09

Мая, 2025
Ҷумъа

09

Мая, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БАДАХШОН ХАЗИНАИ САНГҲОИ ҶАВОҲИР

 

04 201940Бозиҳои бачагона барои Дилором даричаи нахустини ошноӣ бо асрори табиат гардиданд. Барои санҷакбозӣ (бозии духтарона), ки дар он сангрезаҳои майдаи кулӯлашакл истифода мешаванд, бо дугонаҳояш ба доманакӯҳи канори маҳалла ба ҷустуҷӯ мебаромаду сангчаҳои рангоранг дар доманаш гирд меовард.

Боре яке аз хешовандон сангрезаҳоро дар мушти Дилором гиреҳ дид, ӯро наздаш хонд ва хоҳиш намуд, ки панҷаашро кушояд. Сангрезаҳоро аз назар гузаронда гуфт, медонӣ, ин сангрезаи сурхранг «беҷода» ва ин сафед «булӯри кӯҳӣ» ном дорад.

Дилором шунид, ки лаъл хосияти нерубахшӣ ва қавӣ доштани хотира дорад. Агар шахси ташна пораи лаълро дар даҳон гирад, ташнагиаш мешиканад. Ин аст, ки қофиласолорони корвонҳо порае аз ин сангро бо худ нигоҳ медоштанд, то ҳангоми сафарҳои дуру дароз дар биёбонҳои сӯзон, дар сурати беоб мондан, чорае барои рафъи муваққатии ташнагии худ ва ҳамроҳонаш дошта бошанд. Ақиқ тибқи эътиқодот муҳаббатро қавӣ месозаду хонаро аз неруҳои аҳриманӣ эмин ва пок нигоҳ медорад ва барои ҳамин ҳам қаблан бештари бонувон ҳамелҳои санги ақиқро ба гардан мекарданд.

Пеши назари Дилором чеҳраҳои нуронии пира­занҳои маҳаллаашон Чилланамо ва Азатмо ҷилвагар шуданд. Аз рӯзе, ки худ­ро мешиносад, онҳоро бо ҳамон муҳраҳои ҷигарранги ҳамели гарданашон дар ёд дораду акнун фаҳмид, ки барояшон ин муҳраҳо чи қадру қимате доранд.

Дилором ҳадафмандона дар пайроҳаи омӯзиши илми маъдан­шиносӣ қадам ниҳод. Таҳсил дар донишгоҳ тасаввуроту донишашро оид ба сохтори замин ва сарватҳои зеризаминӣ комилтар гардонд.

Асрҳо ёқутро зиннатбахши тоҷҳои императории Инглистону Россия медонистанд. Вале, ахиран сангшиносон муайян карданд, ки сангҳои ҷавоҳири тоҷҳои императорӣ на ёқут, балки лаъл ҳастанд, садо дод ин ҳақиқат дар ҷараёни яке аз нишастҳои омӯзишӣ бо ширкати олими варзидаи соҳаи геология Александр Паутов, ки дар омӯзиши минералҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

-Ва шояд порае аз кӯҳи лаъли Бадахшони Тоҷикистон бошанд, - гуфт Дилором ва шоҳбайти машҳурро ба ёд овард:

Оташин лаъле, ки тоҷи хусравонро зевар аст,

Ахгаре баҳри хаёли хом пухтан дар сар аст.

 

04 201921

Пас аз хатми донишгоҳ ва таҷрибаомӯзӣ Дилоромро ба кафедраи илмҳои табиӣ ба кор даъват карданд. Алҳол ба донишҷӯёни шуъбаи геология аз геофизика ва оид ба канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон дарс мегӯяд. Донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ буда, мутахассисони хориҷии соҳаи геологияро дар сафарҳояшон, дар ҳудуди вилоят ҳамроҳӣ мекунад. Дар мавзӯи обҳои маъдании Бадахшон таҳқиқоти илмӣ мебарад. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол бештари сокинони вилоят ва ҷумҳурӣ танҳо доир ба обҳои маъдании Гармчашма, Авҷ, Ҷелондеҳ, Бибифотимаи Заҳро, ки дар заминаи онҳо осоишгоҳҳо бун­ёд шудаанд, маълумот доранд ва хоҳишмандон барои истироҳату табобат гирифтан ба ин макон меоянд. Ҳол он ки дар ҳудуди вилоят бештар аз 70 чашмаи маъданӣ мавҷуд буда, омӯзиши таркиби химиявӣ ва муаррифӣ намуданашон ба мардум ба густариши бамаротиб бештари сайёҳии экологӣ ва табобатӣ дар минтақа мусоидат мекунад.

- Аксари донишҷӯён огоҳона касби геологро интихоб мекунанд, шавқи хондану таҷриба омӯхтан доранд ва мехоҳанд, ки мутахассиси ин соҳа шаванд. Вале, ҳастанд нафароне, ки тасодуфан ба шуъба афтодаанд ва ё хаёлоти кордор шудан бо сарватҳои табиӣ ва бой шудан аз ин ҳисоб онҳоро сари мизи донишҷӯӣ овардааст. Барои донишҷӯён таҷрибаи амалӣ хеле муҳим аст ва маъмурияти донишгоҳ ҳамасола кӯшиш менамояд, ки донишҷӯён аз таҷрибаи хуби истеҳсолӣ баҳравар шаванд. Масалан, соли гузашта, дар маҳали Якҷилваи ноҳияи Мурғоб, дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр, нахустин корхонаи хурди коркарди маъдан, ки асосан нуқра истеҳсол мекунад, ба фаъолият оғоз намуд. Вақте донишҷӯён диданд, ки чи тавр дар шароити сахттарини иқлимӣ ва бебарқӣ бо масрафи зиёди сӯзишвории дизелӣ корхона ифтитоҳ ёфту дар он 200 нафар соҳиби ҷойи кор гардида, корхона фоидаовар ҳам ҳаст, тасаввуроташон нисбат ба касб ва аҳамияти сарватҳои зеризаминии кишвару тарзи истихроҷи маъданҳо тамоман дигар шуд, - зикр намуд Дилором.

- Нахустин корхонаи хурди маъдантозакунӣ дар вилоят бо ширкати чиниҳо бунёд шуд. Назари Шумо дар ин бора чист? – пурсидем аз ассистенти кафедраи фанҳои муҳандисии Донишгоҳи давлатии Хоруғ.

- Муҳим нест, чи касе дар риштаи кӯҳкорӣ корхона месозад, ин соҳа маблағгузории зиёд мехоҳаду он бе ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ тараққӣ карда наметавонад. Корхонаҳои муштараки коркарди маъдан на фақат ба буҷети давлат фоида мебиёранд, балки ба ташаккули синфи коргар ва мутахассисони ватанӣ дар ин соҳа мусоидат менамоянд. Аз ҷалби сармоягузорон барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ наҳаросем ва кӯшиш намоем, ки бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва иқтисодии кишварамон барои мушорикати сармоягузорони давлатҳои мухталиф дар тарҳҳо марбут ба саноати кӯҳкоркунӣ шароити мусоид фароҳам созем.

- Имкониятҳои саноати кӯҳкорӣ дар вилоят дар кадом сатҳ қарор дорад, - пурсон шудем аз муаллима.

- Тоҷикистон дар баробари табиати биҳиштосо захоири бузурги сарватҳои зеризаминиро дорост. Бино ба маълумоти мутахассисон танҳо дар ҳудуди ВМКБ бештар аз 100 конҳои хурду бузург мавҷуд буда, дар 12 - тои ин конҳо корҳои ҷустуҷӯӣ - иктишофӣ пурра анҷом дода шуданд. Ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ватани мармари рангҳои гуногун маҳсуб меёбанд. Ҳанӯз солҳои 70 - уми асри гузашта бо истифодаи таҷҳизоти итолиёвӣ дар ин ҷо мармар истеҳсол мекарданд. Алҳол бо ширкати соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ коркарди мармар эҳё мешавад, - шарҳ дод ӯ.

Ба ҳисоби мутахассисон дар маҳали Барчи ноҳияи Рӯшон яке аз калонтарин конҳои оҳан дар Осиёи Марказӣ бо захираи 270 миллион тонна мавҷуд аст. Дар шафати он кони «Икар» воқеъ аст, ки дорои металлҳои ранга, ба мисли волфрам, тилло, мис, кобалт ва нуқра буда, истихроҷи он маблағгузорӣ мехоҳад.

Шарқи Помир ҳанӯз дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ «хазинаи тиллоӣ» ном гирифта буд. Дар авҷи ракетасозӣ ва фановариҳои кайҳонӣ солҳои 70-уми асри гузашта, дар мавзеи Ақархари Мурғоб калонтарин дар ҷаҳон кони бор (b) кашф ва захираи он пурра мавриди омӯзиш қарор гирифт. Қарор буд дар ин ҷо неругоҳи атомӣ ва корхонаи калони маъдантозакунӣ бунёд гардад. Вале, ба сабаби дурафтодагии минтақа ва набудани роҳи оҳану кашфи ин маъдан дар Қазоқистон ва дигар давлатҳо талабот ба ин намуди металл коҳиш ёфта, ин тарҳ дар амал татбиқ нашуд. Дар наздикии Ақархар кони дорои аҳамияти саноатии нуқра мавҷуд аст, ки дар пояи он нахустин корхонаи коркарди маъдан ба кор шурӯъ намуд.

Тоҷикистон ватани металлҳои нодир ва камёфт аст. Мутахассисон бар ин боваранд, ки бо назардошти шароитҳои ҷуғрофӣ асоси саноати ояндаи кӯҳкории кишварро истихроҷ ва коркарди филизҳои нодир ва камёфт ташкил хоҳад дод. Ба ин металлҳо гурӯҳи лантаноидҳо дохил мешавад. Айни ҳол дар маҳали Намадгути ноҳияи Ишкошим корҳои иктишофӣ ва муайян намудани захираи тантал ва ниобий идома дошта, бо фароҳам шудани технологияи коркард истихроҷи ин филизи нодир шурӯъ мешавад. Металлҳои нодиру камёфт дар фановариҳои кайҳонӣ ва технологияи компютериву мухобиротӣ истифода мешаванд ва дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба онҳо хеле зиёд аст.

Дар ҳудуди вилоят чун дар дигар гӯшаҳои кишвар конҳои тилло кашф шудаанд. Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки фақат ба шарофати фаъолияти ҶДММ - ҳои «Такомголд» ва «Шимшоҳ» дар конҳои маҳали Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ҳиссаи воридоти дохилии буҷети ноҳия аз 17 ба бештар аз 30 дарсад расид.

Оғози кори Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои рушди саноати кӯҳӣ замина фароҳам овард, бовар аст, ки ин соҳа дар ояндаи наздик ба бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.

 

Шоҳҷамоли МИРЗОҶАЛОЛ,
ВМКБ

:.  Ҷавонон 19.04.2019 06:01 1230

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz