Фазои босуръати иттилоотӣ, ки имрӯз доман густурдаву сония ба сония фарохтар мегардад ва тариқи ВАО таҳавуллоту навгониҳо ба мардум расонида мешавад, бешак ба афкори ҷомеа бетаъсир намемонад. Аз он ки истифодабарандагони технологияи навин ва фазои иттилоотии муосир аксаран ҷавонон маҳсуб меёбанд, иттилоот таъсири амиқи хешро бештар ба шуури ин насли ояндасоз мегузорад. Чаро ки овони ҷавонӣ давраи муайянсозии мавқеъ дар ҷомеа арзёбӣ мешавад ва маҳз дар ҳамин айём ҷавонону наврасон ба истилоҳ, дар ҷустуҷӯи роҳҳои осони муваффақ ва шуҳратманд гаштан миёни ҷомеа шуда, даст ба корҳои номатлуб мезананд ё гирифтори фиребу найрангҳои дасисабозону иғвогарони дохиливу беруна мегарданд. Ин тағйироти мунтазам, ҷаҳонишавии босуръат ва ҳаёти пурталотуму пур аз ҳаводис, ки ҷомеаи имрӯзаро фарогир аст, пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тараннуми ғояҳои ватандӯстиро дар ҳар як хонавода ҷиҳати тарбияи насли солим тақозо месозад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик чӣ рӯзҳои даҳшатборро пушти сар кард ва чӣ ҷоннисориҳое барои нигоҳ доштани порчаи замини аҷдодӣ намуд. Таҳдиду хатарҳои фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус хатарҳои марбут ба қатлу ғорати одамон, харобсозии арзишҳои моддию маънавӣ, маҳрумсозии мардум аз ҳаёти осоишта, ки тӯли таърих инсоният онро паси сар кардааст, воситаи санҷидашудаи қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад, ки Тоҷикистон низ аз он истисно нест.
Бо шарофати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ҳамоии мардуми шарифи тоҷик баъди пошхӯриҳо кишвари Тоҷикистон аз нав эҳё гашт. Суруди Сулҳу Ваҳдат дар самои Ватан танинандоз шуд. Сулҳу Ваҳдате, ки бо арзиши ҷон ва синасипаркуниҳои ватандӯстдорон барои миллати тоҷик насиб гашт, бебаҳотарин туҳфаи Илоҳист, ки наслҳои имрӯза дар партави он давр меронанду шукргузорӣ мекунанд. Аз ин хотир, мебоист, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва қадр намудани арзишҳои миллӣ тарбия кард, то миллат поянда бошаду абадӣ.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ва рӯ ба рӯ шудан бо вазъи ногувори иқтисодиву иҷтимоии бо сабабҳои маълум аксар тарки Ватан намуданд. Яке дар ҷустуҷӯи ҳаёти осоишта ва зиндагии осуда сарсону саргардони кишваре гашту дигарӣ бо сабуксарию ҳавову ҳавас фирефтаи ҳарфҳои иғвогарони беруна шуда, дур аз сарзамини аҷдодӣ ғариб гардиданд. Бархеро ба истилоҳ, хоки Ватан ба худ кашиду ба замини бобоӣ баргашта омаданд ва аз пайи ободии диёр гаштанд.
Ватандӯстӣ як гӯшаи имон аст, мегӯянд дар урфият. Маҳз бо ғояи солими ватандӯстӣ метавон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ки имрӯз аз шунидани ин вожаҳо вуҷуди инсон дар ларза аст, мубориза бурд ва муваффақ ҳам шуд. Воқеан, имрӯз, ки мафҳуми Сулҳ, Ваҳдат ва Ватандӯстӣ вирди забон асту он аз ҷониби ватанхоҳону худогоҳон тараннум мегардад, қувваҳои бадкору истилогар, душманони истиқлолияти милливу давлатӣ, ки аз қувваи муттаҳидсозанда ва муқовиматкунандаи он бехабаранд, назари таҳқир доранду онро нодида мегиранд.
Вале миллати тоҷик бори дигар аз имтиҳони ҳаёт гузашт ва медонад, ки оқибати ҷудоиандозию тафриқаи сангандозон чист ва бегонагону бадкорон чӣ ҳадаф доранд. Акнун аз мақсади онҳо, ки танҳо ғоратгарӣ ва ба даст овардани сарзамини биҳиштосоямон аст, огаҳ гардид. Бале воқеан, ҳам дар аксар маврид таҳаммулгароӣ хоси миллатамон аст ва ин ҳам бошад, на аз тарс, балки ба хотири амнияти мардум ҳифзи буму марз аз қадами номубораки бадхоҳон мебошад.
Қутбия