Ман як зарра реги онам
Дар ҳуҷраи кории начандон бузург зани ҷавони хушсимо пушти мизи анбӯҳи коғаз нишаста, варақ мегардонду чизе меҷуст ва бо пайдо кардани иттилои зарурӣ рӯ ба ҷониби монитор мекарду тугмаҳои ройонаро бо чобукии ҳайратомез пахш менамуд. Дар як гӯшаи миз зери шиша байти зерин рӯи варақ ба чашм мерасид:
Аз ту, Роғун, иқтидори миллат афзун мешавад,
Тоҷикистони азизи мо дигаргун мешавад.
Ӯ аз зодгоҳи хеш кӯч бастаасту бо нияти бузург дар шаҳри поку ороставу сарсабзи Роғун сукунат гирифта. Хост, ки шабеҳи Фарҳоди кӯҳкан синаи ҳар сангро бишкофта, роҳкушои нур бошад, агарчи зан буваду ба гуфти баъзе мардҳои ноогоҳ «лаби латта». Бо таассуф дарёфт, ки тахассуси ӯ дигар асту носозгор ба азми созандааш. Вале, бо ин иктифо накарда, мувофиқ ба ихтисосаш фаъолиятро дар шуъбаи кадрҳои ҶДММ «ТоҷикСГЭМ», ки ба танзими махсуси гидроэлектрикии Неругоҳи барқи обии Роғун даст дорад, шурӯъ кард. Мақоли халқии «Кори намешуданӣ, нест»-ро шиор хонда, ба ҳуҷҷатнигории кадрӣ – тартиб додани фармону шартномаҳо, огоҳномаву низомнома, қабули аризаи шаҳрвандон ба кор, навиштани иҷозатномаҳо ба онҳо ва ба дигар санадҳои зарурӣ пардохт.
- Нақши ман дар сохтмони ин иншооти бузурги аср, гарчанде хеле ночиз аст, ба мисле ки неругоҳ биёбони кабир асту ман як зарра реги он, ҳамоно хушбахтам, ки арзане ҳам бошад, метавонам дар ин кори пуршараф саҳим бошам, - бо ифтихор иброз дошт Бунёдгул Аминбекова, мутахассиси шуъбаи кадрҳои ширкати мазкур.
Агарчи ҳини ба ҷо овардани вазифа дар ҳаракати ҷисмонӣ маҳдудият ба вуҷуд меояд, Бунёдгул ҳар замон мекӯшад, ки дар дафтари корӣ зиёд нанишинад, ҳуҷҷатҳоро ба ҷевон мекӯчонаду онҳоро ба тартиб меорад, назди корафтодагону корҷӯён ба ҳуҷраҳои дигар мегузарад ва бо муносибати неку хайрхоҳона муоширатро ба роҳ мемонад.
- Ба назар чунин менамояд, ки фаъолият дар шуъбаи кадрҳо ниҳоят саҳл аст, ҳатто баъзеҳо онро нодида мегиранд. Ҳол он ки мутахассиси он бояд аз асосҳои илми ҳуқуқ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, усулҳои корбарӣ ва идоракунӣ ба хубӣ огаҳ бошад. Мо бевосита ҳамарӯза бо одамон муошират менамоем, аз ин рӯ, фаҳму фаросат, тарзи дурусти муносибат ва некхоҳӣ олоти асосии кории мост, зеро ҳайати кории ширкати мо иборат аз 736 нафар мебошад, ки аксарияти онҳо тоҷиконанду боқӣ шаҳрвандони ИДМ, - иброз дошт Бунёдгул. Дар ин росто, қобилияти ташкилотчигӣ доштану саҳл анҷом додани кори гурӯҳиро низ ниҳоят муҳим мешуморад. Соҳиби як фарзанди ширинрӯ асту лаҳзаҳои фориғ аз корро ба тарбияи ӯ мебахшад ва аҳёнан ҷӯробу нимтана, кулоҳу гарданпеч мебофад.
- Роғун ба Бадахшон, ки зодгоҳи ман аст, шабоҳат дорад, чаро ки дар ҳалқаи кӯҳҳои гардунсо буда, аз боду ҳавои тоза ва табиати афсонавиаш хушам меояд. Ҳамчун мутахассиси ҷавон гуфтаниям, ки сохтмони иншооти бузург воқеан қаҳрамонӣ буда, кишвари моро аз буҳрони энергетикӣ раҳо месозаду бо манбаи азими нур Тоҷикистони азиз ба зинаи баланди тараққиёт по мениҳад.
Тозанигорӣ сари ҳар қадам
Ба мисли Бунёдгул Аминбекова дар коргоҳҳои хурду бузурги муҳташамтарин иншооти гидроэнергетикӣ - Роғун занон низ заҳмат мекашанд. Зайнабгул Одинаева тӯли якуним сол аст, ки дар ҶДММ «Асри нур» ба ҳайси поккору тозанигор фаъолият дорад. Тартиботи дохилии коргоҳро ба хубӣ аз худ кардаву субҳи бармаҳал дару тирезаҳои ҳуҷраҳои фароғати кормандонро во намуда, онро аз гарду гиландудаҳо бо сидқ пок месозад, то фарзонафарзандони миллат, ки дар басти шабона мижа таҳ накарда, заҳмат мекашанд, дар ҷойхоби тозаву ҳуҷраи ҳаводода бихусбанду кӯфти хастагӣ бароранд.
- Аксарияти онҳо аз ноҳияҳои дурдасти кишварамон ба ин ҷо омадаанд. Саҳми онҳо дар бунёди коргоҳи тавлиди барқ ниҳоят муҳим аст ва бо дарки афзалияти он дар сангари сохтмонӣ фидокорӣ нишон медиҳанду исми худро дар таърих абадӣ сабт месозанд. Бароям шараф аст, ки хидматгузори баҳодурони Ватанам, - бо сарфарозӣ иброз медорад Зайнабгул.
Ба гоҳи сабукии кор либосҳои гардолуди кормандонро шуста, мехушконад ва иктифо аз сипосгузории онҳо менамояд. Бар он иқрор аст, ки ҳангоми нигоштани тозагӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ басо муҳим аст, аз қабили бо сачоқи нам пок накардани абзори барқии фаъол, ҳини тоза кардан ё зудудани доғҳои мавҷудаи дохили бино истифода набурдан аз маводи оташангез, ҷудо нигоҳ доштани лавозиму олоти шустушӯи ташноб аз дигар василаҳои тамизкории умумӣ, пӯшидани дастбелаҳо ва мӯзаҳои махсус ҳангоми шустани толорҳо бо маҳлулҳои тамйизкунанда, ба қадри имкон истифода накардан аз обҷӯшҳои барқии хатарзо, риояи қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ва донистани нуқтаҳои ҷойгиршавии афзори оташнишонӣ ва амсоли инҳо.
- Дар радифи ман занони зиёде дар ширкатҳои гуногуни хизматрасони неругоҳ заҳмат мекашанд. Аксарияти кормандони ошхонаҳо бонувонанд, ки дар ҳар ширкат ба 300–400 нафар заҳматкаш хӯрок омода месозанд. Гарчанде кори ошпазон пурмашаққат аст, ҳамоно мамнунанд, ки андак ҳам бошад, бар нафъи халқу Ватан хидмат мегузоранд, зеро онҳо дарк менамоянд, ки бо бунёд гардидани Неругоҳи барқи обии Роғун иқтисодиёти кишвар даҳчанд боло рафта, некуаҳволии мардум фароҳам меояд ва Тоҷикистони азиз ба ахтари ҳамешатобон мубаддал хоҳад гашт, - иброз дошт Зайнабгул.
Воқеан ҳам, бунёди ин иншооти азими стратегии мамлакат барои ҳар фарди соҳибватани бонангу номус шараф асту ифтихор, ки бо амри дилу виҷдон дар ин кори хайр ҳисса мегузоранду дар саҳфаи таърих боби наве мекушоянд, ки оғози он калиди фатҳ асту навиди бахти миллати покнажоди тоҷик.
Ситора ШАРИФӢ,
шаҳри Роғун