Дар марҳилаҳои гуногун таърихи башарият собит намудааст, ки мусиқии хуб метавонад шахсро рӯҳбаланд ва болидахотир гардонаду ба тандурустӣ низ мусоидат намояд. Коршиносон перомуни таъсири муъҷизавии асарҳои мусиқии классикӣ ба инсон бештар сухан кардаанд, ки завқи бадеиро афзун карда, дилҳоро ба шавқу шӯр меорад.
Ин аст, ки бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин ниҳод бо асбобҳои муосири торӣ, нафасӣ ва зарбиву навозандагии хос ба оркестр ва бинои алоҳида таъмин гардид. Оркестр аз ибтидои соли 2018 расман ба фаъолият пардохт. Алҳол, зиёда аз 100 нафар мутрибу мутахассисони ҷавони хатмкардаи мактабҳои мусиқии касбии дохил ва хориҷ ба ҳайати оркестр ҷалб гардидаанд.
Зиё Олимӣ, муовини директори муассисаи мазкур бар он назар аст, ки дар баробари созҳои оркестри аврупоӣ ворид намудани созҳои миллӣ ба он ҷиҳати баланд бардоштани хусусияти миллии асарҳо созгор аст.
- Дар ҳамоҳангии созҳои аврупоӣ бо миллӣ, вақте ки мусиқии тоҷикӣ садо медиҳад, он аз ҷониби мардум ҷолибтар қабул шуда, навоҳои аҷдодӣ бо маҳорати воло аз саҳнаҳои баланд танинандоз мегарданд. Мутаассифона, тақрибан дар зарфи 30 соли охир масъулони сохторҳои вобаста ба дарсҳои суруд ва расмкашӣ он қадар ҳам таваҷҷуҳ накардаанд. Офаридаҳои рассомон маъниҳои зиёдеро дар худ ниҳон доранд. Ба монанди ин, мусиқӣ низ ҳолати рӯҳии инсонҳоро ифода менамояд. Баъзан дарк намесозем, ки дар оҳанг ҳолати маҳзунист ё фараҳмандӣ? Шукр, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консерваторияи миллиро таъсис доданд. Бо гузашти 15 сол мутахассисони хуб ба воя расиданд. Пас аз барҳам рехтани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳатто як навозандаи асбоби фаготро пайдо кардан номумкин буд. Имрӯз чунин мушкилиҳо батадриҷ ҳалли худро меёбанд, – иброз дошт ӯ.
Омӯхтани таърихи санъати мусиқӣ, шакл ва мазмуни баъзе аз созҳои классикӣ, ки маъмулан онро аврупоӣ унвон додаанд, баъзан боиси тааҷҷуби таҳқиқгарон гардидааст.
- Аз Эрон устои созтарошро ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон даъват намуданд. Ӯ аз рӯи мусаввараҳои Тахти Ҷамшед сози чанги қадимии ниёгонро мураттаб сохта буд, ки дар баробари пардаҳои асосӣ нимпардаву чорякпарда дорад. Он асбобро бо худ ба Тоҷикистон овард ва ҳангоме, ки ӯ онро аз ҷилд бадар овард, ҳама дар ҳайрат мондем – арфаи аврупоӣ! – бо ҳаяҷон иброз дошт коршиноси соҳа Зиё Олимӣ.
Соли 2004 нахустин бор дар бозиҳои делфӣ – фестивал-озмуни байналмилалӣ дар соҳаи санъат дастаи навозандагони тоҷик дар шаҳри Кишинёв ширкат варзиданд, ки ин иқдом дар муаррифии мусиқии тоҷик нақши бориз гузошт.
- Вақте ки намояндагони кишварҳоро ном бурданд, аз Россия 200 ва аз дигар кишварҳо низ бо чунин шумораи зиёд намояндагон аз ҷой бархостанд. Навбат ба мо расид, ки ҳамагӣ 7 нафар будем. Бо фаъолияти навозандагони тоҷик, ки ошно набуданд, ба касбияти мо бо назари шубҳа менигаристанд. Баъди муаррифии мусиқии тоҷик мавқеи худро миёни мусиқичиёни дигар кишварҳо дарёфтем ва моро ҳамчун «худӣ» истиқбол гирифтанд, зеро дарк карданд, ки сатҳи иҷрокунандагии мутрибон хеле хубу касбист, - изҳор намуд номзади илми санъатшиносӣ Шаҳноза Мирзоева, муовини директор оид ба корҳои эҷодии Оркестри давлатии симфонӣ.
Мавсуф яке аз мусиқишиносони ҷавони даврони навини кишвар аст, ки мактаби махсуси миёнаи мусиқии ба номи З. Шаҳидиро бо тахассуси рубоби бадахшӣ хатм намуда, соли 2007 Консерваторияи миллӣ ва баъдан соли 2010 аспирантураи ин даргоҳро ба итмом расондааст. Рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Операи тоҷик» дифоъ кардааст.
- Оид ба таърихи пайдоиши операи тоҷик, сохт ва намудҳои он тадқиқот бурдаам. Маълум гардид, ки образи модар қариб дар тамоми операҳои тоҷик мавҷуд асту ҷойгоҳи махсусро дорост. Баръакс, дар операи рус нақши падар бештар намоён аст. Дигар ин ки бастакорони тоҷик аз ҳисоби бонувон опера нанавиштаанд. Мардҳоянд, ки гирди домони модар ба воя расидаанду дар васфи модар ва бузургии ӯ зиёд эҷод кардаанд, - иброз дошт Ш. Мирзоева.
Ба гуфти ин бонуи санъатвар, дигар ҷанбаи операи тоҷик такя ба таърихи тоҷикон дорад ва ҳар опера як саҳфаи таърихи миллатро инъикос менамояд, ки таҳти иҷроиши оркестри симфонӣ сурат мегирад.
- Пас аз рӯнамоии оркестри симфонии тоҷик таваҷҷуҳи хориҷиён ба он афзуд. Онҳо бо мо дар тамос шуда, ба ҳамкорӣ низ даъват менамоянд. Овозхони машҳури Амрико Сюзанна Уиллиямс озими Тоҷикистон шудааст. Ӯ асарҳояшро ба мо пешниҳод намуда омода аст, ки бо мо ҳамкорӣ намояд, - гуфт Зиё Олимӣ.
Ҳайати эҷодии оркестр аз асарҳои машҳури композиторони ҷаҳонӣ ва тоҷик барномаеро мураттаб сохтаанд. Оркестр дар қаламрави кишвар сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад.
Мутаассифона, теъдоди ками ҳаводорони мусиқӣ ба намоиши оркестри симфонӣ ва опера ташриф меоранд. Аз як сӯ, агар рекламаи фарҳангӣ ночиз ба назар расад, аз дигар ҷониб, даъвати ройгони масъулини консертҳоро рад кардани ҳатто чеҳраҳои намоёни фарҳанг ва маориф боис аст.
- Боиси таассуф аст, ки бо шумораи кам, шурӯъ аз донишҷӯ то академик, аз коргар то вазир ба тамошои театр, осорхона ва консертҳои касбӣ рӯ меоранд. Мо дар бораи устод Айнӣ намоиш таҳия намуда, ба 10 айнишинос даъватнома фиристодем. Умед доштем, ки ин устодон пас аз тамошои он оид ба ҳусну қубҳи намоиш сухан хоҳанд кард. Мутаассифона, ягон нафари онҳо ба намоиш наомад. Зиёиён, агар ба санъат чунин муносибат дошта бошанд, пас аз мардуми одӣ чӣ гила?
Аксари падару модарон фарзандони худро ба мактабҳои мусиқӣ аз барои қулай будан меоранд. Фарзандони зиёиён хеле каманд. Вақте аз волидайн хоҳиш менамоем, ки ба фарзандони худ созҳои мусиқии хубро дастрас намоянд, бозичаҳои пластмассии садобарорро меоранд ва мегӯянд, ки ҳамин кифоя аст, зеро фарзандони онҳо дар оянда ромишгар нахоҳанд шуд. Онҳо намеандешанд, ки ба маблағгузорӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати кишвар хисорот ворид месозанд, - бо дилсӯзӣ иброз дошт Шаҳнозабону.
- Барои чӣ ба консертҳои оркестри симфонӣ ва операҳо таваҷҷуҳи мардум кам аст ва он ба назар шавқовар наменамояд? Зеро моро дар ин самт тарбия накардаанду дар тинат, дар майнаи мо лаззати онро ворид насохтаанд. Ин дастоварди бузурги фарҳанги миллии мост, ки Оркестри давлатии симфонӣ бо ибтикори наҷиби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият пардохт. Таъсиси оркестр барои аҳли фарҳангу адаб, аҳли зиё ва мардум туҳфаи беҳтарин аст ва, агар онро пайгирӣ намоему хуш истиқбол гирем, бешак, барои рушди ин соҳа саҳм мегирему ҷаҳони маънавии худро пурғановат месозем, - гуфт дар фарҷом Зиё Олимӣ.
С. Шарифӣ