-Дар Шаҳристон устодону ҳаммактабон маро мисли як қаҳрамон пешвоз гирифтанд. Ҳама маро табрик мекарданд, ки шарафи мулоқот бо Сарвари сулҳовару ятимпарвари тоҷик насибам гардидааст. Ман бе ин ҳам бо баҳои хубу аъло мехондам, вале акнун бо кӯшишу ғайрати дучанд таҳсили илм мекунам, то донишҷӯ шавам ва ҷавобан ба ғамхорию меҳрубонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин мутахассис гардаму ба халқу Ватан хизмати шоиста намоям, - мегӯяд Гулмира.
Василий Петриченко аз падару модари русаш барвақт ятим монд ва дар мактаб-парваришгоҳи ятимон ва бепарасторони шаҳри Бӯстон таълиму тарбия мегирад. Алҳол дар синфи ёздаҳ таҳсил дорад. Бо забони тоҷикӣ мехонад ва ният дорад, ки корманди милитсия шавад. Пешвои миллат ин орзуи ӯро писандиданд ва ба масъулон дастур доданд, ки барои дохилшавии Василий ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунанд.
Хосияти Худоёр, хонандаи синфи 9-уми гимназияи № 1-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ятими кулл аст, дар бораи мулоқот бо Пешвои миллат чунин гуфт:
- Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо туҳфаҳои арзанда: сарулибос, пойафзол, пул доданд, аммо моро бештар суханони падаронаи он кас хурсанд карданд. Вақте бо муҳаббат гуфтанд, ки мо, ятимонро, дар кӯча намемонанд, то ба камол расидану ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданамон сарпарастию ғамхорӣ мекунанд, сарамон ба осмон расид, ба ояндаи худ дилпуртар шудем.
Нигора Ҷумъазодаи ятим, ки хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд аст ва дар ҳузури Пешвои миллат хеле моҳирона ва бурро суханронӣ кард, баъд аз мулоқот чунин изҳори назар намуд:
-Пешвои муаззами миллат мисли як падари меҳрубон ба мо насиҳат карданд, ки зиндагӣ, ҳаёт худ мубориза аст, набояд ба ашку ғаму андуҳ худро гирифтор ва бемор кунем, зеро рӯҳи падару модарони гузаштаи мо он вақт шод мешавад, ки фарзандонашон хушҳол бошанд.
Аҳли мулоқот ва тамошобинони шабакаҳои телевизионии кишварро суханронии хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Истаравшан Абдуғаффор Шодиев, ки ғазали иншокардаи худ «Раҳми Худо ба моӣ, эй Пешвои миллат»-ро қироат кард, ба ваҷд овард.
-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш доданд, ки ба ятимоне, ки имсол мактабро хатм мекунанд, мувофиқи хоҳишу завқашон, касбу ихтисоси интихобкардаашон дар кадом муассисае, ки таҳсил кардан мехоҳанд, шароит муҳайё намоянд, - мегӯяд Абдуғаффор Шодиев.
Мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаббат Ҳомидова, ки масъули ташкил ва гузарондани ду мулоқоти охири Пешвои миллат бо ятимони Суғд буд, зимни суҳбат изҳор дошт:
- Мувофиқи маълумоти мо то 1-уми январи соли равон дар вилояти Суғд 456 нафар ятими кулл ба сар мебарад, аз ҷумла 235 нафар духтар. Соли гузашта ба мулоқоти Пешвои миллат дар арафаи ҷашни 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 160 нафар ятим - хонандагони синфҳои 5–6 ҷалб шуда буданд, дар вохӯриҳои наврӯзии имсола 300 нафар ятим – хонандагони синфҳои 9–11 иштирок доштанд. Албатта, расондани дасти мадад ба ятимон танҳо бо ин вохӯриҳои анъанавӣ анҷом намеёбад. Дар бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки МИҲД-и вилоят 3 нафар ва дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳия сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдак кор мекунанд, ки муштаракан бо комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳия, ки раисонашон муовини раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳия ҳастанд, фаъолияти босамар мебаранд. Масалан, соли гузашта ин комиссияҳо 231 ҷаласа барпо карда, 3005 мактуб ва аризаи шаҳрвандонро марбут ба масъалаҳои кӯдакон, аз ҷумла ятимону бепарасторон баррасӣ кардаанд. Ҳамчун натиҷаи кор 221 нафар кӯдак ба васоят ва парасторӣ гирифта, 285 нафар фарзанд хонда шуд. Дар вилояти Суғд 21 муассисаи иҷтимоии бачагон, аз ҷумла 2 хонаи кӯдакон дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан фаъолият мебаранд, ки иловатан ба маблағгузориҳои давлат ба ҳамаи онҳо сарпарастон аз ҳисоби корхонаву муассисаҳо таъйин карда шудаанд.
-Давлати мо ба туфайли роҳбарии инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуб ба ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ҳар чи бештар ғамхорӣ мекунад, ки намунаи олияшро дар мулоқоти навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони вилояти Суғд дидем, - мегӯяд шоира, корманди соҳаи фарҳанги шаҳри Истиқлол Нодира Назарӣ. – Ростӣ, ашки шодии ятимон, суханони таскинбахш ва умедворкунандаи Пешвои миллатро дидаву шунида, беихтиёр сиришки ман равон гардид. Зиҳӣ, роҳбари ятимпарвари давлати музаффар!
«Бонувони Тоҷикистон