Тараққиёти шаҳрро ғолибан соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, боғу токпарварӣ ва саноат таъмин мекунанд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар намои шаҳр ба куллӣ дигаргун гардида, биноҳои хушсохти замонавӣ, иншооти бузург, тарабхонаву мавзеъҳои таърихӣ, мактабу варзишгоҳҳои сохти нав ва марказу маконҳои истироҳативу тафреҳгоҳҳои мавриди баҳрабардорӣ ин ҷоро ҳусни дигар бахшидаанд. Дар даромадгоҳи шаҳр аз гардиши шоҳроҳ мавзеи фароғативу истироҳатии «Нақб» рӯи кор аст, ки бо тарҳи хеле ҷолиб сохта шуда, дорои шаршара, ҳавз, мавзеъҳои сабзпӯш ва намоишӣ аст, ки рамзи нурофарии Роғунро таҷассум менамоянд. Барои боз ҳам зебову дилрабо гардидани шаҳри Роғун корҳои сохтмонӣ ва таҷдиду азнавсозӣ ҳамоно дар авҷ. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки дар маркази шаҳр воқеъ мебошад, корҳои сохтмонию барқарорнамоӣ ба итмом расида, сайргоҳи мазкур дар арафаи 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Дар заминаи тадбирҳои ободкориҳо бунёди маҷмаи ёдгории Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Роғун дар назар аст.
- Дар ҳудуди шаҳри Роғун 254 адад иншооти хизматрасонӣ фаъолият менамояд. Шаҳр дорои 3 тарабхона, 32 ошхона, 3 меҳмонкада, 6 осоишгоҳ, 5 ҳаммом, 19 дорухона, 7 толори варзиш, 116 мағоза, 5 сехи дӯзандагӣ, коргоҳи адрасбофӣ ва 1 сехи маҳсулоти нонӣ мебошад, ки назар ба соли гузашта 29 нуқтаи хизматрасонӣ афзудааст. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонию барқарорсозӣ ва таъмирӣ маблағи муайяне ҷудо гардид. Ин маблағҳоро ба бунёди мактаби замонавӣ барои 520 хонанда дар деҳаи Қандаки шаҳри Роғун, сохтмони пешайвон дар бинои Маркази ҷавонон, шуъбаи маорифу САҲШ ва таъмири роҳу кӯчаҳои дохилӣ ихтисос дода мешаванд, -гуфт дар суҳбат бо мо муовини раиси шаҳри Роғун Файззода Фирӯза Убайдулло.
Дар бахши кишоварзӣ низ комёбиҳои роғуниҳо назаррасанд. Кишоварзӣ ба яке аз риштаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи шаҳр табдил ёфтааст. Дар асоси дурнамо кишоварзон дар майдони 2602 га кишти баҳорию тирамоҳӣ гузаронданд. Кишти ғалладона, зироатҳои техникӣ ва хӯроки чорво дар 1118 гектар сурат гирифт, ки баробар ба 102 % нақша мебошад. Инчунин, дар майдони 12 гектар барқарор намудани боғҳои куҳна анҷом ёфт. Самти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ дар шаҳри Роғун чун дигар соҳаҳо афзалиятнок шинохта шуда, рушди онҳо баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ замина ва имконоти зиёдро фароҳам меоварад. Бо дарназардошти мавзеъҳои таърихӣ, рӯду чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои зебо шаҳри Роғун барои рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан дар фасли тобистон мувофиқу мусоид аст. Бо истифода аз ин имкон мавзеъҳои истироҳатӣ ва табобатӣ таъсис ёфта, фаъолияти густурда мебаранд. Дар фасли зимистон барои лижатозӣ шароитҳои зарурӣ фароҳаманд. Сайёҳон ва ё меҳмононе, ки ба шаҳри Роғун меоянд, пеш аз ҳама, ба тамошои иншооти азими аср - НБО Роғун майл мекунанд ва ҷиҳати гирифтани табобат ба шаҳраки Оби Гарм ва мавзеи Муллошайх, ки дорои чашмасорони гарми табиии шифобахш мебошанд, ташриф меоранд. Обҳои мазкур барои табобати бемориҳои тарбод, пӯст ва дигар намуди маризиҳо нофеъ буванд.
- Бо мақсади хидматгузории хуб барои сайёҳону меҳмонон дар шаҳр осорхона, боғи фарҳангии замонавӣ, 6 осоишгоҳ, тарабхонаву қурутобхона бо тарҳу таҷҳизоти миллӣ ва талаботи замони муосир фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, мавзеъҳои фарҳангиву таърихие амсоли зиёратгоҳи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, ки дар баландии тахминан 1750 м аз сатҳи баҳр дар дохили ҷангалзор воқеъ мебошад, таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб мекунанд. Инчунин, мақбараи Эшони Қиёмиддин, мақбараи Эшони Абдураҳмонҷон, мазори Хоҷаи Дарвеш, Хоҷаи Қалавур, Ҳазрати Фарҳод, Ҳазрати Шоҳ, Хоҷаи Бӯстон, Хоҷаи Ҳофиз, Хоҷаи Гулрез, мазори Сарчашма, хазинаи Акаҷонбой, кӯҳи Яхдон, мавзеъҳои Гули Сурх, Луғур, Марғзор, дараи Хоҷхарф ва ғайраҳо арзи ҳастӣ доранд. Баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва барои рушд додани ҳунарҳои мардумӣ дар арафаи Ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби сокини шаҳри Роғун Маҳина Хайруллоева биное барои намоиши ҳунарҳои мардумӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар он 10 нафар зан соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид, онҳо ба духтарони ҷавон тарзи дӯхтани либосҳои милливу аврупоиро ройгон меомӯзонанд, - мегӯяд Фирӯзабону.
Саҳми бонувони шаҳри Роғун дар рушди тамоми бахшҳо эҳсос мешавад. Аз 21 ҳазору 972 нафар заноне, ки дар шаҳр иқомат менамоянд, 12 ҳазору 910 нафарашон дар сохторҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маориф фаъолият мебаранд. Айни замон дар шаҳрдории Роғун 1 нафар зан ба ҳайси муовини раис ва 2 нафар мудири бахш ифои вазифа менамоянд. Ҳамчунин, дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр занон 11 курсиро ба худ ихтисос додаанд, ки 6 нафар вакили шаҳрӣ ва 5 тани дигар ҳамчун вакили шаҳраку деҳот хидмат мекунанд. Ба ҷуз ин, раисони шӯроҳои кор бо занон дар маҳаллаҳо, ҷамоату деҳот, директорони таълимгоҳҳо, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва соҳибкоронро бонувон ташкил медиҳанд. 402 нафар бону дар сохтмони НБО Роғун фаъолият менамояд, ки 4 нафар аз онҳо вазифаи роҳбариро бар дӯш дорад. Барои ҷалби духтарон ба макотиби олӣ ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда, рӯз ба рӯз сафи хоҳишмандони тамдиди таҳсил меафзояд. Аз 98 нафар донишҷӯи ин шаҳр, ки тавассути Квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, 48 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Инчунин, тавассути Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар хатмкардаи муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия машғули таҳсил аст.
Бино ба гуфтаи Фирӯза Файззода дар ҳудуди шаҳр ташкилотҳои сохтмонӣ низ фаъолият менамоянд, ки ба истеҳсол ва коркарди масолеҳи бинокорӣ машғуланд. Дар ин росто, дар охири соли 2018 ва аввали соли 2019 сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои таъмини зиндагии шоистаи аҳолии шаҳр хидмати хуб хоҳанд кард.
-Дар сурати ба кор даромадани 1 адад чархаи НБО Роғун, ки 16 ноябри соли 2018 дар назар аст, дар яку ним моҳи соли 2018 истеҳсоли неруи барқ 90 млн кВт/с ба маблағи 15,1 млн сомонӣ ва дар соли 2019 ин нишондод ба 2 млрд 622 млн кВт/с ба маблағи 482,2 млн сомонӣ мерасад. Ин падида дар таъмини неруи барқ ва рушди иқтисодии кишвар нақши босазо хоҳад дошт, - гуфт бо хушнудӣ Фирӯза Файззода.
Шаҳдрезаи РАҲМОН,
шаҳри Роғун