Таваллуди нахустфарзанди оила ба кулбаи зану шавҳари омӯзгор нуру зиё оварду ҳам ба хонаводаи аҷдодони онҳо хушнудию саодати бепоён, зеро Шаҳноза аввалин набераи бибию бобоҳояш маҳсуб меёфт. Чустӣ, ғаюрӣ, хушбинию истеъдоди фавқулода ва дигар сифатҳои зеҳние, ки дар ӯ ба чашм мехӯрд, аз тарбияи падар маншаъ мегирифт, ки дар симои духтари нозбӯи хеш ҷавони тавонманду хушсалиқаро дидан мехост.
- Падарам аллакай муассисаҳои олии ҳарбиро хатм намуда, фаъолияти худро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома медод ва шояд аз он сабаб, ки зарурати иваз намудани макони зист пеш меояд, мо, фарзандонашро барои дар муҳиту шароитҳои гуногуни зиндагӣ мутобиқ шудан, омода мекард, - ба дуки сухан қисса меришт Шаҳноза Маҳмадсайидзода. – Ҳамин сон, ба кадом шаҳру ноҳияе, ки барои адои вазифаи хизматӣ мерафт, мо низ ҳамроҳаш макони зистамонро иваз мекардем.
Шаҳноза дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии нуқтаҳои маъмурии гуногун таълим мегирад. Соли 2003 баъди хатми литсейи давлатии ноҳияи Дӯстӣ, тибқи Квотаи президентӣ донишҷӯи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ гардид. Муҳити баробарию солими хонаводагӣ ва фароҳам овардани шароиту бартариҳои иҷтимоӣ нисбат ба духтарон сабаб гардид, ки хонумони ин хонадон дар рӯҳияи хушбинию озодандешӣ, аммо дар доираи фарҳанги миллӣ тарбияву ба воя бирасанд. Шаҳноза донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда, барои оғози фаъолияти омӯзгорӣ ба литсейи давлатии ноҳияи Дӯстӣ баргашт. Дар баробари зиёд гардидани таваҷҷуҳи ҷомеа ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дар сафи устодонаш ба насли наврас дарс гузаштанро масъулияти бағоят ҷиддӣ мешумурд ва ҳама ҳастии худро ба кори таълиму тарбия бахшид.
- Идеали ман дар ин ҷодаи пурмасъул устоду раҳнамои касбиам Муҳаббат Абдураҳимова аст, ки дар баробари маҳорати баланди илмомӯзӣ дар қалби шогирдон меҳру муҳаббат ба касби омӯзгориро ҷой дода метавонист. Баъди оиладор шудан фаъолияти омӯзгориро дар МТМУ №5 шаҳри Норак идома дода, сипас ба ҳайси мушовир ва баъдан мудири кӯдакистони №5 дар ин ҷо фаъолият доштам. Бинобар вазифаҳои хизматии шавҳар муддате дар маркази вилояти Хатлон ба сар бурда, тӯли ин солҳо дар раёсати маорифи вилояти Хатлон ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи забонҳои хориҷӣ ифои вазифа намудам. Солҳои 2012–2013 сармураббии кӯдакистони №77 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва баъдан мудири шуъбаи маорифи шаҳри Левакант таъйин шудам, - мегӯяд ӯ.
Ӯ аз ҷавонтарин мудирони даврони соҳибистиқлолии соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад, ки овони ба ин вазифа таъйин шуданаш, ҳамагӣ 26 сол дошт. Дар ин шаҳри саноатӣ, ки таваҷҷуҳи сокинонаш ба донишандӯзии фарзандон зиёд аст, аз таъйини духтари ҷавон ба ин вазифа на ҳама эҳсоси хушбинӣ мекард. Ин буд, ки иддае аз довталабони ин вазифа «аз дасти ин кӯдак чӣ кор меояд», - гуфта, интизори нокомиҳои ӯ буданд. Аммо, дидгоҳи тозаву идеяҳои ояндасози маорифпарвари навҷӯ ба зудӣ дар маҳзари ом ҳувайдо шуд, ки бунёди нахустрӯзномаи шуъбаи маорифи шаҳр «Нури маърифат» намунае аз тарҳҳои муваффақи ӯст.
Новобаста ба фаъолияти матбуоти муосир лоиҳаи «Нури маърифат»-и шуъбаи маорифи шаҳр собит сохт, ки талаботи ҷомеа, бахусус омӯзгорону толибилмон, ба матбуоти соҳаи илму фановарӣ зиёд аст. Матбуоти маҳаллӣ, ба вижа нашрияҳои соҳавӣ, бар замми маърифатнокии талабагону баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон, дар инъикоси масоили мавҷуда ва ҳаллу фасли мушкилиҳои соҳаи маориф нақши муассир дорад, - ибрози назар менамояд Шаҳнозабону.
Баъдан ба ҳайси мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш ӯ нашрияи рангаи соҳавиро таъсис медиҳад, ки имрӯз бо теъдоди 2 ҳазор нусха дастраси хонандагон аст. Шиори пешбарандаи Шаҳноза шоҳгуфтаҳои бедорибарангези Пешвои муаззами миллат аст, ки ҳанӯз соли 1997 дар нахустин Форуми бонувони кишвар садо дода буд: «Бонувони тоҷик аз уҳдаи ҳамаи вазифаҳо бо сарбаландӣ баромада метавонанд!».
- Роҳбарияти олии кишвар аз мо, дастпарварони квотаҳои президентӣ риояи адл, ҳақиқатҷӯӣ, саъю талошу мубориза баҳри рушду пешрафти Тоҷикистон ва дигар рафтору пайкори шоистаро интизор аст,- бо ифтихормандӣ изҳор дошт Шаҳноза.
Роҳнамои ӯ дар ин ҷодаи пурмасъулияту басо ноҳамвор зодмандони ҳакиму заковатмандаш мебошанд, ки аз тору пуди соҳаву асрору муаммоҳои кори таълиму тарбия огоҳӣ доранд. Ҳамзамон, дар кушодани уқдаҳои пурмуаммои фаъолияти роҳбарӣ ва тасмимгириҳои ҷадид аз чанд тан устодонаш, ки омӯзгорони саршиноси тоҷик ба ҳисоб мераванд, маслиҳату машварат мегирад. Зарфияти қобили таваҷҷуҳ иродаи матини вай аст, ки баръакси зиддияту рақобатҳои носолим ҷасорату суботмандӣ нишон медиҳад.
- Гирди масъалаи истеҳсолу таъминоти аҳолӣ бо либоси мактабӣ афкору андешаҳои зид шунида мешаванд, лекин ман ҷонибдори амалӣ гаштани ин иқдом мебошам. Чаро ки он ба таъмини ҷойҳои корӣ, ғанӣ сохтани буҷети маҳаллӣ, даромади оилаҳо ва, умуман, ба рушди ҷомеа мусоидат менамояд,- мегӯяд Шаҳноза. – Мутмаинам, ки бо гузашти ду-се соли дигар натиҷаи самарабахши ин тарҳи бузургро хоҳем дид.
Бино ба қавли ӯ таҷрибаи мазкур дар ноҳияи Вахш амалӣ шуда, ба 1-уми августи соли 2018 корхонаи навтаъсиси «Ахтари Вахш» беш аз 15 ҳазор ҷуфт сарулибоси мактабӣ истеҳсол намудааст, ки ин 65 дарсади нақшаи имсоларо ташкил медиҳад. Итминони комил аст, ки дар солҳои оянда коргоҳи мазкур талаботи аҳолии ноҳияро бо либоси мактабӣ пурра таъмин хоҳад кард. Дар баробари пешравиҳо дар соҳаи маорифи ноҳияи Вахш мушкилиҳое вуҷуд доранд, ки дар солҳои наздик ҳалли худро пайдо мекунанд. Мусаллам аст, ки дар ин самт баланд бардоштани савияи донишу маҳорати омӯзгорони ҷавон дар мадди аввал меистад. Баъдан, равандҳои иҷтимоӣ аз омӯзгорон тақозо доранд, ки ҳамрадифи таҳким бахшидани кори таълиму тарбия дар ташаккули афкори ҷомеа ва ҳидояти мардум баҳри пешрафти кишвари азиз нақши калидӣ дошта бошанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки: «Дар боғи зиёбахши маърифат, муаллим навдаи зайтун бошад». Пас, мо - маорифпарваронро мебояд, ки ба хотири ба даст овардани он мақому ҷойгоҳи шоиста дар ҷамъият, аз сидқи дил саъю талош варзем,- иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Шаҳноза.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Вахш