ҳамин ҳамеша мавқеи фаъол доштанд. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва маданӣ-равшаннамоӣ ҳам занон пешгоманд. Танҳо дар аксияи раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бештар аз 400 зан дар тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри азизамон ширкат варзид.
Аз 749 нафар хизматчии давлатӣ 31 фоизро занон ташкил дода, 62 зан дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ кор мекунад. Дар соҳаи маориф саҳми занон ба 59,1 фоиз ва дар тандурустӣ ба 69 дарсад мерасад.
Дар соҳаи фарҳанг 553 зан ва аз инҳо 196 нафар дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекунад. Аз шумули фарҳангиён 35 зан Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 4 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шудааст. Дар соҳаи иқтисоду молия 297 зан шуғл меварзад.
-Шуморо духтархонди Президент меноманд ва ин шараф чӣ хел насибатон гардид?
-Рӯзи баргузории тӯйи арӯсиам ба маросими ифтитоҳи кохи ҷавонон дар шаҳри Хоруғ рост омад. Дар қатори мардумони зиёд ва чанд ҷуфт арӯсу домоди хушбахт ман дар паҳлуи шавҳарам рӯймоли арӯсӣ бар сар истода будам. Сарвари давлат дар ин маросим ва мулоқот бо кӯдакону ҷавонон ба назди оилаҳои ҷавон омад ва бо тарзи расму оини помирӣ тири чӯбин дар камон гузошта, бо суханони «се падару се модар» рӯймолро аз сарам бардошт ва тибқи анъанаи мардумӣ бар ман ҳаққи падархонд пайдо намуд.
Аз рӯйи анъана ҳадди ақал як бор духтархонд бояд падархондро хабар гирад ва чунин иттифоқ ҳангоми мулоқоти Сарвари давлат бо сокинони шаҳр дар чойхонаи миллии Хоруғ ба ман даст доду ба падархонд тоқии помирӣ ва ба завҷааш ҳамели аз сангҳои ороиши бадахшонии бо дастони худам дӯхтаву тайёркардаро ҳадия намудам. Бо кӯдакам дар ин маросим иштирок доштам ва падархонд бароямон туҳфае дод, ки барои хонаводаамон хеле азиз аст.
Суҳбаторо М.Саид,
шаҳри Хоруғ