Дар бозгашт аз шаҳри Благовешенск ба шаҳри Бирабиҷон, ки маркази вилояти автономии Яҳудистон аст, азимат кардам. Шаҳри Бирабиҷон хеле тозаву озода ва дорои биноҳои таърихии зиёдест. Бира номи рӯдхонаест, ки шаҳрро ба ду қисмати калон ҷудо мекунад ва номи шаҳр ҳам онро ифода мекунад.
Рағбатулло Розиқову завҷааш Шаҳлоҷон зодаи ноҳияи Файзободи мардумонаш меҳнатдӯсту меҳмоннавозанд ва онҳо солҳои охири навади асри ХХ ба Бирабиҷон кӯч баста, беш аз бист сол аст, ки дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд. Чанд сол қабл дар хонаи тозаву озодаашон меҳмон будам ва имсол ҳам дидори дӯст моро боз бо ҳам овард. Хонаву дари тозаву озода, пазироии гарму самимонаи тоҷикона, муҳити солиму пур аз муҳаббату самимияти Розиқовҳо маро хеле хуш омад. Онҳо соҳиби панҷ фарзанд - ду духтару се писар мебошанд. Духтари калонӣ ва писарашон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Приамурсканд. Тамоми ҳамватанони мо, ки дар Бирабиҷон кору зиндагӣ мекунанд, соҳиби манзилҳои шахсӣ ва тиҷорати хуб мебошанду бештари меваю сабзавоти Тоҷикистони маҳбубро ба ин вилояти дурдасти канори Амур ворид месозанд.
Бегоҳӣ Меҳрангез аз донишгоҳ омад. Ӯйи чанд сол қабл як духтараки резаустухон қад афзудааст. Суҳбати мо сари илмомӯзиву зеҳнияти тоҷикона ва тарбияи шарқӣ сурат гирифт. Дарёфтам, ки Меҳрангези донишҷӯи соли дуюми факултаи иқтисод ва менеҷер, дониши хуб дораду аз парвариши намунавии волидайнаш баҳраҳо бурдааст. Мо суҳбат мекардем ва ӯ дастонашро бо собун тоза шуста, пешдомонро ба бар карда, омодагӣ барои пухтани санбӯсаву фарахша гирифт. Модараш ба гиру мони духтараш бо меҳр нигариста бо табассум гуфт: «Шукронаи Меҳрангез, ки ҳама намуди хӯрокҳои миллиро аъло омода мекунад. Таҳсилаш низ қобили ситоиш аст. Дар яке аз фурӯшгоҳҳои бузурги брендии либосҳои варзишӣ чун менеҷер фаъолият дорад. Бо вуҷуди ҷавонӣ, роҳбарият дониши хубу масъулиятшиносӣ, ташаббускорию тозарӯзгорӣ ва заҳматписандиашро ба инобат гирифта, аз фурӯшанда сарменеҷер таъйин намуданд». Меҳрангез иқрор омад, ки баъди дарёфти таҳсилоти олӣ тиҷорати худро оғоз месозад. Азму иродааш далолат бар он мекунад, ки дар ин ҷабҳа ҳатман муваффақ хоҳад шуд.
- Ман сесола будам, ки волидонам ин ҷо кӯч бастанду дар ин мулк бузург шудам. Дар боғча, дар мактаб бо забони русӣ таълим гирифтаам, вале дар нишемани хонаводагӣ муошират танҳо бо забони тоҷикист. Гузашта аз ин, бо талқину ташвиқи падару модари худ шеърҳои ноби тоҷикиро аз эҷоди шуарои классику муосири тоҷику форс аз ёд кардаам ва дар ҳалқаи ҳамсабақон ҳини баргузории маҳфилу нишастҳо баъди қироат дар лисони асл ба русӣ онро тафсиру тавзеҳ медиҳам. Ба қавле дар миёни онҳо мубаллиғу мунодии манзараҳои биҳиштосо, ҳунарҳои мардумӣ, кадбонуҳои тоҷик ҳастам. Онҳо аз тамошои ин ҳама ва шунидани қиссаҳо ба ваҷд меоянд. Махсусан тасвири ангурҳои Ҳисору Регар, шафтолу, гелос, себу нокҳо, гирдачаву кулчаҳои ширмоли тоҷикона, кӯҳҳои сарбафалак, чашмаҳои гарми шифобахши ба ҳазору як дард даво, куртаҳои чакану косаву табақҳои миллӣ, анвои хӯрокҳои тоҷикии мо ба ҳайрат афтода, ҳаваси дидани Тоҷикистон дар дилашон ҷӯш мезанад. Махсусан дугонаҳоям чун ба меҳмонии мо оянд, хоҳиш мекунанд, ки дар табақи чӯбин хӯрок кашем ва дастонашонро шуста, чун мо, тоҷикон, сари хон нишаста хӯрок мехӯранд, ҳарчанд ин барошон каме душвор даст медиҳад, - мегӯяд ҳароратомезу самимона Меҳрангез.
Аз суҳбат бо ӯ табъам болида гардид, ки ин духтари тоҷик дар як гӯшаи дурдасти ФР тавонистааст маҳз бо тарбияи хуби тоҷикона ва азму талошҳои хеш эътибору эҳтиром пайдо намояд. Як орзуи хубе ба сар мепарварад. Мехоҳад, маркази фарҳангии тоҷиконро таъсис дода, он ҷо намоиши расму оинҳои миллии моро ба роҳ монад. Дар ин ҷода ба Меҳрангез кушоиши кору барор таманно дорем.
Садбарг БОҚИЕВА,
вилояти Яҳудистони ФР