Ворид гардидан ба дунёи синамо ва сеҳру ҷозибаи он барояш тасодуфӣ набуд, чаро ки аз хурдсолӣ дасти падар мегирифту ба коргоҳаш мерафт. Фаъолияти ӯро аҷибу ҷолиб дарёфт. Аз нозукиҳои таҳиягарӣ ва банду басти филмҳо тадриҷан огаҳ шуда ба майдони кино раҳ ёфт…
Имрӯзҳо ӯро ба ҳайси аъзои ҳакамон дар кинофестивалҳои байналмилалӣ метавон дид. Ӯ Шарофат Арабова, духтари наворбардор ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ Маҳмадқул Арабов мебошад, ки соли 1985 ба дунё омадааст. Модараш Гузел Майтдинова доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия аст. Хоҳари ягонааш Малика риштаи тарҷумониро интихоб намудааст.
Ҷодаҳои интихобкардаи ин бону яке дигареро пурра менамояд. Нахуст коллеҷи рассомии ба номи М. Олимовро ба итмом расонда, муддате ба тарроҳӣ даст зад. Соли 2001 ба факултаи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия шомил шуда, соли 2006 бо дипломи сурх онро хатм намуд ва таҳсилро дар аспирантураи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистон идома бахшид. Соли 2007 Ш. Арабова китоберо бо номи «Филмҳои ҳуҷҷатӣ дар фарҳанги тоҷикон дар асри ХХ» аз чоп баровард.
Замоне, ки ӯ дар аспирантура таҳсил мекард, ба гирифтани стипендияи Indian Council for Cultural Relations ноил гардид. Бо ин стипендия ӯ метавонист дар Институти кино ва телевизиони Ҳиндустон (Film and Television Institute of India ) таҳсил намояд. Вай аввалин донишҷӯ аз Осиёи Марказӣ буд, ки ба ин дошишгоҳ дохил гардид. Тӯли 5 сол тадрис ба забони англисӣ сурат гирифт, вай ин забонро ба хубӣ аз бар кард, дар ин радиф аз нозукиҳои ҳунари коргардонӣ баҳравар шуд.
- Ҳангоми таҳсил дар Ҳиндустон филми кӯтоҳро, ки кори дипломӣ маҳсуб меёфт, бо номи «Миёни» («Между») рӯи навор овардам. Филм бо шаш забон – англисӣ, ҳиндӣ, форсӣ, непалӣ, русӣ ва маратхӣ сабт шуда, соли 2013 дар Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Шоҳҷоиза гирифт. Соли 2014 маро ба сифати аъзои ҳакамон ба ҳамин фестивал даъват намуданд. Дар солҳои охир аъзои ҳакамон дар синамобазмҳову конфронсҳои синамошиносии Москва, Қазон, Бангладеш, Фаронса, Корея, ИМА ва Ҳиндустон будам, - мегӯяд Шарофат Арабова.
Баъди хатми донишгоҳи Ҳиндустон ба Ватан баргашта, соли 2014 рисолаи илмиро оид ба таърихи кинои тоҷик бо роҳбарии академик Раҳим Масов ҳимоя намуд. Худи ҳамон сол китоби дигараш бо номи «Таърихи синамои тоҷик» ба забони русӣ рӯи чоп омад. Шарофат соли 2014 филми дигарро бо номи «Тасфия», ки хусусияти фалсафӣ дорад, аз рӯи асари Темур Зулфиқоров ба навор гирифт. Филм дар деҳоти зебоманзари кӯҳистони Тоҷикистон наворбардорӣ шуда, дар кинофестивалҳои байналмилалии Канада, Бразилия, Бангладеш, Ҳиндустон, Россия ва Олмон баҳои баландро сазовор гашт. Ин филм ҷоизаи синамошиносони тоҷик «Дидор» - ро, ки дар Тоҷикистон пайваста баргузор мегардад, ба даст овардааст. Филми дигараш соли 2017 бо номи «Хаёлфурӯш» дар синамобазми байналмилалии Кашмир соҳиби ҷоиза гардида буд.
Соли 2016 ӯро дар киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ба ҳайси сардори «Иттиҳодияи эҷодии кинематографони ҷавон» таъйин намуданд. Ин муддат Шарофат мактаби киноро дубора эҳё намуд, ки он солҳои 70-уми асри гузашта дар киностудияи «Тоҷикфилм» арзи ҳастӣ дошт. Ин мактаб тавонист танҳо 14 нафар кинематографони ҷавонро тӯли 6 моҳ аз нозукиҳои соҳаи синамо сабақ бидиҳад. Шарофат саъй менамуд, ки мутахассисони ин соҳа аз хориҷи кишвар ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба онҳо касб омӯзанд.
Пас аз ду соли фаъолият, ӯ коргардони шуъбаи филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таъйин шуд. Ҳамчунин, ходими пешбари илмӣ оид ба синамошиносӣ дар шуъбаи санъатшиносии назди Президиуми Академияи фанҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад. Барои рушди кинои тоҷик ҳамкории қавиро бо коргардонҳои хориҷи кишвар - Ахмед Муҷтаба Ҷамал, Фредди Ванг, Дорижон Омирбоев, Миляуша Айтуганова ва дигарон ба роҳ мондааст.
Шарофат Арабова номзади илмҳои таърих, узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ва Шабакаи байналмилалӣ оид ба рушди кинои Осиёву ҳавзаи Уқёнуси Ором (NETPAC) мебошад.
- Норасоии кадрҳои баландихтисос дар кишвар масъалаи ташвишовар аст. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода наметавонад мутахассиси хуби соҳаи кино омода намояд, зеро он ҷо танҳо факултаи режиссёрӣ амал мекунаду халос. Ихтисосҳои дигар, ба монанди наворбардор, равшанидиҳанда, рассоми кино ва ғайра барои кинои тоҷик чун обу ҳаво заруранд, ки, мутаассифона, дар донишкада чунин ихтисосҳо вуҷуд надоранд. Хуб мебуд, ки Академияи кино таъсис диҳему ҳамаи ихтисосҳои заруриро ҷорӣ карда, мутахассисони ҳирфаиро ба тадрис ҷалб созем, - иброз дошт Шарофат.
Ба ақидаи ӯ, дар кишвар таблиғгарони синамо мушоҳида намегарданд, ки барои ташвиқи синамо нақши калидӣ бозанд. Дар ин радиф, филмҳое, ки ба навор гирифта мешаванд, ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нестанд.
- Филмҳо дар андозаи услуби телевизион наворгирӣ мешаванд ва, мутаассифона, ин филмҳо бо чунин услуби таҳия дар кинотеатрҳои кишвар намоиш дода мешаванд. Ин то андозае метавонад шумораи тамошобинонро кам ва сатҳу сифати киноро таназзул диҳад. Филмҳои хуби баландсифат, ки рӯи тасма сабт мегарданд, метавонанд барои рушди сайёҳӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки филмҳои тоҷикӣ зуд - зуд ба кинофестивалҳои байналмилалӣ раҳ ёбанд ва дар ин самт тамоми тадбирҳо андешида шаванд, аз ҷумла барои рақобати солимро ба роҳ мондан студияҳои филмофарӣ бояд зиёд гарданд ва арзиши андоз ва иҷозатнома ба онҳо поин бурда шавад, - гуфт Шарофатбону.
Ҳамсари Шарофат ҳампешаи ӯст. Онҳо аз як нигоҳ ҳамдигарро мефаҳманду ба якдигар ёрӣ мерасонанд. Мавсуф ҳоло дар талоши он аст, ки дар самти синамои тоҷик филмҳои таърихию диданиро рӯи кор оварад.
Фарзона ВОСЕЕВА