Тоҷикистони маҳбубро аслан метавон диёри ҷавонон номид, зеро аксари аҳолии кишварро ҷавонони синни то 35 ташкил медиҳанд ва барҳақ Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тадрис ва бо ҷойҳои кории хуб таъмин намудани ҷавонон аҳамияти зиёд медиҳанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо ҷавонони Тоҷикистон бо Квотаи президентӣ дар мактабҳои оливу миёнаи касбӣ - техникии Россия, Малайзия, Индонезия, Амрико, Олмон, Австрия ва дигар манотиқи олам таҳсил карда истодаанд. Мегӯянд илм омӯхтан дар ҷавонӣ нақш гузоштан дар санг аст ва ба таълим фаро гирифтани ҷавонон барои ояндаи миллат аҳамияти хосса дорад, зеро ҷавонон неруи созандаи бузурганд ва онҳо чун соҳибилму соҳибтахассус дар риштаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ метавонанд пайи ободию пешрафти Ватани азиз бо номи Тоҷикистони воҳиду ягона камари ҳиммат бибанданд.
Дар рӯзҳое, ки ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби ҳамватанон дар гӯшаву канори олам таҷлил мегардад, моро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кемерово барои таҷлили якҷояи ид ба Кемерово даъват карданд. Дар доираи ин ҷашни фархунда ва муқаддаси миллӣ ва дар робита ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 чун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии Кемерово намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии тоҷиконаро якҷоя бо рақсу сурудҳои ҷолиб пешкаши садҳо тамошобинон ва донишҷӯёну устодони донишгоҳ гардонданд. Бояд зикр кард, ки дар бахшҳои гуногуни донишгоҳ 777 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ясмина Абдуҳамидоваро натанҳо устодону донишҷӯёни донишгоҳ, балки ҳукумати Кемерово чун донишҷӯи фаъол ва ташкилотчӣ мешиносанд ва бо саъю талош ва ҳама вақт бо баҳои аъло супурдани имтиҳонҳо ва ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва вилоят Ясмина ду сол боз гирандаи идрорпулии ҳукумати Кузбасс мебошад. Ҳар сол дар миёни донишҷӯҳо барои муайян кардани «Донишҷӯи сол» озмун доир мегардад ва тайи ду сол боз ин шарафи бузург дар миёни ҳазорҳо донишҷӯён насиби Ясмина - ҳамватани мо мегардад.
Ясмина Абдуҳамидова зодаи Хуҷанди бостонӣ буда, дар оилаи соҳибкор Бунёдҷон Абдуҳамидов ва омӯзгори забони англисӣ - русӣ Наимахон Абдуҳамидова ба дунё омада, хатмкардаи литсейи математикӣ - физикии шаҳри Хуҷанд ба номи М. Осимӣ мебошад. Мактабро бо баҳои аъло хатм карда, ба ДДК ба факултаи «Экология ва захираҳои табиӣ», кафедраи физиологияи инсон дохил мешавад. Баъди хатми донишгоҳ ният дорад дар ягон озмоишгоҳи тиббӣ ба ҳайси корманди илмӣ барои пешгирии бемориҳои гуногун фаъолият барад.
Вақте медидам тамоми ҷавонони тоҷик бо дасту дили гарм, бо либосҳои зебои миллӣ бо як эҳсоси баланди ватандӯстӣ мехоҳанд тамоми зебоиҳои табиати Тоҷикистонро бо расму оинҳои миллӣ, бо расмҳои табиати дилфиребу зебои Тоҷикистон ба бинандагон муаррифӣ намоянд, дилам аз шодӣ, аз ифтихор аз чунин ҷавонони дарки баланди хештаншиносӣ дошта лабрез мегардид. Духтареро дидам бо чашмони обӣ, бо либоси миллӣ, ки Виктория ном доштаву аз водии Рашт будааст, болои мизи намоишгоҳро оро медод, мекӯшид, то бо дигар ҳамсабақон намоиши идонаро бо назокати тоҷикона оро диҳад ва ҳамаи ғизоҳо, расмҳо, либосҳоро бо навиштаҷоти хос ва маълумоти муфассал пешниҳод намояд. Виктория Сергеевна мактаби №1 ба номи Хоҷа Абдулхайровро бо баҳои аъло хатм карда, тариқи Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Кемерово, ба факултаи коркарди саноати хӯрокворӣ дохил гардида, соли дувум аст, ки сарбаландона дар баробари таҳсил вазифаи пурмасъулияти муовини ташкилоти умумироссиягии донишҷӯёни тоҷикро дар Кемерово ба дӯш дорад. Ҳангоми суҳбат маълум шуд, ки бисёр ғизоҳо ва либосҳои миллии ба намоиш гузоштаро Виктория бо дастони худ омода кардааст.
- Хӯрокпазию дӯхтану бофтанро аз модаркалонам Лидия Саидова, ки украинка мебошаду бо бобоям оиладор гардида, ба Тоҷикистон меояд ва модарам Светлана Элдарова, ки аз оилаи русу тоторанд, аз вилояти Суғд баъди бо падарам издивоҷ кардан ба Рашт омада, айни ҳол дар идораи суғуртаи ноҳия фаъолият доранд, омӯхтаам. Барои он ки ба ғизоҳои миллии тоҷикӣ талабот зиёд аст, тиҷорати худро бо номи «Хӯрокҳои миллии Тоҷикистон» таъсис додам ва ба ҳар мизоҷ вобаста ба дархосташ ғизоҳои писандидаашро дастрас мекунам.
Пурсидам, ки тиҷорат ба хонданаш халал намерасонад. Бо табассум гуфт, ки шахс вақташро самаранок истифода барад, ба ҳар кор фурсат меёбад.
Устодон низ дар бораи донишҷӯёни тоҷик бо эҳтиром сухан мекарданд, ки ҳам дар рафтору ҳам дар таҳсил пешсафанд. Вақте дар ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо бисёре аз донишҷӯён ҳамсуҳбат гардидам, дарк намудам, ки чи қадар онҳо ватандӯстанд, бо вуҷуди ҷавонӣ андешаҳои солими созанда доранд, забондонанд, пешрафтаанд ва ҳамаи ин аз таҳкурсии хуби донишомӯзӣ дар мактаб, дар оила сурат мегирад. Ифтихор аз тоҷик буданашон карда, шукрона аз ободиҳо ва сулҳу салоҳи Ватан мекунанд. - Ҳар яки мо, - мегӯянд Ясмина, Виктория, Мадина, Шукрон, Зулолиддин ва даҳҳо донишҷӯёни тоҷики Кемерово, - бояд ба қадри заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем. Бубинед, Тоҷикистони мо лаҳза ба лаҳза ободу зебо мегардад, ҷавонон ба кадом давлате, ки хоҳанд, рафта, таҳсил мекунанд. Ҳамаи ин самараи ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз ва ободкор будани мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, то бар ивази ин ғамхориҳо донишгоҳро сарбаландона хатм намуда, ба Ватан баргардем ва дар соҳаҳои гуногун содиқона хизмат намоем. Дар пешрафту нумӯи Ватан саҳми сазовори хешро гузорем.
Садбарг БОҚИЕВА,
шаҳри Кемерово