Хирад ҳамеша пирӯз аст…
Хонандагони мактаб аз озмуни ҷумҳуриявӣ пайиҳам се нишони ифтихорӣ оварданд. Заҳмати пурсамари омӯзгорон ҳамроҳ бо мудирияти муваффақ ва таҳкими ҳамкории хуб байни мактабу волидони хонандагон натиҷаҳои чашмгир дода, сарвари ҷавон талош дорад, ки дастовардҳои муассисаи мазкурро боз ҳам афзун намояд.
Кас чун ба саҳни мактаби тозаву озода ва зебои деҳа қадам мегузорад, бовараш намеояд, ки бинои тадрисгоҳ яке аз куҳнатаринҳо дар ноҳия буда, чил сол қабл бо усули финӣ аз чӯбу тахта сохта шудааст. Бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва саҳми омӯзгорону волидон тобистон бинои мактаб пурра таъмир гардид. Дар ин муассисаи таълимӣ хонандагонро аз деҳаҳои Умарак, Зинг ва маркази ноҳия ҳам дучор омадан мумкин аст, ки новобаста аз дурии роҳ ба қасди таҳсил ба ин ҷо меоянд.
-Сарвати асосии мо, омӯзгорони бодонишу пуртаҷриба ва дилсӯзу масъулиятшинос ҳастанд, ки хонандагонро таълиму тарбияи хуб медиҳанд. Ин аст, ки бархе аз волидони маҳалҳои гирду атроф ҳам фарзандонашонро ба мо бовар мекунанд, ки ин воқеият мояи ифтихору рӯҳбаландии мост, - изҳор медорад сарвари муассиса.
Дар мактаб 215 хонанда таҳсил менамояду 24 омӯзгор асрори фанҳои гуногунро барояшон мекушояд.Омӯзгори фанни физика Олимшо Мартабшоев яке аз онҳоест, ки илми дақиқро бо усули бадеӣ ва содаву шавқовар таълим медиҳад, ки ҳатто завқи танбалтаринашонро ба мавзӯъ бармеангезаду онҳо гӯшу ҳуш мешаванд ва аз поён ёфтани соати дарсӣ бехабар мемонанд. Бештари дорандагони нишони озмуни ҷумҳуриявӣ аз физика дастпарварони ин устоданд.
Ба гуфтаи сарвари мактаб, афзоиши муҳоҷират ва солҳои тӯлонӣ аз сарпараст дур мондани хонаводаҳо боис шудааст, ки қисме аз масъулияти волидонро ҳам мактаб бар дӯш дорад. Ба мақсади омӯзишу парвариши хонандагони бодониш ва ахлоқан хубу намунавӣ мактаб бо волидон ҳамкориро таҳким мебахшад. Шанбеи ҳар ҳафта дар мактаб «Рӯзи волидон» эълон шуда, падару модар ба мактаб меоянду дар дарсҳо ширкат меварзанд, оид ба роҳҳои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи фарзандон ва ҳамгироӣ байни якдигар ва бо омӯзгорон мубодилаи афкор мекунанд. Бо дастури мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳафтае ду маротиба омӯзгорон навбат ба навбат шомгоҳон аз хонаводаҳо хабар мегиранд ва дар дафтарчаи махсус қайд мегузоранд, ки шогирдонашонро дар ҳузури волидонашон дар кадом ҳолат дарёфтанд.
-Аввалҳо ин «шабгардӣ»-и омӯзгорон чандон бароямон маъқул набуд. Чаро онҳо мудохила кунанд, ки фарзандонамон дар хона ба чӣ кор машғуланду дар кадом шароит, ба шикам ёзида ё ба пушт хоб рафта ва ё дафтару китоб сари зону дарс тайёр мекунанд? Оё шоирону фозилони замони қадим паси мизу курсӣ эҷод мекарданд? Вале, ҳозир аксари волидон зарурати фароҳам сохтани шароити мусоид барои хондану навиштани фарзандонашонро дарк менамоянд, зеро набуди мизу курсӣ ва тарзи нодурусти дарстайёркунӣ на фақат ба сифати азхудкунии дарс, балки ба саломатии фарзанд, сабзиши устухонҳои бадан ва чашм таъсири манфӣ мегузораду бо гузашти солҳо аз худ дарак медиҳад ва барои муолиҷаашон вақт ва маблағи зиёд масраф намудан лозим меояд. Ин аст, ки аксари волидон барои ҷилавгирӣ аз чунин оқибат шароити дарстайёркуниро барои фарзандонашон омода кардаанд, - баён доштанд дар суҳбат волидони хонандагон.
-Дар мактаб хонандаи душвортарбия надорем, вале аз мушоҳидаҳоямон ҳангоми хабаргирӣ аз хонаводаҳо бармеояд, ки телефонҳои мобилӣ ва филмҳои хориҷӣ, ба вижа барномаҳои туркиву афғонӣ, аз рақибони сарсахти мо маҳсуб меёбанд, зеро бархе аз хонандагон ҳанӯз ҳам бо ин воситаҳои электронӣ зиёд кор мегиранд. Ин дар ҳолест, ки маводи аз онҳо дастрас дар ниҳоди шахс метавонад хислатҳои манфиро ташаккул диҳад. Мо оқибати зиёни маънавӣ ва ҷисмониро, ки воситаҳои электронӣ ба шахс мерасонанд, ба хонандагон мефаҳмонем. Бовар дорам, ки дар набарди фарҳангӣ барои тасаллут ёфтан бар қалбу афкори насли наврас ва ҷавон омӯзгор ҳамеша пирӯз мемонад. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ барҳақ фармудааст: «Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор», - тазаккур медиҳад Қумринисо.
Сокинони Дарвоз ифтихор аз он доранд, ки гаравиши наврасону ҷавонони маҳаллӣ ба ҷараёнҳо ва ҳизбҳои тундгарою ифротӣ, ки ҷомеаро сахт нигарон сохтааст, назар ба дигар навоҳии вилоят қариб ки ба мушоҳида намерасад. Баръакс, онҳо бо эҳсоси баланди меҳанпарастӣ ва миллӣ ҳар гуна равандҳои номатлубро бар қасди ноором сохтани авзоъ маҳкум мекунанд ва ба созандагиву ободкорӣ машғуланду инро натиҷаи ҳамкории самарабахши мактаб бо оила медонанд.
Хонаводае аз созу китоб
Дар хонаводаашон ҳамеша китоб бо созу наво ҳамнишинӣ дошт. Шом модари омӯзгор ба дарс тайёрӣ медиду фарзандонро ҳам сари миз мешинонд. Падар, ҳунарманди шинохтаро агарчи дилаш муштоқи нохун задан ба тори рубоб буд, ҳамеша кӯшиш мекард, то фарзандон ба дарсҳо пухта омода шаванд ва ба онҳо ёрӣ мерасонд. Бо сипарӣ шудани соатҳои хондану навиштан дар хона садои рубобу доира танин меандохт. Қумринисо чун медид, ки модараш субҳи барвақт баъди анҷом додани кору бори рӯзгор дафтару китоб дар кӯлвор бо либоси тозаву озода сӯйи дабистон пай мезад, ҳисси ифтихораш меафзуду ба ӯ ҳавас мекард. Ва гоҳе ҳам дар ҳавои созу навои падар беихтиёр ба пойгаҳ медаромаду чарх мезад ва дар чорабиниҳои мактабӣ ҳам ҳунараш ҳувайдо гардид. Вале, ахиран дар интихоби касб пайроҳаи модарро гирифт.
Дар солҳое, ки роҳҳои доимӣ ҳанӯз кушода набуданду омаду рафт ба маркази ҷумҳурӣ барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят душвориҳои зиёд дошт, ба мақсади таъмини макотиб бо омӯзгор бо ҳидояти Роҳбари давлат дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла дар маркази ноҳияи Дарвоз, филиали Донишкадаи омӯзгории Душанбе кушода шуд. Бо хатми таҳсил дар ин ҷо Қумринисоро ба мактаб даъват карданд. Ӯ мехост, ки такмили касб кунаду соҳиби таҳсилоти олӣ шавад ва ба ин хотир довталаби таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ гардид. Ин тасмими вай бо хайрхоҳии хушдоманаш, ки намехост дар роҳи рушди касбии келини пуркораш монеа пеш биёяд, амалӣ гардид. Қумринисо донишгоҳро бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм намуд.
Ӯ содиқона ба ҷодаи касбӣ қадам гузошту зуд ба қалби кӯдакон роҳ ёфт. Кӯдакон самимиятро меписанданд ва дар симояш боз як шахси барояшон наздикро дарёфтанд. Бо тадбиқи усулҳои фаъоли таълим,ки ҳадафашон барангехтани шавқу завқ ва ҳисси кунҷковии кӯдакон ба мавзӯъ ва ташаккули афкори ҷӯяндаву эҷодкор дар ниҳодашон аст, натиҷаҳои хуби таълимӣ ба даст омаданд. Дар тӯли зиёда аз 20 соли фаъолияти педагогӣ ва баҳрабардорӣ аз таҷоруби омӯзгорони собиқадор эътимоди ҳамкорон ба ӯйи кадри ҷавон, ки дар баробари ташаббускору заҳматписандӣ аз фарҳанги баланди муошират бо ҳамкорон ва талабагону волидон бархӯрдор буд, афзуд. Ин аст, ки вақте масъалаи таъйини сарвари нав пеш омад, тасмими роҳбарияти ноҳия ва аҳли омӯзгорон ба ҳам мувофиқ омад.
Дар ноҳия чанд сол боз нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳама пеш дар ҷумҳурӣ иҷро мешавад. Бо оғози маъракаи даъвати тирамоҳии имсола писарашон Бахтинур, ки дар Бишкек таҳсилоти олӣ дарёфта буд, ихтиёран азми ба хизмати ҳарбӣ рафтан карду падару модар ба ӯ дуои нек доданд. «Ҷигар ҷигару дигар дигар аст» садо медиҳад, мақоли халқӣ. Вале, муаллима Қумринисо ҳамаи тарбиятгирандагони мактабро мисли фарзанд мешумораду байнашон фарқе намегузорад ва бар ин бовар аст, ки сарвар ва омӯзгор бояд дар ҳама ҷабҳаҳо намуна бошад.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Дарвоз