Фарзанди нахустини хонадон буда, лекин навозишу меҳрубонии зодмандонро ба серӣ надид. Чаро ки модари ҷавонаш нигоҳубину парастории ҳафт тан кӯдакони аз хушдомани марҳумаш бепарастормондаро ба уҳда дошт. Дар ноҳия, ки ба ҷуз мавзӯи пахтакорӣ фикри дигаре дар зеҳни роҳбарон намеғунҷид, аз норасоии момодояву дигар табибони ихтисосманд хонаводаҳо дар бораи риояи фосилаи таваллуд ва солимии модару кӯдак иттилое надоштанд. Миноят ҳам аз зумраи он тифлони маъсумест, ки дар синни ҳаштмоҳагӣ аз ширу домони биҳиштии модар ва ҳаққу баҳраҳои тифлӣ маҳрум афтод. Ҳатто вақте дар беморхона бистарӣ шуд, модар аз ранҷу мушкили обистанӣ ва дигар сарбориҳои рӯзгор натавонист дар бари духтари бемораш бошад. Баъди як моҳ табибон дар муолиҷаи ӯ оҷиз монда, аз идомаи табобаташ даст кашиданд ва пайвандон тифлаки бемадорро ба хона оварданд. Ва шабонгоҳон вақте пиру барнои ин диёри заҳматбор дар хоби ноз буд, фариштае ба чашмони ашкбор сари болини кӯдаки бемор дуои бедорӣ мехонд.
Ба ранҷу шабзиндадориҳои модар ва инояти тақдир буд, ки духтари гулрухсор шифо ёфт. Чун ба синни худогоҳӣ расид, он саргузашти маҳзуни тифлиро аз нақли зодмандонаш шунида, азм кард, то дар оянда духтур шаваду модари азизро ба орзуҳои некаш бирасонад. Аз он пас шавқу рағбаташ танҳо ба пешаи духтурӣ буду бас. Овони мактабхонии ӯ ба солу замони нооромиҳои кишвар рост омад, ки мардум чанд соли дигар илму донишандӯзӣ як сӯ истад, аз ояндаи зиндагӣ умед надоштанд. Вале Миноят ғарқи олами орзуҳо устуворона гом мегузошту бо ёрии зодмандон ҳарфу вожаҳои «Алифбо»-ро пеш аз дарси устодон фаро мегирифт.
Дар партави сиёсати давлатии боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа амсоли вай садҳо духтарони лаёқатманд аз тариқи квотаҳои президентӣ ба муассисаҳои олӣ роҳ ёфтанд. Шаш соли таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар як мижа задан паси сар шуду Миноят бо дипломи олии табиби момодоя ба зодгоҳи хеш баргашт.
- Нахуст соли аввал дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов фаъолият намуда, ҳамзамон интернатураи тиббиро хатм кардам. Баъдан ба симати роҳбари Маркази ташаккули ҳаёти солими ноҳияи Носири Хусрав, корро аз бақайдгирии занони қобили таваллуд ва ба табобат фаро гирифтани гурӯҳи осебпазир оғоз намудам. Аз рӯзи аввал мушоҳида мешуд, ки аз норасоии табибони касалиҳои занона ва машваратчиёни тиббӣ дар деҳот бонувон дар бораи омилҳои солимии ҳаёт, истеъмоли дурусти ғизо ва масоили марбут ба солимии модару кӯдак маълумот надоранд, - қисса дошт Миноят Умарзода.
Давоми машварату муолиҷагузаронӣ занонро ба ташаккули ҳаёти солим, риояи фосилаи таваллуд ва гузаштани марҳилаи солимгардонии пеш аз ҳомиладорӣ тарғибу ташвиқ мекард. Дар ҳамон давраи ниҳоят муҳими саъю талошҳо ба хотири пешгирии бемориҳои занона ӯро барои идомаи фаъолият ба ноҳияи Шаҳритус фиристоданд, ки чаҳор соли минбаъда роҳбарии Маркази ташаккули ҳаёти солимро дар нуқтаи маъмурӣ ба уҳда дошт.
Пешбарӣ ба вазифаи мудири шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи ноҳияи Носири Хусравро ҳамчун имтиҳони навбатӣ барояш пиндошта, фаъолияти худро дар ин ҷода бо роҳандозии як лоиҳаи ҷадид дар самти солимгардонии занони қобили таваллуд шурӯъ намуд.
- Дар баробари таҳлилу хулосабарориҳои табибони маҳаллӣ, инчунин, аз ҷониби мутахассисони тибби вилоят ва ҷумҳур мониторинги вазъи солимии модару кӯдак дар ноҳияи мо натиҷагирӣ карда шавад, ба манфиати кор мебуд. Зеро илова ба беҳбудии шароитҳои корӣ барои мо, духтурони навоҳии дурдаст, машварату табодули таҷрибаи бо ҳампешаҳоямон аз шаҳру навоҳии пешрафта чун обу ҳаво зарур аст, - пешниҳод дошт ӯ.
Новобаста ба дастоварду навовариҳо дар шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ин ноҳияи дурдаст ҳанӯзам мушкилиҳои зиёд вуҷуд доранд. То ҳол аз мавҷуд набудани шароит амалиёти буриши қайсарӣ барои ниёзмандон дар зоишгоҳ татбиқ намешавад. Чунин нафаронро ба беморхонаҳои навоҳии Шаҳритусу Қубодиён мефиристанд.
Бино ба қавли мудири таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳияи Носири Хусрав сол ба сол сатҳи таваллуд дар ин ноҳия коҳиш ёфтан дорад, вале ҳоло ҳам арқоми зоиш дар қиёс ба нишондоди омор зиёд аст. Албатта, ноҳия ба нуфуси бештари аҳолӣ ниёз дорад, лекин, дар ҳоли ҳозир дар мадди аввал танзими оила меистад, ки мурод аз он солимии кӯдаку модар аст. Миноят нигаронӣ аз он дорад, ки ҳоло ҳам иддае аз хонаводаҳои ҷавон дарк накардаанд, ки аз гирифторони ҷоғару камхунӣ ва дигар бемориҳои осебпазир наметавон насли солим ба дунё овард.
Ҳини суҳбати мо ҳар дам нидои имдодхоҳонаи нафаре боис мешуду табиби модарон маъзарат мехосту ба имдоди корафтодаҳо мешитофт. Онҳое, ки духтур Миноят Умарзодаро дӯст медоранд, ба оҳанги меҳрубонӣ Мино садояш мекунанд. Зимни хайрбодии мо дар долону саҳни ҳавлии беморхона низ ин садои диловез ба такрор ба гӯш мерасид: Мино, салом… Мино, умеди охиринам тӯӣ…, Мино, аз ту як умр сипосгузорем…
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Н. Хусрав