Тирамоҳи соли 1992 дар шабе чашм ба олами ҳастӣ кушод, ки тақдири минбаъдаи миллату давлати тоҷикон ҳал мешуд. Муҳити оилавӣ, пайроҳаи тангу ноҳамвори зиндагӣ ва ё дигар омилҳои иҷтимоию равонӣ буд, ки духтарбузурги хонадон дар рӯҳияе ба воя мерасид, ки дар пешорӯи мушкилу ҳолатҳои ногувори зиндагӣ, ҷасорату неруи нав мегирифт. Ба ҳангоме сардию сӯхтанҳои қисматро имтиҳон мекард, ки ҳанӯз ба масал ба як ҳукми гуле буду бас. Ҳоло ҳам айёми шубобу баҳори умри ӯст, ки ба қавли ҳамсолонаш боист ҳар лаҳзаро ба сайру суруру шодмонӣ гузора бинмояд. Аммо, тавре худи ӯ иқрор меояд, даври гаштан бигузашт…
Дарвоқеъ, насли ҳамсоли Фарангис, ба хусус кӯдакону наврасони рустои зодгоҳаш Тебалай, ҳанӯз аз синфи аввали таҳсилоти ибтидоӣ ранҷу азоби пиёдагардиро дар хуну пӯсти худ меозмуданд.
- Он давраҳо деҳаи Тебалай мактаб надошт ва мо барои донишандӯзӣ субҳ роҳ сӯи деҳаи «Боғи Ҳабиб» гирифта, бегоҳӣ ба хона бармегаштем. Дар ин масири қадоваи сангвор, ки ягона роҳи маҳви бесаводии мо буд, аз кӯдакӣ ба дарди обилаҳои по ошноӣ доштему азоби бордони сари китфро дар мағз-мағзи бунёнамон эҳсос менамудем, - пеши мо бозгӯ менамояд ёдҳои аҳду овони ҳафтсолагиашро Фарангиси Амрохон.
Соли 2000-ум онҳо бо аҳли хонаводаашон ба ноҳияи Шаҳритус меҳмонӣ меоянд ва баъдан ин диёри файзборро барои зиндагии доимӣ ихтиёр менамоянд. Дар муҳити нави рӯзгор сарвари хона ба соҳибкорӣ шуғл варзиду модар ба хотири тарбияи фарзандон хонанишиниро ихтиёр кард. Фарангис чун фарзанди калонии оила бар замми сарбориҳои оилавӣ дар донишомӯзиву ҳам корҳои ҷамъиятии мактаб нақши пешоҳангӣ дошт. Ӯ ба рафтору гуфтор ва дигар зарфияти солиаш дар тарбияву ташаккули зеҳнии хоҳаронаш таъсиргузор буд, ки дар пайравӣ ба ӯ хоҳаронаш ҳам дар баробари таҳсил дар таъмини рӯзгори хонавода то ҷойи тавон кӯшиш ба харҷ медоданд.
Аз баёни нахустин шеърҳои эҷоднамудааш, устодону ҳамсабақон дар симои Фарангис шоираи ояндадореро ҳадс мезаданд. Тавре ҳамсабақонаш ёдовар мешаванд, ӯ дар овони мактабхонӣ аз ҷавонтарин эҷодкорони ноҳия ба шумор мерафт, ки дар мавзӯъҳои Ватан, Тоҷикистон, модар ва дигар арзишҳои муқаддас шеъру таронаҳо менавишт.
- Эҷоди шеъру тарона як бахши алоҳидаи дунёи инсон аст, ки баъзе чакидаҳои оташини онро ба хидмати умум мегузорем, вале ман одатан маҳсули зеҳну қаламро, ки ба дарди имрӯзи ҷомеа намесозад, дар зовияҳои зеҳну жарфнои хотираҳо маҳфуз медорам, - иқрор меояд ӯ. Пас аз лаҳзаи сукут андешаашро идома медиҳад: – Ростӣ, аз миёни ҳама шуғлҳои варзидаам бештар ба фанни таърих меҳру муҳаббатам боло мегирифт. Ҳар ёдгории таърихиеро, ки дучор меомадам, омӯзиши замону макони пайдоиши он чанд моҳи дигар зеҳни маро гарояндаю гирифтори худ менамуд. Зимни як саёҳат ба шаҳри бостонии Ҳисор пораи гилинеро аз замин бардоштаму эҳсоси аҷибе маро фаро печид. Ин моли қадимӣ ончунон бароям ошно менамуд, ки гӯиё онро куҷое вохӯрда бошам. Баъзан аз тамошои як кӯзаву дигар нигораҳои бостонӣ он қадар фикру андешаҳо дар зеҳни ман рӯ мезананду ғалаён мекунанд, ки ту гуфтӣ, як китобхонаи пиндориеро кашф кардаам. Аммо, иҷтимоъ инсонро водор менамояд, ки баъзан нақшаву ҳадафҳои худро як сӯ гузошта, ба дафи Золи рӯзгор бирақсад.
Фарангис баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, бо ихтисоси рӯзноманигори телевизион ба ноҳияи Шаҳритус баргашт. Чун аз овони донишҷӯӣ дар шуъбаи рушди иҷтимоии дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият мекард, ӯро ин дафъа ба вазифаи мутахассиси шуъбаи фарҳанг пешбарӣ намуданд. Гарчанде интихоби касб ба хоҳиши ӯ набуд, аз вуруд ба олами фарҳанг, ки ба орзуҳои кӯдакиаш тавъам буд, эҳсоси хушнудӣ дошт. Ӯ солҳои мудирияти устодаш Кибриё Норбӯтаеваро давраи дурахшони бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳритус мешуморад.
- Дар масъалаи тарбияву дастгирӣ, таваҷҷуҳ ба ҳаллу фасли масоили умдаи ҷавонон, мисли Кибриёбону Норбӯтаева инсонҳои ғамхору дилсӯз ками дар камро во хӯрдаам. Ба шарофати чунин одамони наҷиб ҷавонон ба кори ҷамъиятӣ дилбастагӣ пайдо намуда, саъю талош ва мубориза бурдан дар зиндагиро меомӯзанд, - қисса намуд Ф.Амрохонова.
Ӯ фаъолияти худро ба ҳайси мутахассиси бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Шаҳритус имтиҳони иродаву тавоноӣ дар чорабиниҳои оммавӣ мепиндорад. Воқеан, ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба машғулиятҳои судманд ва маҳфилу чорабиниҳои ҷамъиятии фарҳангию сиёсӣ донишу таҷриба ва истеъдоди баландро тақозо мекунад.
Ба қавли Фарангис, бонувон аз уҳдаи ҳамаи вазифаҳои ҷамъиятӣ мебароянд, зеро иродаву матонати зан тағйирнаёбанда аст ва онҳо ҳар кореро азм карданд, ҳатман ба сомон мерасонанд. Имрӯз барои дар арсаи сиёсат ва вазифаҳои роҳбарӣ муаррифӣ шудани бонувон тамоми имконият муҳайёст. Акнун насли нави ҷомеа, хосса духтаронро мебояд, ки дар интихоби касб ба ҳарфи дил гӯш диҳанд, то дар нимароҳи зиндагӣ ба қавле «аз ҷойе мондаву аз ҷойе ронда» нагарданд.
Дар мавриди масоили гендерӣ, ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ ва мақоми зану мард дар оила Фарангис авлавиятро ба мардон медиҳад.
- Фаъолнокии мардон дар вазифаҳои роҳбарӣ аслан аз зарфияти бунёнии онҳо нисбат ба бонувон рабт дорад, ки лозим ба шарҳи бештар надорад. Ҳаёти оилавиеро, ки дар муҳити он танҳо мард бо зӯргӯиву ҳукми мутлақ сарварӣ кунад, қабул надорам. Аммо, мард бо риояи одобу таоруф ва эҳтиром саробони хонадон бошад, ин хуб аст. Пуштибонии ман аз мардон на танҳо ба хотири он аст, ки маро дар хона «духтари оташ» меноманд,- табассумомез изҳор дошт Фарангис. - Баробарҳуқуқии марду зан андозаи худро дорад, ки онро бояд бо меъёрҳои ахлоқии анъанавии миллӣ мутобиқ созем. Ба истиснои тӯю маъракаҳо ва баъзе ҳолатҳои дигар ман нону хӯрокпазию ҳавлирӯбии мардонро қабул надорам.
Мо дар солу замонҳое қарор дорем, ки таҳсили духтарон дар муассисаҳои олӣ муҳимтарин омили пешгирӣ аз сатҳи ҷудошавии оилаҳо аст. Чунки як сабаби асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон омода набудани духтарон ба ҳаёти мустақилона арзёбӣ мегардад. Дар умум, бесаводии ҷавонон на танҳо ваҷҳи пошхӯрии оилаҳои ҷавон, балки боиси гумроҳии эшон дар зиндагӣ мегардад, - иброз дошт дар хотимаи суҳбат мусоҳибам.
Ҷ. Усмон,
ноҳияи Шаҳритус