Аз накҳату зебоии гулҳо ба ваҷд меомадам, ки мошинҳо ба майдончаи пазироӣ ворид шуданд. Ман, ки аз зебоии дастагул чашм намекандам, бо дидани меҳмони олиқадр ба ҳаяҷон фурӯ рафтам. Симои тоҷиконаву нигоҳи эътимодбахши Роҳбари нави давлат қалбҳои моро саршор аз умед карду бовариамонро ба ояндаи дурахшон даҳчанд, - лаҳзаи аз ҳама хотирмони он айёмро боифтихор ба ёд овард Ҳуснигул Одиназода.
Талош
Ҳуснигул Одиназода дар оилаи хизматчии давлатӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодаву овони мактабхонӣ ба фанҳои гуманитарӣ завқу мароқи зиёд пайдо карда буд. Новобаста ба норасоии китобу мутахассисони фанҳои дақиқ ва дигар мушкилиҳои вақт ӯ бо ҳамсолонаш ба таҳсил ва фарогирии ҳунарҳои гуногун шавқу таваҷҷуҳи зиёд дошт.
- Зодмандонам орзуи табиб шудани маро мекарданд, вале қалби пуртуғёни ман барои пешаи тарҷумонӣ метапид - ҳама ҳушу ёдам ба омӯзиши фанҳои таърих, ҳуқуқшиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик ва забонҳои хориҷӣ буд, - иброз дошт Ҳ.Одиназода.
Таҳсил дар факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тимсоли шабаҳи бодҳои тундрав ба зудӣ паси сар шуд, зеро ба ҷуз таҳсили илм ва забономӯзӣ барои дигар шуғлҳо вақт намеёфт. Баъди итмоми дарсҳо сӯи китобхона мешитофт ва дар ин боргоҳи маърифату толибони илму каломи бадеъ миёни анбӯҳи китобҳо худро хушбахттарин дармеёфт. Фароғату сайругашти шомгоҳиро як сӯ мегузошту сари компютер аз навгониҳои илму дигар рӯйдодҳои ҷаҳон бархӯрдор мешуд.
ҲХДТ
Баъди хатми донишгоҳ Ҳ.Одиназода фаъолияти худро аз вазифаи мутахассиси шуъбаи маънавиёти дастгоҳи раиси ноҳияи Дӯстӣ оғоз кард. Дар ин миён солҳои 2012–2013 дар Донишкадаи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таҳсил намуд.
- Бо мурури солҳо ҳини фаъолият дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба дарки он расидам, ки сахтгириҳои роҳбарон дар ҷодаи сиёсат ба хотири тарбияву обутоби касбии мо будааст, - иқрор меояд Ҳуснигул Одиназода. – Соли 2012 дар конфронси ҳизбӣ номзадии маро ба вазифаи раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ пешбарӣ намуданд. Тӯли 6 соли фаъолияти роҳбарии ман шумораи аъзои ҳизб аз 814 ба 4 ҳазор нафар расида бошад ҳам, ин рақами интиҳоӣ нест. Пеш аз қабул ба узвияти ҳизб шахсияти номзадҳо омӯхта мешавад, то итминон дошта бошем, ки ҳар нафар аъзои ҲХДТ барои ояндаи ҷомеа ва давлат чӣ хизмате анҷом дода метавонад. Узвият ба ҲХДТ барои насли ҷавон мартабаи худшиносӣ ба ҳисоб рафта, аз ин ҷода танҳо кадрҳои донишманду хушсалиқа ба арсаи сиёсат гомҳои устувор мениҳанд, - иброз намуд Ҳ.Одиназода.
Фарҳанги мардумсолорӣ
Бар иқрори ӯ дар баробари узвият ба ҲХДТ шумораи ҷонибдорон низ хеле назаррас аст, ки теъдодашон аз аъзои ҳизб зиёд буда, аз лиҳози саҳмгузорӣ дар пешрафту ободонии ҷомеа саҳми ниҳоят зиёд доранд.
- Хуб мебуд, ки тавсияномаи ҳизбӣ оид ба фаъолияту зарфияти кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳодшуда ҳамчун меъёри баҳодиҳӣ ба инобат гирифта шавад. Чаро ки баъзе нафарон баъди таъйин шудан ба вазифаҳои роҳбарӣ арзишҳои ҳизбиро фаромӯш месозанд, - изҳор намуд Ҳ.Одиназода.
Ҳуснигул Одиназода аз ҷавонтарин роҳбар дар фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар мебошад, ки замони роҳбарии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро ба уҳда гирифтанаш, ҳамагӣ 24 сол дошт. Дар ин мактаби сиёсӣ ӯ малакаи дастаҷамъона бо сокинон дар пешрафту ободии Ватан саҳм гузоштанро омӯхт. Афкори мардуми одиро меъёри баҳогузорӣ дар фаъолиятҳои сиёсии худ қарор дода, бо ин васила ба гоҳи худбаҳодиҳӣ ба суоли хеш посух меёбад, ки то куҷо фаъолияти роҳбариаш ҷавобгӯи талаботи замон ва интизориҳои мардум аст.
Аз нигоҳи зан
Ӯ арсаи сиёсатро ҷойи афроди қавиирода пиндошта, бовар ба хешро муҳимтарин василаи иҷрои супоришҳо медонад. Ба гуфтаи Ҳуснигул раванди ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби духтарони лаёқатманди ноҳия ҷавобгӯ ба талабот нест, дар ҳоле, ки тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат сафи бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда бояд афзояд. Зеро то кунун дар пешбарии бонувони ноҳияи Дӯстӣ ба вазифаҳои роҳбарӣ монеасозиҳо вуҷуд доранд.
- Аз шаш нафар раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Дӯстӣ мебоист се нафарашон бонувон бошанд, аммо айни ҳол дар ин вазифаҳои роҳбарӣ танҳо мардон фаъолият доранд. Иллати беэътиноӣ ба кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби бонувон аст, ки имрӯз шумораи вакилзанон дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳамагӣ 25 дарсадро ташкил медиҳад, - иброз дошт Ҳ.Одиназода.
Ба ҳайси як бонуи корозмуда ӯ аз тамдиди таҳсил дар макотиби олӣ дур мондани духтарон ва бекории занони хонанишин изҳори нигаронӣ менамояд ва бар он иқрор аст, ки ин омилҳо метавонанд боиси пошхӯрии оилаҳо гарданд.
- Ба андешаи ман, зан таҳсилдида бошад, ба маънавиёт бештар таваҷҷуҳ карда, на ба зоҳир, балки ба ботини инсонҳо метавонад баҳои воқеӣ гузорад. Дар акси ҳол, бархе аз занон оилаи хешро, ки муқаддасоти ноёб аст, қурбони зоҳирпарастиҳои хеш гардонда, дар натиҷаи тақлиду пайравӣ ба дигарон онро то ба парокандагӣ мерасонанд. Бехабар аз он, ки бузургтарин неъмат барои модарон хонаободӣ, сулҳу оромӣ, осоиштагӣ ва пешравии Ватани азиз аст, ки онро бароямон фарзанди бонанги миллат – Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардаанд, - иброз дошт дар интиҳои суҳбат Ҳуснигул Одиназода.
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Дӯстӣ