Се зарбаи сахти тақдир, се зарбаи ногаҳониву давомдор, се зарба, ки чандин зарбаҳои дигарро тавлид кард. Се зарбаи сахттарини дар зиндагӣ хӯрдаи як бону. Варзишгаре бо номи Мавзуна.
Аслан, мо таваққуф кардем сари се зарбаи қисмат, зеро аз боби ҳунару ғолибият ва қаҳрамониаш ҳамагон огаҳӣ доранд. Аммо, ин се зарба, зарбаҳое буданд, ки натавонистанд Мавзунаро бишкананд. Ин духтараки ҷавон бар зидди ин зарбаҳо мубориза бурд. Имрӯз, ки 26 сол дорад, бо як нигоҳи умедворона ба фардо, дар бораи рӯзгори гузаштаву имрӯзааш ҳарф мезанад.
Маломати хешу ақрабо
Ӯ замоне чашм ба олами ҳастӣ кушод, ки дар кишвар нобасомонӣ ҳукм меронд. Тавлидашро аз ҳама бештар падар интизорӣ мекашид, зеро дар оила се гулдухтар дошту қавл дода буд, қатъи назар аз он, ки фарзандаш духтар ва ё писар тавлид мешавад, ӯро ҳамчун писар ба воя мерасонад. Ҳамин тавр ҳам шуд.
Аз хурдӣ ба тамрингоҳ бурд. Чун марди хона бо ӯ сухан мекарду нозукиҳои варзишро баҳраш меомӯзонд. Сар карда аз гӯштӣ то боксро баҳраш омӯхт. Мавзунаи хурдакак оҳиста - оҳиста ба камол мерасид. Ҳеҷ кас гумон намекард, ки ӯ духтарча аст. Худи ӯ низ ҳамеша либоси писарона ба бар менамуду бо писарони деҳ бозӣ мекард. Дар набард қариб ҳамаи ҳамсолонро мағлуб карда буд. Ҳар гаҳе номи Мавзунаро мегирифтанд, вуҷуди писаронро тарс фаро мегирифт.
Рафта - рафта пархошҳои одиро ба ҷанги пулакӣ табдил доданд. Рӯзе набуд, ки ӯро ба деҳаҳои дигар набаранд. Маблағи аз «муҳориба» бадастовардаашро баҳри сарулибоси хоҳарбузургонаш масраф менамуд, то онҳо мактабро бо баҳои аъло бихонанду аз чизе танқисӣ накашанд. Зеро дар ин миён падар ба муҳоҷират рафтаву саробонии оиларо ҳамчун марди хонадон ӯ ба зимма гирифт. Ба ҷуз «муҳориба», ҳамчунин, ба нонфурӯшӣ низ даст зад, то муҳтоҷи дари мардум нашаванд.
- Агарчи хурд будам, баҳри ҳифзи аҳли хонавода талош меварзидам. Бароям ин гуна корҳо шарм на, ҷои номусу нанг буд. Мебоист, мисли писар заҳмат мекашидам ва хостаҳои волидайнро бароварда месохтам. Ҳар коре, ки қудрати анҷом доданашро доштам, иҷро мекардам. На корҳои духтарона. Ҳатто, шабона аз мошинҳои калони боркаш молу колоашонро фуровардаву шабҳоеро бо чунин корҳо саҳар кардаам, - ёд меорад айёми бачагиашро Мавзуна Чориева.
Ин духтараки писаратворро ба хотири ба бар намудани либоси писарона аз 3 мактаб ронданд. Ин ҳама садди роҳи донишомӯзии ӯро гирифта натавонист, ва ҳам таънаи хешу табор ва мардуми маҳалла. Ҳамагӣ ба ҷониби қиблагоҳаш санги маломат мезаданд, ки ӯ духтарашро «сарҳуй» гузоштааст. Чандин маротиба ба падараш гуфтанд, то пеши роҳи духтарашро бигирад. Вале, ӯ ба суханҳои эшон гӯш намедоду аз ҷигаргӯшааш пурсабр буданро тақозо менамуд. Чун медонист, пешаеро, ки худаш барои гулдухтараш интихоб намудааст, тақозояш ҷасорату мардонагист. Бо вуҷуди сабур будан, натавонист, падарашро маломатзада бубинад ва тасмим гирифт, бо қиблагоҳаш ба Россия рахти сафар барбандад. Ин нахустзарбаи қисмат буд.
Рӯ ба ғарибӣ
Сездаҳ сол дошт, ки аз зодбум, дӯстони бачагӣ ва муҳимтар аз ҳама, аз модари мушфиқу хоҳарон дур шуд. Дар ғарибӣ Мавзуна худро бегона эҳсос мекард, бо вуҷуди он ки озод буду бидуни мушкилӣ тамрин менамуд. Оҳиста - оҳиста ба чунин зиндагӣ хӯ гирифт. Муттакояш танҳо падар буд.
Бо мурури замон, ӯ бокси касбиро интихоб намуд. Меомӯхт ва ниҳоят ба муроди дил расид. Ӯро ба мусобиқаҳои шаҳрҳои Россия ва қувваозмоиҳои сатҳи ҷаҳонии кишварҳои Аврупо даъват менамуданд. Гоҳе мағлуб мешуду гаҳе ғолиб. Соҳиби чандин мукофоту ҷойҳои ифтихорӣ ва мақомҳои баланд гардид. Қиблагоҳаш аз зафарҳои гулдухтараш меболиду ифтихор мекард.
Дар баробари тамрини пайваста, ҳамчунин, бо падар якҷо заҳмат кашида оилаашонро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин менамуд. Рӯзҳову моҳҳо мегузаштанд. Каму ғам не, панҷ сол дар Россия зист. Ин зарбаи дувуми тақдир барои Мавзуна буд.
Марги падар
Ғарибӣ поён ёфт, вале на бо хушнудӣ. Ҳини бозгашт рӯзи шуме думболагираш буд. Он рӯз қалби падар - ягона муттакои дили Мавзуна дар ғарибӣ, он нафаре, ки нони даҳонашро ба вай дод, то ӯ зафарёр гардад, аз тапидан боз монд. Ин рӯзро Мавзуна ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва он мудҳиштарин рӯз дар ҳаёташ аст. Зеро марги падар пайроҳаи мушкили ятимиву саргардониҳоро пеш овард.
- Соли 2010 падарам рӯи дастонам ҷон дод. Ҷасади беҷонашро ба Ватан овардам. Падаре, ки мебоист қаҳрамониҳои духтарашро медид, пурармон рафт. Баъд аз даргузашти падар дарк кардам, ки қанотам шикаст. Қиблагоҳам, ки болу пар кушудан омӯхт, дарси матонату далерӣ дод, аммо натиҷаро надиду рафт, - пуралам мегӯяд ӯ.
Ин зарбаи савум ва сахттарини қисмат буд. Вале, бо ин зарбаҳо ӯ шикаста нашуд. Баръакс, обутоб ёфту ба мубориза гузашт. Пас аз даргузашти падар, дигар ба ӯ иҷозаи сафар карданро надоданд. Яъне, модар намехост, ки духтараш танҳо дар кишвари бегона умр ба сар бубарад. Аз ӯ хоҳиш намуд, то тамринро ин ҷо идома бидиҳад. Ва ё, агар аз идомаи пешааш даст кашиданӣ бошад, ба шавҳар барояд.
Мавзуна сухани модарро ду накарду дар зодгоҳ монд. Пешниҳоди дувуми модарро танҳо пас аз ширкат дар Бозиҳои олимпии Лондон – 2012, пазируфт. Ӯ аз риштаи бокс дар ин мусобиқа Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Бахт ба рӯяш хандиду меҳнатҳои кашидааш самар оварданд ва ягона орзуи қиблагоҳи марҳумашро низ амалӣ сохт. Мавзуна Чориева қаҳрамон ва соҳиби медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – 2012 гардид. Агарчи қабл аз ин, ҷоизадори чемпионати ҷаҳон ва қаҳрамони Осиё дар соли 2010 шуда буд. Ҳамчунин, ӯ қаҳрамони ҷаҳон дар Тсинхуандао – 2012 ва қаҳрамони Осиё дар Уланҷаб – 2015 мебошад, ки дар ҳар ду ҳам медали биринҷӣ ба даст овардааст.
Пас аз зафар ӯ бо Амон ном ҷавоне, ки ҳанӯз панҷ сол қабл аз баргузории мусобиқа номзад интихобаш карда буданд, издивоҷ кард. Шавҳараш низ варзишгар аст.
Самараи муҳаббати Амону Мавзуна духтарашон Осия аст, ки алҳол 6 сол дорад. Ӯ низ мисли падару модар ба варзиш шавқу рағбат дошта, дар риштаи «таэквандо» тамрин менамояд. Мавзуна намехоҳад, ки фарзандаш ҳамчун варзишгари касбӣ шинохта гардад, «барои худ машқ кунад», - мегӯяд бо табассум.
Инак, чаҳор сол аст, ки Мавзуна аз варзиш канор рафтаву ба ҳайси мураббӣ шогирдони зиёдеро таълим медиҳад. Ҳамчунин, дар Кумитаи миллии олимпӣ, ба ҳайси сардори шуъбаи варзиш, омодагӣ ба бозиҳои олимпии кишвар фаъолият дорад. Дар баробари ин, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мебошад.
Соли равон Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро ба итмом расонда, дар ВКД ба ҳайси капитани милиса ифои вазифа менамояд.
Бунафша РАҲМОНОВА