- Ташаккур, посухи ин суол каме шарҳ мехоҳад. Воқеан, 20-уми сентябри соли 1986 дар шаҳри Истаравшан, дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Дар оила ду фарзанд ҳастем, ман ва бародарам. Шодравон падарам омӯзгор буданд ва модарам ҳамшираи шафқат мебошанд. Ҷадди бузургворам дар яке аз шуъбаҳои бисёр бонуфузи ҳокимияти шаҳри Истаравшан, «шуъбаи назорати халқӣ» ба ҳайси сарвар фаъолияти пурсамар доштанд, модаркалонам бошанд, 30 сол дар вазифаи мудири САҲШ-и ин шаҳр кор кардаанд. Банда дар ҳалқаи ана ҳамин гуна шахсони баруманд бузург шудаам. Хислатҳои роҳбарӣ аз хурдӣ дар ниҳодам буданд. Дар боғча сардори кӯдакони гурӯҳ, дар мактаб сардори синф, гирандаи стипендияи президентӣ ва ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, ғолиби озмуни ровиёни ҷавон, ғолиби озмуни хонандаи сол дар вилоят будам. Агар ҷое муваффақ шудам, онро аз заҳамоти шабонарӯзии бобову бибиам, ки бештар пешсаф буданро бароям тарғиб мекарданд, медонам. Бо дуои неки эшон ва падару модари арҷмандам сабз гаштам.
Ба ноҳияи Спитамен чун арӯс омадам. Шавҳарам инсони бисёр хубу сутуданӣ, сокини ҳамин ноҳияанд. Бо ҳам се фарзандро бузург мекунем, шукр, ки Худованд маро лоиқи неъматҳои бебаҳояш донистааст.
- Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷик, барои чӣ интихобатон маҳз рӯи ихтисоси омӯзгорӣ қарор гирифт?
- Ин аз шеърдӯстии банда буд. Ҳанӯз дар 6-солагӣ достонҳои калонтарини «Шоҳнома»-ро аз худ кардаву ифоданок қироат мекардам. Дар 10-солагӣ барои қироати муассири як достони «Шоҳнома» ба зиёрати мақбараи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ сазовор гашта, сафари Эрон анҷом додам. Борҳо дар озмунҳои қироати шеър дар вилояту ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гаштаам. Мутаассифона, он солҳо мо, кӯдакон, соҳиби як телевизионе мисли «Баҳористон» набудем, ки истеъдодҳо бештар муаррифӣ бишаванд.
Бо он ки ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёт гаштам, ройгон дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил кардам. Интихоби касби омӯзгорӣ ҳам сабаб дошт. Риштаи маорифи вақт ба ҷиҳати нарасидани омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик мушкил дошт. Хостам то омӯзгори асил шуда, асолати забони тоҷикиро ба мардуми ноҳия, ки аксар ӯзбекзабонанд, чуқуртар омӯзам, то насли ҷавон забони давлатиро дар сатҳи олӣ балад бошад.
- Бо шеърдӯстиву завқи баланди ровигӣ орзуи наттоқи телевизион буданро дар дил намепарваридед?
- Инро сахт мехостам. Чанде дар телевизиони шаҳри Истаравшан ровигӣ ҳам кардаам. Ҳоло, ки қисмат роҳи маро ба дигар самт бурд, дар дилам «армонаке» ҳаст. Мехостам ровии барномаҳои сиёсӣ ва ё «Ахбор» бошам, аммо…
- Чӣ гуна роҳ ба мақомот боз шуд?
- Дар чорабинии фарҳангие баранда мекофтанду директори мактабе, ки ман дар он ба ҳайси муаллима фаъолият доштам, ғайриинтизор масъулияти ровигии ин чорабиниро бар зиммаи банда вогузоштанд. Гарчанде ки то ин вақт аллакай чорабиниҳои ҷиддиеро гузаронида ба истилоҳ ровии касбӣ ҳам будам, он замон шӯхикунон «метавониста бошам?», - гӯён суол пеш овардам…
Хулоса, озмун дар сатҳи баланд гузашт. Ба ибрози ризомандӣ аҳли толор аз ҷо баланд шуда қарс мезаданд. Он замон раиси ноҳия бонуи кордон, Зулфия Узоқова ҳам дар толор буданд. Баъдан бо пешниҳоди он кас ба кори мақомот гузаштам. Корро аз шуъбаи рушди иҷтимоиёт шурӯъ кардам. Соҳаи ба дилам наздик, масъули чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ. Баъди чанде ба шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо гузарониданд, бо баҳои баланд, чун озмунро пушти сар намудам, ба вазифаи сармутахассис гузаштам. 5 моҳ ба ҳайси мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва шаҳрвандони раиси ноҳия кор кардам. Аз ин ҷо бо розигии Ҷаноби Олӣ ба вазифаи муовини раиси ноҳия таъйин шудам.
Аввал каме ҳарос доштам. Вазифаи пурмасъул, серҷабҳа, арзане иштибоҳ дар ин мақом нобахшиданист. Масъули гузаронидани маъракаҳои сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ, таблиғу фаҳмонидани сиёсати давлату ҳукумат ба мардум, дар байни халқ будану эшонро гӯш карда тавонистан, расидагӣ ба мушкили корафтодагон…
Зиёда аз 2 сол аст дар ин симмат кор мекунам. Дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолият бо ифтихорномаи раиси ноҳия сарфароз гаштам, ки ин бароям ифтихор аст.
- Идеали Шумо дар сиёсат…
- Идеали ман дар сиёсат Озода Раҳмон ҳастанд. Бонуе, ки воқеан сурату сирати сиёсӣ доранд. Вақте хурд будам, тариқи телевизион Хайринисо Юсуфиро медидаму ҳар бор беш аз пеш мафтуни ороиши мӯй, либоспӯшӣ, гуфтору рафторашон мегаштам. Баъдтар бо тақозои кор бо бону Махфират Хидирзода шинос шудам. Бонуи донишманд, ботамкин, тамоми хусусияти сиёсатмадорӣ дар он кас ҳаст. фаъолияти бону Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилояти Суғд, ки дар зинаҳои баланди сиёсӣ кор карда хоксориро ҳифз кардаанд, бароям боиси ифтихору пайравист.
- Воқеан, имрӯз як ҷавон дар сиёсат нозукиҳои соҳаро бештар аз киву чӣ метавонад омӯзад?
- Шахсан ман бештар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-ро мутолиа менамоям ва аз он барои худ бардошт мекунам. Ба наздикӣ мусоҳибаи хондании бонуи дӯстдоштанӣ Марҳабо Ҷабборӣ дар маҷалла нашр шуд, ки ҳар ҳарфу ҳиҷояш омӯхтанӣ буд. Ҳатто аз ҳамон қисмати вобаста ба ороишу либоспӯшии ин бону як ҷаҳон ибрат метавон гирифт.
Аз телевизион, аз сайтҳои вобаста ба этикет, ки дар хусуси гуфтору рафтор ва либоспӯшии занҳои сиёсатмадор бахшҳои махсус дорад, истифода мекунам.
- Бо зиёд шудани масъулияти корӣ дӯшбори модарӣ канор нарафт?
- Дуруст аст, ки кор дар мақомот тамомношаванда аст, наметавонам соати 8 ба кор биёяму соати 17:00 пеши фарзандон бошам. Аз ин лиҳоз вақти камтаре барои расидагӣ ба кӯдакон дорам. Онҳо ҳамроҳи модаркалонашон ҳастанд. Шукр, ки аз дастгириҳои хушдоман чун як модари ғамхор ва шавҳари азизам ба ҳайси такягоҳи қавӣ бархӯрдорам.
Рӯзе духтари дуюмам рӯзномаашро овард, ки баҳои 3 гирифтааст. Сахт ғамгин шудам. Вай бе омодагӣ ба мактаб рафтааст. Ба муаллимон ҳамеша таъкид мекунам, ки рӯихотир набинанд, ки ин фарзанди фалонист. Ба ҳайси як модар дар тамоми чорабиниҳои мактабиашон иштирок менамоям. Баҳои 3-и кӯдакам барои ман як такон буд. Баъд аз ин, аз ҳамон вақти каме, ки дар хона дорам, боз як ҳиссаи муайянеро барои кӯдаконам ҷудо кардам. Баъди хӯроки шом зуд сари дарс менишинем. Дар тарбияи кӯдак ҷои модарро касе наметавонад бигирад.
- Шавҳаратон норозигиву эътироз баён намекунанд?
- Не. Он кас ҷонибдори муваффақ будани ман ҳастанд. Ҳамеша вақте ҳисси масъулият пахш мекунад, дилпурам мекунанд, ки ту метавонӣ.
- Маслиҳати Шумо ба бонувони ҷавон…
- Мехоҳам сафи занҳо дар сиёсат зиёд бошад. Занҳо масъулиятшиносу раҳмдиланд, гарчанде раҳмдилии занона дар сиёсат он қадар хислати хуб ҳам нест. Сиёсат ҷиддиятро меписандад. Аммо хоксории зан дар сиёсат қобили қабул аст. Ба ҷавонон сабр, таҳаммул ва азму талош мехоҳам, бештар омӯзанд, аз масъулият наҳаросида, тамоми вазифаҳои бар дӯш гузошташударо чуноне ки бояд иҷро кардан лозим.
Мавзӯи дигари муҳими сиёсат ин симои зоҳирист. Афкори аввалинро дар хусуси ҳар сиёсатмадор аввалан чеҳра ва тарзи либоспӯшиаш ба миён меорад. Вақте зани пешсаф ҳастӣ, бояд ҳамаҷониба намуна бошӣ. Зан дар сиёсат чеҳраи ноҳия, шаҳр, минтақа, вилоят ё кишваре ҳаст. Шарт нест, ки либосу ороиши як зани сиёсатмадор қимату гаронарзиш бошад. Либоси расмӣ: куртаи сафед ва костуму домани сиёҳ барои бонуи сиёсатмадор хеле зебанда мебошад.
- Нақшаву таманниёти Шумо дар соли нави 2018
- Соли 2017 дар маҷмӯъ хеле соли бобарор буд. Соли ҷавонон барои ман рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Воқеан ҳам Пешвои муаззами мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ҷавонпарварона доранд ва инсони назаркардаи Худоанд. Дар ин сол ҷавобан ба ғамхориҳояшон мо, ҷавонон, бо ҷидду ҷаҳд кор кардем, то арзанда бошем. Ба андешаи ман, натиҷаҳо бад нестанд.
Таманниёти ман ин аст, ки дар соли 2018 низ мисли ҳар соли дигар Ҷаноби Олӣ чун соябони сари мо, ҷавонон, бо тани сиҳату хотири ҷамъ сари кору амал бошанд, то дар тақвияти андешаҳои ватансозиашон чун камтарин фарзанди тоҷик дар барашон бошем. Ба бонувон дар ин сол рӯи сурх, сари баланд, лабони пурхандаву дили беғам, оғӯши бозу гарм барои тифлаконашон таманно мекунам.
- Ташаккур!
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе – Спитамен - Душанбе