Зимистони сарди соли 1994 дар оилаи Ҷумъаевҳо духтараки ширинрӯе ба дунё омад. Бо омаданаш ба ин хонадон рӯшноиву гармӣ овард. Аҳли хонавода ба вақти номгузорӣ зиёд андешиданд ва ахиран исми Мадинаро лоиқ донистанд.
Кӯдакии ӯ дар домони кӯҳҳои гардунсои Бадахшон гузаштааст. Хурдсол буду ба сӯи қуллаҳои осмонбӯси Помир зиёд сар мебардошт, аммо аз онҳо на ғурур, балки фурӯтаниву покизагӣ омӯхту ҷӯёи рози асрори табиат раҳ гирифт сӯи дунёи илм. Ҳар он навгоние, ки рух медод, мекӯшид, ки аз он баҳравар гардад. Дар бахшҳои забономӯзӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ ва ғайра бо раҳнамоии модар ширкат мекарду иштирокчии фаъол буд.
- Модарам, ки омӯзгоранд, ба мо аз хурдӣ омӯхта буданд, ки вақтро сарфакорона истифода бояд бурд. Мо, ки дар оила чор фарзанд будем, тибқи реҷаи тартибдодаи модар амал мекардем. Падарам низ дар кушодани гиреҳи мушкилиҳо моро раҳнамо буданд, - иброз дошт Мадина Худоназарова.
Мактабро ба итмом расонду номашро баҳри иштирок дар озмуни Квотаи президентӣ навиштанд ва соли 2012 ба факултаи таҷдидсозӣ ва ҳифзи замини Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур шомил шуд. Бо донишу зиракии азалӣ айёми донишҷӯӣ миёни ҳамсабақон медурахшиду фахри устодон буд. Тӯли чор соли таҳсил дар донишгоҳ ӯро ҳамчун донишҷӯи беҳтарин пазируфтанд. Барои идомаи таҳсил дар риштаи магистратура соли 2016 ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ ҳуҷҷат супурд ва ба мақсад ноил гардид. Гирандаи стипендияи «Дурахшандагон» гашту дар хориҷа таҳсилро идома бахшид.
Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» соли 2009 бо мақсади дастгирии ҷавонони лаёқатманд таъсис дода шудааст, ки барои гирифтани зинаҳои таҳсилоти олии касбии мутахассис, бакалавр ва дараҷаҳои илмии магистр, номзади илм, доктори илм ва доктори PhD дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои мутараққии ҷаҳон нигаронда шудааст. То имрӯз 440 нафар тариқи ин стипендия дар хориҷи кишвар таҳсил намудааст.
- Боиси сарфарозист, ки пардохти хароҷоти таҳсил, истиқомат, суғуртаи тиббӣ, роҳкиро аз ҷойи истиқомат то ба макони таҳсил ва бозгашт аз он ҷо пас аз ба итмом расидани таҳсил аз фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад. Ғамхории давлат барои донишандӯзии ҷавонон аз ин зиёд намешавад, - гуфт Мадина
Барои таҳсил дар магистратура ӯ ба Донишгоҳи давлатии технологии Поволжски шаҳри Йошкар-Олаи Федератсияи Россия раҳсипор шуд ва тӯли ду сол рӯи мавзӯи «Ободгардонии табиати минтақа ва ривоҷ додани фаъолияти тафреҳӣ» кор бурд. Тӯли ду соли таҳсил аз 8 каси дохилшуда 4 нафар донишгоҳро хатм намуд, ки Мадина яке аз онҳост.
-Вақте ки дар хориҷа таҳсил мекунӣ, ту бояд дарк намоӣ, ки намояндаи ин миллати тоҷики тамаддунофарӣ. Муваззафӣ, ки бо дониш, забондонӣ ва рафтори намунавӣ нуфузи хеш ва ҳамватанони худро ҳифз намоӣ, вагарна беҳтар он аст, ки аз таҳсил дар хориҷа даст бикашӣ,- мегӯяд Мадина Худоназарова.
Соли 2018 ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргашт ва алҳол ба ҳайси ходими хурди лабораторияи гидравлика - гидрофизика ва ҷараёни об фаъолият дорад. Ҳамзамон, бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар ҳамкорист ва дар ин радиф, дар курси якуми доктори Ph.D-и донишгоҳ таҳсил менамояд. Донандаи хуби забонҳои русиву англисист.
- Айёми таҷрибаомӯзӣ моро ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист сафарбар менамуданд. Чун муҳлати таҳсил қариб ба охир мерасид, роҳбарияти аксари коргоҳҳо пешниҳод мекарданд, ки ба Ватан барнагардему ин ҷо ба ҳайси мутахассис ба фаъолият пардозем. Ҳатто ваъда медоданд, ки барои гирифтани шаҳрвандии Россия ёрӣ расонда, хароҷоти дусолаи патентро аз ҳисоби корхона ба давлат месупоранд. Вале, ман мегуфтам: «На ҳама чиз бо пул ба даст меояд, аз ҷумла Ватан, ки баҳо надорад»…
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи маориф ва илм бахши калидиву афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва соли 2019 20 %-и буҷети давлат ба соҳаи маориф ихтисос дода шудааст. Мо, ки ояндасозони ин сарзаминем, бо дасту дили пок бояд аз сидқ заҳмат кашем, ба пешрафти бахши иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошем, - афзуд Мадина Худоназарова.
меҳрона