Лайло замони муҳассили соли савуми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буданаш падараш, суратнигори барҷаста Муродулло Қурбонов реҳлат аз дунёи фонӣ намуд. Ва воқеан ҳам, пас аз шикасти қалбу рӯҳ ва аз даст додани ягона муттакояш, ӯ ба худ аҳд кард, то мавзӯи кори дипломиаш аз ҳунари эҷодии қиблагоҳаш бошад. Вақте устодаш бо огаҳӣ аз дилаш ӯро раҳбаладӣ намуд, то дар мавзӯи хостааш корро оғоз кунад, бидуни кадом як шакку тардид розӣ шуд.
Лайло то омода шудани лавҳае, ки тӯли чанд соли пас аз вафоти падараш дар лавҳи хотироташ кашида буд, «хуни ҷигар» хӯрд. Шабҳои бехобӣ, асабоният, рангҳоро бо рангҳо омехтану аз он ранги дигар тавлид кардан… бо ин ҳама мушкилиҳо расм рӯи даст омад. Манзарае, ки аз диданаш ҳар як бинанда лаҳзае дар олами хаёлот ғӯтавар мегардад. Ин сурат ифодагари чунин маънӣ буд: «Лайло аз паси тиреза ба дукони кории падар бо ҳавас менигарад. Бо умеде, ки ӯ низ рӯзе суратнигор ва идомадиҳандаи ҳунари волои қиблагоҳаш хоҳад гашт».
Шефтаи бӯи рангҳо будам…
Лайло медонист, ки падараш ба пешаи рассомӣ гаравиданашро намехоҳад. Зеро аз нигоҳи ӯ чун ҳунарвари таҷрибаозмуда ва корсанҷида пешаи суратнигорӣ мушкилиҳое дорад, ки наметавон онро хоси бонувон донист. Аз ин хотир, вақте дар бораи интихоби касб Лайло ба падар ифшои роз намуд, ҳарфҳои духтарашро ба қавле «об» надод. Вале бо пофишориҳо Лайло озими роҳи падар гашт…
- Рӯзҳоро дар устохонаи рассомии қиблагоҳам шаб мекардам. Дилбохтаи рангҳо на, шефтаи бӯи ранг будам, ки тасаввур карданаш имконнопазир аст. Ҳавасакӣ рӯи коғази сафед сурат мекашидам, вале чун хурд будаму бехабар аз олами ботини падар, ба худ боре ҳам намеандешидам, ки чаро қиблагоҳам барои рассом шуданам роҳнамоӣ намекунад? Ӯ аз дастам гирифта, ёрдам намедод ё аз иштибоҳам дар расмкашӣ сухан намегуфт. Маҷбур менамуданд, то камбудиҳоямро худам ёбам ва ислоҳ намоям. Ҳеҷ гоҳ ба расмкашиҳоям баҳои хуб намедод ва мегуфт, ки он чизе дар умқи дилат ҳаст, онро бароварда соз ва ба дигарон тавассути расми кашидаат андешаҳоятро иброз намо. Шояд ҳамин сахтгириҳои падарам боис гаштанд, ки рассом шудам, - иқрор меояд мавсуф.
Феълан Лайло Қурбонова дар Донишкадаи санъат ва дизайни Тоҷикистон ба шефтагони ҳунари рассомӣ дарси суратнигорӣ меомӯзад. Ӯ мегӯяд, ки ҳар инсон дар вуҷуди хеш бо истеъдодҳои гуногун ба дунё меояд. Бо такон додани истеъдод аз ҷониби волидону омӯзгорон шахс дар ин ё он пайраҳаи зиндагӣ муваффақ хоҳад шуд. Яъне, дар донишкадаи мазкур донишҷӯёне таҳсил менамоянд, ки тасодуфан вориди олами ин пеша шудаанд. Вале ин гуфтаҳо маънои онро надоранд, ки дар оянда онҳо дар ҷодаи суратнигорӣ дастболо намеоянд. Зеро, бахусус, ҳунари рассомӣ дар ботини ҳар инсон нуҳуфтааст, ки мисоли он замони кӯдакии ҳар яки мост. Новобаста аз пайдо намудани мӯқаламу рангубор, ҳатто бо чӯбчаи сари кӯча дар роҳраву дару девор расмкашӣ менамудем ва бо ин амали хеш ҳамеша танбеҳ аз бузургон мегирифтем. Шояд як умр ҳамон танбеҳи волидон ва расмкашии кӯдакӣ аз ёди касе зудуда нашавад. Пас бояд иқрор шуд, ки дар хуни ҳамаи кас истеъдод аз ин пеша дар ҷӯш аст!
- Ба андешаи ман, барои рассом оғози кор хеле мушкил аст, зеро лаҳзаҳоеанд, ки воҳимае вуҷуди касро пахш мекунад. Тарс аз он аст, ки оё тасвири дилхоҳ рӯи коғаз оварда метавонам ё на? Дар сурати барор ёфтани кор эҳсоси фараҳмандӣ маро фаро мегирад. Аз кашидани манзараҳои зебою дилфиреби диёрамон ҳаловат мебарам ва хастагиам бартараф мешаваду асабҳоям ором, - мегӯяд бонуи рассом.
Ба ҳарфҳои падар иқрорам…
Лайло Қурбонова модар асту ҳамсар ва сунҳори хонадон. Аз рӯи таомули мо, новобаста аз он ки ӯ рассом аст ва ҳатман аз пайи кори эҷодии хеш бошад, бояд рисолати хонадориро, пеш аз ҳама, ба сомон расонад. Сари вақт хонаро поксозӣ кунад, таом пазад ва нигоҳубини хусуру хушдомани куҳансолашро анҷом диҳад. Ба иқрори ӯ, гоҳҳо эҳсос менамояд, ки ҳатто муҳаббат ва меҳрубониҳояшро ба пуррагӣ ба ҷигарбандонаш Шаҳло ва Саидакмал дода наметавонад.
- Акнун ба дарки гуфтаҳои падарам расидам, ки чаро рассомии маро хоҳиш надошт. Воқеан ҳам, пешаи суратнигорӣ барои зан хеле мушкил будааст. Зан имкони сари ҳар вақт ба тамошои манзараҳо рафтанро надорад, то илҳом аз зебоиҳои дилфиреби табиат гирифтааш ба равнақу пешрафти кораш бихӯрад. Баъдан, мард метавонад, ки дукони кориашро дошта бошад ва чанд рӯз фориғ аз ҳама мушкилиҳо он ҷо сари бароварда кардани ангораҳояш фаъолият барад. Дар шароити хона наметавон ин корро анҷом дод, зеро бӯи ранг ва коғазҳои парешони рӯи хона ба аҳли оила писанд нест. Муҳити хонавода бояд ҳамеша ором ва озодаву покиза бошад. Барои иҷора гирифтани ҳуҷраи корӣ маблағи кофӣ лозим, ки барои зан дастнорас аст, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Ӯ дар пешаи дӯстдоштааш падарашро идеал медонад ва бо ҳама мушкилиҳо аз интихоби касб пушаймон нест. Мехоҳад то мисли падар яке аз шабеҳаофарони шинохта дар ҳунари хеш бошад ва гурӯҳеро таъсис диҳад, ки дар он бонувони дилбохтаи риштаи суратнигорӣ ҷамъ оянд. Ва бошад, ки орзуҳои Лайло амалӣ гарданд…
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО