Ёсуман Усмонзода, хонандаи синфи 9 литсейи ДМТ, дар барномаи «Удивительные люди», бо ҳаракати танҳо чор ангушти даст, дар ҳисоби ҷамъу тарҳи рақамҳои бешумор муваффақ шуд ва ба гирифтани ҷойи аввал сарфароз гардид. Истеъдоди нотакрори Ёсуман Усмонзода ва комёбии ӯ, мояи ифтихори миллати тоҷик аст. Бо мақсади донистани он, ки Ёсуман чӣ гуна тавонист ин ҳунарро дар худ такмил диҳад, устоди ӯ кист ва дар чӣ гуна муҳити оилавӣ ба камол расидааст, мо бо ӯ ва модару устодонаш ҳамсуҳбат шудем.
Ёсуман Усмонзода:
-Дар аввал ман ба омӯзиши фанни математика таваҷҷуҳ надоштам. Бародарам Абубакрро ба мактаб бурда, дар як дарсаш иштирок намудам. Ҳамин тавр ба омӯзиши ин фан завқ пайдо кардам. Оҳиста-оҳиста рағбатам боло гирифт. Аз соли 2016 ба гирифтани дарси иловагӣ шурӯъ намудам. Вақте бори аввал аз ин фан дар олимпиада иштирок доштам ва ҷои аввалро гирифтам, эҳсос кардам, ки талошҳоям бенатиҷа нестанд. Ҳамон сол дар Бишкек ду маротиба сазовори мақоми аввал шудам. Соли 2017 дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Москва миёни 11 давлат ва иштироки 250 хонанда баргузор гардид, дар садри ҷадвал қарор гирифтам. Бо даъвати баргузоркунандагони барномаи «Удивительные люди», дар ин барнома иштирок намуда, дар он ҷо низ сазовори ҷойи якум шудам. Воқеан, математика фанни шавқовар аст. Аз устодонам Александр Александрович, Вероника Вячеславловна изҳори сипос менамоям, ки маро ба дунёи шавқовару муаммоомези фанни мазкур ворид карда тавонистанд. Инчунин, аз муаллимоне, ки дар литсей бароям дарс мегӯянд, миннатдорам. Ташаккур ба Пешвои муаззами миллат, Сарвари ғамхори давлатамон мегӯям, ки шароити мусоидро барои омӯзиши илму дониш, хусусан барои мо - наврасону ҷавонон муҳайё намуданд.
Ман ният дорам, ки оянда дар риштаи иқтисод дар давлати Англия ё Америка таҳсили илм намуда, баъдан ба Ватани азизи худ хизмат кунам.
Шоҳрух Ғаффоров, директори литсейи ДМТ:
- Мо хушҳолем, ки шогирди муассисаамон имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи сомонаҳои иҷтимоӣ ва ВАО гаштааст. Ёсуман пайваста дар олимпиадаҳои дохилию байналмилалӣ ғолиб меояд ва пирӯзии ӯ дар барномаи «Удивительные люди» барои мо, кормандони литсей ва дар маҷмӯъ мардуми сарбаланди тоҷик, шарафи бузург аст. Ёсуман ва бародараш Абубакр дар ҳама дарсҳо иштироки фаъол доранд. Муҳимтар аз ҳама бо одобу ахлоқи ҳамидаашон намунаанд. Ба дарсҳо таваҷҷуҳ мекунанд. Мехоҳанд ҳамеша пешсаф бошанд.
Парвина Мирова, модари Ёсуман:
-Аз рӯзи нахустини ба дунё омадани фарзандонам, ман ин лаҳзаро орзу мекардам. Аз ин рӯ, ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуда, кӯшиш ба харҷ медодем, ки ҳамеша ба омӯзиши илму дониш шуғл варзанд ва барои амалҳои беҳадаф вақти холӣ наёбанд. Абубакр ва Ёсуман дар баробари таҳсил дар литсей, аз фанни забони англисӣ дарси иловагӣ мегиранд. Дар маркази таълимии арифметикии зеҳнӣ «Империя знание» дар шаҳри Душанбе муддати як сол аст, ки ба омӯзиши риёзиёт машғуланд. Албатта, муваффақияти фарзанд аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи падару модар вобаста аст. Ман умед дорам, ки фарзандонам минбаъд низ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ғолиб омада, Тоҷикистони азизи худро дар арсаи ҷаҳон бештар муаррифӣ менамоянд.
Раҳмон Холмаҳмадов, омӯзгори фанни математикаи литсейи ДМТ:
-Аз рӯзи нахустин, ки ба синфхона ворид шудам, ҳис кардам, ки ин духтарак дар илми ҳисоб маҳорати хосса дорад. Тамоми ҳушу ёдаш банди дарс. Ҳозирҷавобии ӯ маро дар ҳайрат меафканд. Дилбастагии Ёсуман ба фанни математика ва ғолиб омаданаш дар олимпиадаҳо, инчунин, дар барномаи «Удивительные люди», бесабаб нест. Зеро ба ин илм ҳар кас ворид шуда наметавонад. Худованд ба ин духтарак истеъдоди нодиреро ато намудааст, ки кас аз диданаш ангушти ҳайрат мегазад. Агар гӯем, ки ин гуна лаёқату маҳорат як муъҷиза аст, хато намекунем. Тавре дидед, тамоми нишастагони толор аз ҷой бархостанд ва ба ифтихори Ёсуман Усмонзода каф кӯфтанд. Ман ифтихор мекунам, ки чунин навраси соҳибистеъдод фарзанди миллати ман аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврасу ҷавон боварию эътимоди комил дошта, имрӯзу фардои Ватанро ба онҳо вогузор мекунанд. Ёсуман барин наврасони илмдӯсту соҳибистеъдод талош меварзанд, то ба боварию ғамхориҳои Сарвари хирадманди давлати худ арзанда бошанд. Пирӯзии Ёсуманро таҳният гуфта, ба чунин наврасони лаёқатманд болҳои пурқуввату устуворро барои парвоз дар осмони бекарони илму дониш таманно дорем.
Фарзона МАҲМАДИЕВА