Ин духтари тоҷик бо писарчааш Иброҳимҷон маро хуш истиқбол кард. Дар нигоҳи аввал чун дигар духтарони тоҷик зебо, маҳфилоро, меҳмондӯст ва меҳрубон ба назар мерасад. Табассумҳои зебояшро дида кас гумон мекунад, ки ӯ дар дил доғе надорад. Нафарони зиёде аз миллатҳои гуногун барои ҳимояи ҳуқуқҳояшон ба ҳуҷрааш меомаданду мерафтанд. Хостам дар бораи фаъолияти кориаш пурсон шавам, зангаш задам, гуфт соате пас меоям. Молики чанд нуқтаҳои хурди дӯзандагист. Расмҳову ифтихорномаҳои дар девори хона овезонро хонда, каме дар борааш маълумот дарёфтам. Маълум буд, духтари фаъолу ҷасуру хайрхоҳест. Дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва сиёсии Томск фаъолона ширкат меварзад. Ҳамватанон бештар ба суроғаш меоянд, зеро хуб медонанд, коре, ки Аслиёзода Гулдастаи Садриддин рӯи даст мегирад, бомуваффақият анҷом медиҳад. Касе бемор аст, касеро ёрии молиявӣ даркор мешавад, касеро хешовандонаш дар паҳлуяш нестанду бемор асту парасторӣ мехоҳад, чун хоҳару чун модар мададгорию ғамхорӣ мекунад.
Сари як пиёла чои кабуди доғ суҳбатамон метасфад. Андешамандона ба нуқтае чашм медӯзаду изҳор мекунад:
-Падарам корманди ҳарбӣ буданд ва ба Россия фиристода мешаванд. 14 - сола будам, ки падарам вафот карданд. Мо - шаш хоҳару як додар дар чорсӯи зиндагӣ бемуттако мондем, тарбияву нигоҳубинамон ба дӯши модар уфтод. Ман, ки бузургтар аз хоҳаронам будам, аҳволи модарамро он солҳо ба ёд меораму дилам реш мешавад. Барои мо ҷорӯбкашӣ ҳам карданд, фаррошӣ ҳам, чаро ки таҳсилоти тахассусие надоштанд. Талошу такопӯ менамуданд, то мо дурусту серу пур ба камол бирасем, вале зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Ва, ҳарчанд модар заҳмат мекашиданд, 7 нафари моро хӯрондану пӯшондан осон набуд. Хурд будам ва доимо дар орзуи шиками серу хӯроки бомазза. Хешу таборони падарам хостанд моро бозпас ба Тоҷикистон баранд, аммо модар розӣ нашуд, зеро дар дабистони маҳаллӣ мехондем ва барои омӯзиши забони русӣ ва дигар имтиёзҳо мондем дар ин диёр. Модар аз мо фақат як талаб доштанд, дар мактаб нағз хондану сари ӯро хам накардан ва бо рафтору ахлоқи хуб рӯҳи падарро шод намудан. Баъдан чун бузургтар шудам, худ тасмим гирифтам дар тарбияи фарзандон ба модар мадад расонам. Сахташон мегирифтам хоҳаронамро то хонанд, ҳунар ёд гиранд, ахлоқи тоҷиконаашонро, таъриху фарҳанги худро фаромӯш накунанд. Хоҳаронам яке паи дигар мактабу литсейҳоро бо баҳои аъло хатм карданд. Ҳоло ду хоҳарам, яке дар омӯзишгоҳи олии прокурории ҳарбии Томск, дигаре дар Донишгоҳи давлатии таърихшиносии Томск сарбаландона тамдиди таҳсил доранд. Ман азобҳои кашидаи модарамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам ва гоҳҳо ба хоҳаронам мегӯям: «Агар модар соҳибтаҳсилот мебуданд, шояд ин қадар азоб намекашиданд. Аз ин рӯ, фикру зикратон фақат ба хондану соҳибкасб шудан бошад». Худ, ки мушкилиҳои зиндагиро озмудаанду доғи ятимиро чашидаанд, таъсиси фонди хайриявии «Муъҷизаи муқаррарӣ»-ро раво шумурданд. Ин фонди хайриявӣ на танҳо ба оилаҳои ниёзманди тоҷики муқими Томск, балки ба корафтодагони дигар халқиятҳо низ ёрӣ мерасонад. Оре, зиндагӣ сабақаш дод, то рӯҳану ҷисман қавӣ бошаду меҳнатдӯст. Воқеан, ӯ коллеҷи ҳуқуқшиносии Томскро хатм карда, алъон ба қасди дарёфти таҳсилоти олӣ дар ин ришта донишҷӯи соли сеюм мебошад.
- Инсонҳое ҳастанд, ки дар вазъи душвори зиндагӣ дасташонро мегиранд, вале намедонам, шояд инаш беҳтар буд, ки касе дасти моро нагирифт ва мо бо қувваи худ тавонистем худро созем, таҳсил кунем, таҳсилот гирем, мавқеъ пайдо кунем, нону ном ёбем. Модарам фақат мегуфтанд: «То як курта гулгун мекунӣ, сад ҷигар хун мекунӣ», яъне кори дунё осон нест ва наметавон саҳлу сабук ба комёбие ноил шуд, - иқрор меояд ӯ.
Ҳини суҳбат бо ин бону ба чашмони зебояш менигараму меандешаму ба дил мегӯям: «Офарин Гулдастаи Садриддин, ки дорои иродаи тавоно ва рӯҳи қавӣ ҳастӣ, дили бузургу ҷасорату фаросати фитрӣ дорӣ!».
Садбарг БОҚИЕВА,
шаҳри Томск