Шаш моҳи омӯзиши забони хитоӣ хотима ёфт. Дар ин муддат Озарина тавонист, ки омӯхтаашро дар бозору мағоза ва нақлиёт ба кор барад. Гӯш ба муоширати роҳгузарон медод. Аз мусофирони нақлиёт шунид, ки дар истгоҳ чӣ гуфта, ронандаро огаҳ бояд кард.
- Сухан дар дил буду то лаб меомад, вале ман гуфта натвонам, - ин лаҳзаҳоеанд, ки Озарина Муқимова бо ҳарорат ёд аз он намуд ва наметавонад онро аз дафтари хотироташ тамоми умр зудуда намояд.
«Фотограф» шудан мехостам…
Озарина Муқимова замоне, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 92 таҳсил мекард, ғолиби чандин озмуну олимпиадаҳои фаннӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он гашт. Даври охир бо муваффақ гаштан дар олимпиадаи фанни забон ва адабиёти рус дар шаҳри Санкт – Петербург соҳиби грант барои давом додани таҳсил дар донишгоҳи Санкт – Петербург шуд, вале ӯ инро напазируфт.
- Зеро аллакай ман забони русиро чун забони модариам аз худ карда будам ва зарурати вақти худро сарфи ин риштаи омӯзиш намудан бароям маънӣ надошт. Тасмим гирифтам, то дар дигар самт бахтамро санҷам, - мегӯяд ӯ.
Дар аввал шуғлҳои дӯстдоштааш ба мисоли суратгирӣ ва навохтани гитор дар интихоби касб барояш чун пешае буд. Орзу дошт, то дар оянда ба ҳайси як суратнигори нозукбин ё ромишгари мумтоз маъруфу шинохта шавад. Вақте ба волидон қисса аз як ҳиссаи орзуҳояш намуд, ба он раҳнамунаш сохтанд, то касберо пеша намояд, ки дар оянда аз мушкилии зиндагӣ осуда гардад.
- Интихоби касб бо хоҳиши падарам буд ва баъди се соли таҳсил дар риштаи табибӣ эҳсос мекунам, ки пешниҳоди қиблагоҳам олист, - бо хушҳолӣ иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Забономӯзиро хоҳиш ва муошират мебояд…
- Дар асоси талаботи мактабҳои олии кишвари Хитой пеш аз шомил шудан ба донишгоҳҳои он омӯхтани забони хитоӣ ҳатмӣ мебошад. Баъди омӯзиш ба донишгоҳи Ухан, ки яке аз мактабҳои олии бонуфуз дар давлати Чин ба шумор меравад, ҳуҷҷатҳоямро дар риштаи пизишкӣ супурдам. Бояд гуфт, ки муҳассилини ин донишгоҳ ҷавонон аз тамоми гӯшаю канори дунё мебошанд, ки ба таҳсилу омӯзиш дар ихтисосҳои гуногун фаро гирифта шудаанд. Ва, албатта, аз як кишвар то се-чор ва аз ин ҳам зиёд донишҷӯ таҳсил мекарданду ба гурӯҳҳо ҷудо мешуданд. Ман, ки як тоҷикистонӣ будам, намедонистам дар ҳолати мушкилиҳои забонӣ аз кӣ ёрӣ пурсам? Забони англисиро дар мактаб ва бо таври иловагӣ омӯхта будам, вале дар муошират бо дигарон шарм мекардам. Баъдтар ба худ шарт гузоштам, то аввал ҳамин камбудиамро ислоҳ кунам, зеро хислат асосан боиси паст шудани сатҳи забономӯзӣ мешавад, - иқрор меояд Озарина.
Ба иқрори Озарина хориҷиёни донишгоҳҳои кишвари Хитой асосан ба азбаркунии касб майл доранд, вале ба омӯзиши забони хитоӣ чандон таваҷҷуҳ намекунанд ва донистани онро зарур ҳам намешуморанд.
- Дар ҷараёни таҷрибаомӯзиҳо дар беморхонаҳои шаҳри Ухан бештар дарк намудам, ки дар самти омӯзиши забони хитоӣ ба қавле бурд кардам. Яъне, он ҳама маризон шаҳрванди Хитой буданд ва ҳамагӣ бо забони модариашон гуфтугӯ менамуданд. Вақти таҷрибаомӯзӣ дар касалхонаҳо беморонро бо суҳбат рӯҳбаланд мекардам, онҳо хеле хушҳолӣ менамуданд ва аҳсан мегуфтанд. Ё ин ки ифтихор аз он мекунам, ки вақте як нафар араб ё фаластинӣ бо сабаби надонистани забони хитоӣ маро ба ҳайси тарҷумон барои ҳалли кадом як мушкилаш бо худ ба ин ё он муассисаи зарурӣ мебарад, - мегӯяд Озарина.
Шавқу рағбат ва ҳаваси забономӯзӣ ӯро бо оилаи хитоӣ наздик кард. Вақте бо Йеин (дугонааш, ки ӯро ба хотири осон талаффуз намудани номаш Яни мегӯяд) ошноӣ пайдо кард, завқ ба забони модарӣ доштани як духтараки тоҷик муҳаббати ӯро ба Озарина афзуд ва бо ҳам риштаи дӯстӣ пайвастанд.
- Муошират бо хонаводаи Яни ва хоҳишу шавқ маро боис шуд, ки забони ҳитоиро омӯзам. Инчунин, нияти ёд гирифтани забони испанӣ ва арабиро дорам, ки аз пайи амал ҳастам. Фикр мекунам, ки ба ҳар ҷое, ки сафар кард, бояд ба забон ва бо урфу одати ҳамон кишвар таваҷҷуҳ намуд, зеро асрори ҳар миллат дар урфу одат ва забонаш нуҳуфтааст. Барои забономӯзӣ истеъдод на, хоҳиш доштан нақши муҳим дорад, - иқрор меояд ҳамсуҳбатам.
Фарҷом
Озарина аз рӯи касби интихобнамудааш шаш сол мебоист дар риштаи пизишкӣ таҳсил намояд ва инак, аз ин се соли донишандӯзӣ хотима ёфту ба дидорбинии волидон омад. Ӯ мегӯяд:
- Обу ҳавои Ватанам дигар аст, озод нафас мекашам. Оғӯши волидонам ва хонаводаамон гармтар аз нурҳои офтоб мебошад. Ман имрӯз муваққатан меҳмони Ватани худ ҳастам. Бояд ҳар лаҳзаи онро хуш гузаронам, зеро се соли дигар барои идомаи таҳсил маро хориҷ аз кишварам интизор аст. Боқӣ, Худованд насиб карда бошад, дар хизмати халқу Ватан хоҳам буд…
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО