03

Июн, 2025
Сешанбе

03

Июн, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУЕ СОҲИБИ «НЮ-ЙОРК», «ГАРМОНИЯ» ВА «ЗВЕРОПОЛИС»

08-201913Парвина Исҳоқӣ, директори маркази савдои «Ню - Йорк», боғҳои вуҳуши «Зверополис» ва ягона фитнес - клуби занонаи «Гармония» дар шаҳри Душанбе

Хурдсол буд, аммо аз ҳамсолонаш фарқ мекард. Чолок буду зираку ҳамадон. Бо як суол метавонист ҳамаро ба ҳайрат орад. Аз 6 - солагӣ ба мактаб рафт. Азбаски барномаи дарсии синфҳои 1 ва 2 - ро аз худ карда буд, ба ду синф боло гузаронда шуд ва дар синни 15 мактаби миёнаро хатм намуд. Айни ҳол, ӯ яке аз муваффақтарин бонуи тоҷик дар соҳаи тиҷорат маҳсуб меёбад.


Оғози тиҷорат аз 19 - солагӣ

Синфи 10 мехонд. Рӯзе фикре ба сараш омад, ки бояд ба тиҷорат машғул шавад. Пас аз дарсҳо аз бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе молҳои ниёзи бонувонро бо нархи нисбатан арзон харида, болояш маблағи муайяне зам мекард. Пас дари ширкатҳои бонуфузи пойтахтро мекӯфт ва ба бонувони он ҷо молу матоъ дастрас менамуд. То хатми мактаби миёна чунин фаъолиятро густариш дод ва барои таҳсил ба Донишгоҳи давлатии техникӣ ва авиатсияи шаҳрвандии Москваи Федератсияи Россия дохил шуд. Дар рафти таҳсил ҳамчун таблиғгар дар яке аз агентиҳои рекламавии шаҳри Москва ба фаъолият пардохт. Баъди дарсҳо назди метрову мағозаҳо ба роҳгузарон варақаҳои рекламавиро пешниҳод мекард. Ӯ аз лиҳози молиявӣ танқисӣ надошт, падару модар ӯро бо ноз мепарвариданд, аммо вай мехост қобилияти худро санҷад, мустақилият ба даст орад ва муҳимтар аз ҳама, аз кораш роҳат мебурд.

Соли 2008 донишгоҳро хатм карда, ба шаҳри Душанбе баргашт ва дар пойтахт коргоҳеро бо номи ҶДММ «Пиар» (баъдан «Сафир») созмон дод.

08-201948

- Барои таъсис додани ин коргоҳ ҳамагӣ наздики 300 доллари амрикоӣ сарф намуда будам. Ба 80 доллар ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, ба маблағи боқимонда сарулибоси кории замонавӣ харидам. Барои оғози фаъолият на аз маблағи худ, балки аз сарчашмаҳои дигар истифода мебурдам. Корро аз тарғиби маҳсулоти ширкати туркии «Ulker» шурӯъ намудам. Тӯли як моҳ аз фурӯши 31 бастаи шакалодҳои ин ширкат 36 ҳазор доллар фоида ба даст овардам. Он вақт ҳамагӣ 19 сол доштам, - иброз дошт Парвина Исҳоқӣ.


«Маликаи Ориёно - 2009» ва «Маликаи Тоҷикистон - 2010»

Баъдан Парвина озмуни «Маликаи Ориёно - 2009» - ро тарҳрезӣ намуд. Сарпарастонро ҷазб мекард ва дар ин радиф, барои ҷалби бештари тамошобин усули овоздиҳӣ тариқи смс - паёмакҳоро ба роҳ монд, ки он низ барояш даромаднок буд (1 смс-паёмак 1 доллари амрикоӣ арзиш дошт).

- Дар озмун 20 зебосанами шаҳри Душанбе ширкат варзид. Мо суди бештарро аз ҳисоби паёмакҳо ба даст овардем. Тӯли як рӯз ба як зебосанам беш аз сад паёмак ирсол мегардид. Давоми як моҳе, ки озмун идома дошт, беш аз 20 ҳазор доллар маблағ ба ширкат ворид шуд. Аз ин озмун ман беш аз 50 000 доллар фоида ба даст овардам, - иброз медорад П.Исҳоқӣ.

Маротибаи дувум низ Парвина ин озмунро доир намуд. Ин дафъа доираи ҷалби зебосанамон васеъ гардид - акнун на танҳо бонувони пойтахт, балки номзадҳо аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат номнавис гаштанд. 20 нафар ба даври ниҳоии озмуни зебоии «Маликаи Тоҷикистон - 2010» роҳ ёфт. Аз маблағҳои бадастомада Парвина дар маркази пойтахт хонаи истиқоматии барҳавое харид.


«Ню - Йорк», «Гармония» ва «Зверополис»

08-201949

Соли 2011 Парвина барандаи лотереяи «Грин корт» - и Амрико шуд. Соли 2012 ба Амрико сафар кард ва он ҷо зиндагӣ ихтиёр намуд. Аз он ҷо ба Тоҷикистон молу маҳсулоти гуногунро интиқол медоду пайвандонаш онҳоро мефурӯхтанд. Тадриҷан чунин тиҷоратро тариқи интернет - онлайн ба роҳ монд. Аз ҳисоби маблағҳои ин навъи тиҷорат, ки аз 100 ҳазор доллар зиёд гардида буд, соли 2015 дар шаҳри Душанбе мағозае бо унвонии «Ню - Йорк» ва фитнес - клуби занонаи «Гармония» (ягона дар пойтахт) - ро таъсис дод. Инчунин, дар назди он клуби кӯдаконаи «Гармония» - ро фаъол сохт, ки он ҷо ба кӯдакон маҳорати балет омӯзонда мешавад.

Дар Амрико вай аз дидани гӯшаи табиатшиносӣ, ки дар толорҳои начандон калон ҳайвонҳои гуногун ҷойгир буданду хурду калон иҷозати даст расондану навозиш кардани онҳоро доштанд, ба ваҷд омад ва дар шаҳри Душанбе ду адад гӯшаи табиатшиносии («Зверополис») - ро соз­мон дод. Парвина чунин гӯшаи табиатшиносиро дар шаҳри Краснодари Федератсияи Россия низ таъсис додааст. Рӯзҳои наздик ният дорад, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳам чунин гӯшаро ифтитоҳ бахшад.

 - Барои таъсис додани ҳар як гӯшаи табиатшиносӣ то 100 ҳазор доллар харҷ намудаам. Ният дорам, дар шаҳри Душанбе дар оянда марказҳои дилхушии ҷолибро барои кӯдакон таъсис диҳам. Агарчи бо ҳамсару кӯдаконам дар Амрико ба сар мебарем, азмам ин аст, ки солҳои наздик барои ҳамешагӣ ба Ватан баргардам. Чун обу ҳавои зодгоҳ, забони тоҷикӣ ва фарҳанги тоҷиконаро зиёд пазмон шудаам, - мегӯяд Парвина.

 Шаҳдрез, Амрико

:.  Ҷавонон 26.08.2019 11:15 1231

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz