05

Июн, 2025
Панҷшанбе

05

Июн, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ШОД БОЯД ЗИСТАН…

 

Бо он ки ба дунё омад, ба шодии волидонаш хурсандии дигарро зам афзуд. Ин оилаи ҷавону хушбахт меболид, ки Худованд аз раҳматаш онҳоро бенасиб нагардонду барояшон тифли дӯстрӯе ҳадия кард. Бо ин умед ба ӯ Шоҳзода номаш гузоштанд. Воқеан ҳам, ноздона ва шоҳзодаи падар буд. Аммо, ин ҳама хушиву хурсандиҳо дер напоид. Ҳанӯз яку ним сол дошт, ки марги нобаҳангом риштаи умри падарро барканд ва кунун ӯ дигар мусичаи беболу пареро мемонд. Модар бо ду отифаи кӯчаки худ танҳо монд. Дигар чӣ ҳам мекард, ба ҷуз тан ба қисматаш додан. Барои ба камол расондани меваҳои боғаш рӯ овард ба тиҷорат. Болои ин ҳама, Шоҳзодаи хонадонаш, Шоҳзодае, ки дар дил орзуҳои зиёд дошт, вале бехабар аз он ки ду пойи равонаш лакнат дораду ба сӯи орзуҳояш равона шуда наметавонист. Бо ин ҳама, модар ба ояндаи неки ҷигарбандаш умед мебаст ва шабу рӯзро дари беморхонаҳо месипард, аммо баъд аз ҷарроҳие орзуҳои модар ормонӣ шуд…

Шоҳзода Султонбоева соли 2000 ба мактаб-интернати №4-и ноҳияи Сино ба синфи якум омад, яке аз беҳтарин толибаҳои мактаб буд, пас аз хатм ӯ як сол дар хона монд, ҳатто завқи ба берун баромаданро надошт. Бо баҳонаи омӯхтани касби дӯзандагӣ модар ӯро ба литсей-интернати касбии махсуси маъюбон овард. Пас аз дохил шудан ба ин даргоҳ нигоҳи Шоҳзода ба зиндагӣ тағйир хӯрд.

-То ин муддат фикр мекардам, ки танҳо ман азияти маъюбӣ мекашам ва шарм мекардам, дар ҷамъият бошам. Вале дар ин даргоҳ ҳама чунин норасоӣ дошт. Он ҷо худро аз нав пайдо сохтам, назди худ мақсад гузоштам ва баҳри расидан ба армонам талош кардам, - мегӯяд Шоҳзода.

Домони орзуҳо

Шоҳзода кунун бо орзуҳою мақсадҳош дар шуъбаи ғоибонаи факултети иқтисод ва идораи ДМТ дар курси 5-ум таҳсил мекунаду дар Ташкилоти ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» ҳамчун муҳосиб ифои вазифа менамояд. Дар ин ташкилот аз кӯдакон сар карда то пирони рӯзгордида аъзоянд, ки шумораашон аз 1000 нафар зиёд аст. Шоҳзода чеҳраи ошное баҳри тамоми аъзои ҷамъият гаштааст. Бо ширинзабонию маслиҳатҳои муфидаш тавонис­та, то нафаронеро аз вартаи торикӣ ба равшанӣ биорад. Раъно Муҳибуллоева Шоҳзодаро бисёр духтари хоксору заминӣ ва идеал барои дигар маъюбон мепиндорад. Шоҳзода забони русию англисиро балад аст ва ба курсҳои омӯзишӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд ба кишварҳои ИМА, Русия ва Қазоқистон сафар намудааст ва бардоштҳояшро ба дигар маъюбон меомӯзонад. Дар баробари ин, ӯ дар аробачаи маъюбӣ ба тамрини тенниси рӯи миз ва баскетбол машғул мешавад. Ҷавони муваффақу ҷӯёи омӯзишу навгониҳост.

Таваҷҷуҳи хосса

22 марти соли 2018 дар ҳошияи ифтитоҳи ҳамоише бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» Пешвои миллат дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Конвенсияи СММ оид ба шахсони маъюбро имзо гузошт. Ин ҳуҷҷат метавонад дар арсаи олам аз ҳуқуқу манфиатҳои маъ­юбон дифоъ кунад. Тоҷикистон узви ин Конвенсия гардид.

-Ҳамасола бо супориши Сарвари давлат нафақаи маъюбон боло бурда мешавад, ки барои ин ҳама ғамхориҳо аз Пешвои муаззамамон сипосгузорем. Бояд шахсони дорои имконияти маҳдуд худро аз ҷомеа канор нагиранд.Ман ақидаҳои шахшударо шикастаниям, мехоҳам дар ҳама чорабиниҳо маъюбон низ худро нишон бидиҳанд. Бо ёрии устодам Рустам Ҷалолов мо ду номгӯи рақсӣ тайёр намудаем. Ва дигаронро низ ба ин тамринҳо ҷалб мекунем, зеро маъюбон низ қисме аз ҷомеаи моянд. Мехоҳам дар корхонаҳои давлатӣ нафарони маъюбро низ ба кор гиранд, лоақал ҳамон 5 %- и муқарраршударо риоя намоянд, - иброз дошт қаҳрамони мо.

Назарҳо гуногунанд…

Шоҳзода, ки фаҳмиши хуб дораду миёни ҷомеа, ба нигоҳҳои инсонҳо одат намудааст, вале на ҳар кас инро хуб қабул карда метавонад.

-Вақте аз кӯчаҳо мегузарам, назарҳоро ба сӯям мебинам, ки мутафовутанд. Баъзеҳо тавбакунон мегузаранд, дигарҳо дуои неки маро мехоҳанд ва аҳёнан ба ман суроғаи духтуреро медиҳанд. Дӯстонам гоҳо аз ин муносибатҳо хиҷолат мекашанд, вале ман эътимод медиҳамашон, ки набояд ғамгин шуд, чун ин тоифа одамон худ гумроҳанд. Ҳангоми савори нақлиёт шудан гоҳо назоратчиёни он моро кашолакунон ба нақлиёт ворид мекунанд, дарк мекунам, ки мадад кардан мехоҳанд, вале намедонанд, ки аввал бояд иҷоза пурсанд ва донанд, ки ба нафарони имконияташон маҳдуд чӣ гуна бояд ёрӣ расонанд?

- Дар аксари кишварҳои хориҷ касе ба маъюбон эътибор намедиҳад. Дар кӯчаю хиёбону нақлиёт ва биноҳо барои ҳаракати онҳо шароити хуб фароҳам овардаанд. Шукр, ки дар кишвари мо низ ба ин масъала диққат медиҳанд, аммо баъзеи ин роҳравҳо роҳат нестанд. Барои шахсони имконияташон маҳдуд муҳимтар аз ҳама ин бе дахолати шахси дуюм ҳаракат кардан аст ва ман умед дорам, ки масъулон мушкилоти моро ба эътибор хоҳанд гирифт, - иброз дошт Шоҳзода.

Ормонҳо

Ягона ормоне, ки Шоҳзода дар қалби ҳассосаш то кунун маҳфуз медорад, ин набудани қиблагоҳаш мебошад,чун хотироте аз падар то кунун надорад ва чӣ будани навозиши падарро намедонад.

-Ҳар бегоҳ аз тиреза ба берун менигаристам, медидам, ки дӯстонам роҳи падар мепоянду бо диданаш шодон ба сӯяш медавиданду худро ба оғӯшаш меандохтанд. Ашкҳои пинҳонӣ мерехтаму бад-ин минвол худ­ро ором мекардам, - бо дард ба ёд меорад Шоҳзода. Аз орзуҳояш пурсон шудам, табассуми ширине дар лабонаш шукуфту гуфт:

- Мехоҳам оила бунёд кунаму фарзандони солим ба дунё орам ва модари меҳрубонтарин барояшон бошам.

Фарзона ВОСЕЕВА

 

:.  Ҷавонон 14.05.2018 10:10 1764

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz