«Ҳадди имкон барои худ шуғле мебояд андешид ва онро ривоҷ дод», чунин аст шиораш дар зиндагӣ. Ихтирооти ин бонуи тоҷик дар чандин кишварҳои олам эътироф гардидаву бо медали тилло сарфароз гардидааст.
Маина Султонмамадова соли 1985 дар доманакӯҳи биҳиштосои Шуғнони Бадахшон, дар оилаи оҳангар ба дунё омадааст. Модари бидуни маълумоти олӣ ҷаҳд мекард, то панҷ фарзандаш аз чизе камбуд надошта бошад ва тамоми корҳои хонаро худ сомон дода, талқин мекард, ки бештар дониш омӯзад. Миёни чор бародар ӯ ягона хоҳар буд. Қоидаи рақами як дар ин хонадон таҳсили хуб кардан ба ҳисоб мерафт. Ин аст, ки фарзандон муваффақияти хешро аз заҳмати падару модар медонанд.
Овони мактабхонӣ Маина борҳо дар олимпиадаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштааст. Аслигул Файзмамадова - муаллимаи фанни химия ба истеъдоди ӯ қоил буду ӯро ҳидоятгару роҳнамо. Соли 2003 вай тариқи Квотаи президентӣ ба факултаи илмҳои табиии бахши химияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ шомил шуд. Таҳсилро бо дипломи сурх поён бурду бо пешниҳоди устодаш Қурбонҳусейн Худоиев ӯро ҳамчун дипломнавис ба Душанбе, ба Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АИ Тоҷикистон равон намуданд. Барои идомаи кори дипломӣ Маина ба аспирантураи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дохил шуд.
Пайроҳаи илм
Соли 2015 Маина дар мавзӯи «Ҳосилаи кислотаҳои ҳоланӣ» бо роҳбарии устодаш доктори илмҳои химия, профессор Абдураҳмон Қодиров рисолаи номзадии хешро дифоъ намуд, ки муқарризро аз Федератсияи Россия даъват карда буданд.
- Мо аз талхаи чорвои калон дар озмоишгоҳ баъди таҳлилҳои дурудароз кислота ҳосил намудем, - мегӯяд Маина Султонмамадова.
Ӯ аз соли 2009 дар факултаи химияи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси лаборант ба фаъолият пардохт. Баъдан ба ҳайси ассистент ва ассистенти унвондор ба донишҷӯёни факултаи химия дарс гуфт. Аз соли 2018 Маина ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи химияи органикӣ пазируфта шудааст. Дар баробари шуғли омӯзгорӣ ӯ корҳои илмӣ ва лаборатории зиёдро ба роҳ монда, алҳол соҳиби 7 патент ва як нахустпатент гардидааст. Ҷамъоварии рустаниҳои мавсимӣ шуғли дигари ин бонуи таҳқиқгар аст, ки ба ин васила малҳами «Фиталит»-ро бо дастуру ҳидояти устодаш ихтироъ намудааст.
«Фиталит»
- Малҳами «Фиталит» барои бемории ҷигар, сангҳои талха ва ҷарроҳии ҷигар фоидаовар аст. Он аз 28 намуди гиёҳи ватанӣ: бобуна, шибит, чормағз ва ғайра омода шуда, барои беморони аз 3-сола боло пешбинӣ шудааст. 15 дақиқа пеш аз хӯрок нахуст як қошуқ маскаи хонагӣ истеъмол намуда, баъдан як қошуқ аз малҳами «Фиталит» мебояд истифода бурд. Таркиби ин малҳам орӣ аз химикатҳо мебошад. Аз чандин озмоишгоҳҳо гузашта, сазовори баҳои баланд гардидааст,- мегӯяд М. Султонмамадова.
«Занони ихтироъкор»
Фаъолияти пурмаҳсули Маинаро ба назар гирифта, ӯро ҳамроҳ бо ду нафар бонуи ихтироъкори кишвар - Мавлуда Давлатмамадова ва Силсила Расулова ба форуми «Занони ихтироъкор» ба Ҷумҳурии Корея фиристоданд.
- Дар ин форум 274 бонуи навовар аз 28 кишвари ҷаҳон иштирок дошт. Мо ихтирооти хешро қаблан фиристодем, то онҳоро омӯхта, бо ду забон - англисӣ ва кореягӣ рӯи чоп биёранд. Хушбахтона, кори маро эътироф ва бо медали тиллои Ҷумҳурии Мардумии Чин, дипломи дараҷаи аввали Ӯзбекистон ва медали нуқраи Ҷумҳурии Корея сарфароз гардонданд. Дар миёни 28 кишвар Парчами давлатии Тоҷикистон боло шуду қалбҳои мо аз фараҳ лабрез гардиданд. Мо - се бону бо се медали тилло ба Ватан баргаштем, - иброз дошт М. Султонмамадова.
Сарпараст мебояд
- Дар Ҷумҳурии Корея харидорони малҳами «Фиталит» зиёд буданд, аммо аз он танҳо барои намоиш андаке бурда будему халос, - мегӯяд муаллима.
М. Султонмамадова мушкили асосиро дар надоштани имконият барои истеҳсоли васеи малҳам медонад. Ба андешаи ихтироъгар барои ин иқдом пайдо кардани сарпарастон муҳим аст.
- Бовар дорам, ки аз он суди хубе ба даст меояд ва муҳимтар аз ҳама, барои беморони талхаву ҷигар доруи табиии ватанӣ бо нархи дастрас пешкаш хоҳад гашт, - мегӯяд ин бону.
Маина Султонмамадова дар баробари заҳмат дар ҷодаи илм, ҳамчунин, оилаи хубу намунавӣ дорад, бо ҳамсабақи худ оила барпо намуда, соҳиби фарзанд мебошад.
- Барои муваффақияти зан дастгирии аҳли хонавода муҳим аст. Баъдан қобилияту истеъдод, меҳнатдӯстӣ ва сабру таҳаммул метавонанд ӯро ба қуллаи мақсад расонанд, - иброз дошт кашшофи илми кимиё.
Фарзона ВОСЕЕВА