Соли 2017, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон шуда буд, инак ба фарҷоми худ мерасад. Эълони ин сол фурсате буд барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, талоши содиқона ва хастагинопазири қишри ҷавон барои худсозӣ ва баланд бардоштани савияи донишу касб, рӯҳбаландии онҳо барои иштироки фаъол дар созандагиҳои даврони Истиқлол, пешбурди ҳадафҳои волои роҳбарияти олии мамлакат дар роҳи эъмори ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин, пешгирӣ намудани шиддати ифротгароиву рафторҳои номатлуб ва ҳавасмандии онҳо барои пайгирӣ кардани корҳои неку писандида.
Албатта, то кадом андоза мо ба ҳадафҳои эълоншуда расидем ва то куҷо супоришҳои Пешвои миллатро дар «Соли ҷавонон» анҷом додем, мавзӯест, ки баъдан баррасӣ ва натиҷагирӣ хоҳад шуд. Аммо як чиз мусаллам аст, ки ҳадафҳои бузурги Пешвои мо аз эълони ин сол фақат барои як сол муайян нашудаанд. Зеро онҳо, дар маҷмӯъ ҳадафҳои зиндагианд, ки доимо бояд пайгирӣ шаванд. Эълони «Соли ҷавонон» ба он хотир буд, ки мо ин ҳадафҳоро бишносем, ҷойгоҳи ҷавононро дар ҷомеа муайян кунем ва ҳар кадоми мо дар ҳар сатҳе, ки ҳастем, барои расидан ба ин ҳадафҳо ва тақвияти ҷойгоҳи ҷавонони азиз, ояндагони ин марзу бум талош намоем. Дар ин роҳ кору фаъолияти Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи беназири он кас ба қишри ҷавон бояд мояи ибрат ва сармашқи кори ҳар кадоми мо бошад.
Таваҷҷуҳ ва ғамхории падаронаи Пешвои миллат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Новобаста аз сахтиҳои он даврон он кас ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон афзалият медоданд. Дар ин давра мулоқоти нахустини расмии Роҳбари мамлакат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-ум рӯзи сарварӣ – 2 феврали соли 1993 баргузор шуд. Ин дар воқеъ ғамхор, пуштибон, дастгир ва парастор будани Сарвари кишварро нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ инъикос менамояд.
Ҳамчунин, бо мақсади ҷалби насли ҷавон ба фаъолнокии сиёсӣ ва беҳтар гардондани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар 17 марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини расмии Раиси вақти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор гардид. Ин дар шароите буд, ки сохторҳои идоракунии давлатӣ нав ташаккул меёфтанд ва мамлакат дар оғӯши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт, яъне кулли ҷомеа, бахусус ҷавонон танҳо дар фикри зинда мондан буданд. Аммо Роҳбари давлат на танҳо фикри он рӯзро, балки фикри ояндаи дури миллатро, махсусан қишри ҷавонро дар ҳамон рӯзҳои пурошӯб як лаҳза ҳам аз сар берун намекард.
Дар он мулоқоти таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷавонон ва кулли ҷомеаро ба муттаҳидӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, сохтани давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳифзи урфу одату анъанаҳо, риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории ҷорӣ, гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, фаъолнокии Созмони ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар, омӯзиши илму ҳунар, ихтисосҳои нав ва техникаи ҳозиразамон ба ҷавонон, дастгирии кӯдакони бепарастор ва мактаб-интернатҳо, таъмини ҷавонон бо манзили истиқоматӣ ва рушди сиёсати демографӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, дуздию ғоратгарӣ ва нашъамандӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ахлоқии ҷавонон ҷалб намуданд.
Пас аз он тадриҷан таваҷҷуҳ нисбат ба насли ҷавон дар ҳамаи сатҳҳо зиёд гардид. Ҳаракатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ба ташаккулёбии устувор оғоз карданд ва оҳиста-оҳиста ҷавонон ба неруи воқеан таъсиргузор дар ҳаёти ҷомеа табдил ёфтанд. Бо каме оромтар шудани вазъияти кишвар ва ба вуҷуд омадани аввалин имкониятҳо, ташаккулдиҳии низоми идоракунии сиёсати давлатии ҷавонон (1996–2000) рӯи даст гирифта шуд. Ин давраи ташаккулёбии муносибатҳо барои ҷавонон давраи қадамҳои устувор дар роҳи бунёди таҳкурсии асосии сиёсати давлатии ҷавонон – низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки пешгузорандаи он маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ва ин масир ҳамакнун бомаром идома дорад.
Ҷавониро барҳақ баҳори умр ва ҷӯшиши зиндагӣ меноманд. Бисёр мехоҳам, ки ҷавонони азизи мамлакат қадри неъмати умр ва қадри дилсӯзиҳои Роҳбари давлатро бидонанд ва аз ин ҳама имкониятҳое, ки барояшон фароҳам оварда шудаанд, бештарин ва беҳтарин баҳраро бардоранд. Пӯшида нест, ки таъмини шароити хуби кору зиндагӣ барои ҷавонон вазифаи давлат ва гузашта аз он ваъдаи Сарвари давлат аст, ки ин амр дар пеши чашми мардум қадам ба қадам иҷро шуда истодааст. Аммо дар баробари ин, ҷавонон ба ҷуз аз ҳаққу ҳуқуқ боз вазифа ва масъулиятҳое низ доранд. Яъне онҳо, пеш аз ҳама, бояд соҳибмаърифат, босавод, ватандӯст ва ҳомии арзишҳову манофеи миллӣ дар дохилу хориҷ бошанд.
Инак, сол ба поён мерасад, аммо таваҷҷуҳ ба ҷавонон, талош барои тарбияи кадрҳои ҷавон, таълиму тарбияи ватандӯстонаи онҳо, ҷой доданашон дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва аз тарафи дигар, кӯшишу ғайрати худи ҷавонон ва нақшгузориашон дар рушду пешрафти ҷомеа поёнёфтанӣ нест. Ва ин дақиқан ҳамон ҳадафест, ки ба хотираш Соли ҷавонон эълон шуда буд ва ин ҳамон супоришест аз ҷониби Пешвои миллат, ки ҳар кадоми мо барои иҷрояш масъулем.
Бале, имсол, ки хотима меёбад, аммо кишвари зебову ҳамешаҷавони Тоҷикистон бо ин миллати шодобу меҳрпарвараш ва ҷавонони зиндагидӯсту хастагинопазираш дар зери сояи роҳбарии Пешвои азизу маҳбубаш то ҷовидон ҷавону пӯё хоҳад монд.
Шоҳона Сулаймон