Бонуи ӯзбек – муҳаққиқи адабиёти тоҷик
Фирӯза Қаюмова 3 июни соли 1985 дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар оилаи хизматчӣ, ба дунё омадааст. Солҳои 1992–2003 дар мактаби миёнаи №5 ноҳияи мазкур бо забони ӯзбекӣ таълим гирифта, соли 2003 бо шавқи баланди забономӯзӣ ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шудааст.
Фирӯза муҳаббат ва ихлоси баланд нисбат ба забону адабиёти тоҷику форс дорад. Ин меҳр боис гашта, ки ӯ соли 2009 ба аспирантураи Маркази илмии Хуҷандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, зери роҳбарии устоди зиндаёд Абдулманнони Насриддин аз рӯи масъалаи таъсири Аттори Нишопурӣ ба адабиёти классикии туркӣ кори тадқиқотӣ анҷом додааст. Бо мақсади баррасии ҳамаҷонибаи рисолаи илмии худ озими шаҳри Тошканд (солҳои 2009-2010) гардида, бо истифода аз маводи шуъбаи дастхатҳои Институти шарқшиносӣ ва китобхонаҳои шаҳри Тошканд тадқиқоти илмиашро комил сохтааст. Соли 2012 рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Мантиқ-ут-тайр» - и Аттор ва ҷавобияҳои туркии он» ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ гаштааст.
Баробари таҳсил дар аспирантура дар кафедраи адабиёти классикии тоҷик ба сифати муаллима фаъолият дошта, инчунин аз соли 2014 мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии факултаи таҳсилоти ғоибонаи ДДХ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Алҳол ба таҳқиқи равобити адабии халқҳои тоҷику ӯзбек, марҳилаҳои инкишофи адабиёти зуллисонайн ва масъалаҳои тарҷума машғул буда, мехоҳад дар ин замина корҳои ҷиддии илмиро ба сомон расонад.
Ҳамчунин Фирӯза завқи эъҷод дошта, ба забони модариаш - ӯзбекӣ шеър мегӯяд. Ӯ муаллифи китоби шеърӣ бо номи «Суҷуд» ва «Луғати тоҷикӣ - ӯзбекӣ» (дорои 7500 калима дар ҳаммуаллифӣ) мебошад. Ӯ дар факултети филологияи тоҷик ва ҳам дар факултети таҳсилоти ғоибонаи ДДХ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолияти таълимиву илмӣ дошта, шогирдони зиёдро таълим медиҳад ва ба садҳо нафар толибони илм аз нозукиҳо ва ҷаззобияти забони тоҷикӣ, дурдонаҳои нодири адабиёти классикӣ дарс мегӯяд.
-Имрӯз вазъи омӯзиши забони давлатӣ дар мактабҳои ғайритоҷикӣ дар ҳолатҳои мухталиф қарор дорад. Ин пеш аз ҳама, аз сатҳи савияи дониши мутахассисони соҳа вобаста мебошад. Хушбахтона, дар мактабҳои ӯзбекӣ омӯзгорони забони давлатӣ, яъне, филологҳо нисбат ба солҳои аввали асри 21 хеле афзудаанд, зеро 10–15 сол қабл дар ин муассисаҳо нарасидани маҳз мутахассисони забон ва адабиёти тоҷик зиёд ба назар мерасид. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ шумораи мактабҳои ӯзбекӣ зиёд буда, кадрҳои ҷавони соҳаи забон ва адабиёти тоҷик низ сол ба сол бештар ба кор қабул мешаванд,- мегӯяд Ф. Қаюмова.
Воқеан, омӯзгорони зиёди соҳибтаҷриба ва соҳибдонишу пурмасъулиятро дар ҳар мактаби ноҳия вохӯрдан мумкин аст. Дар шуъбаи маориф ба як иқдоми нек рӯ ниҳодаанд. Мувофиқи он кадрҳои ҷавон, махсусан, филологҳо ба воситаи имтиҳон қабул мешаванд, яъне дониши хаттиву шифоҳии онҳоро дубора меозмоянд. Инчунин, баъзе муаллимоне, ки дар давоми фаъолияташон сустӣ зоҳир намудаанд, дар анҷоми соли хониш бо чанд масъулияти инфиродӣ муваззаф мегарданд, ба мисли ба миқдори муайян ҳифз намудани ашъори шоирони классику муосир, таҳлили хаттии ғазалҳо, аз ёд кардани луғат ва ғайра.
Дарки зарурат
Муовини сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов дар суҳбат изҳор дошт, ки алҳол дар қаламрави вилоят 924 мактаб амал мекунад: тоҷикӣ 554, тоҷикӣ-русӣ 46, тоҷикӣ-русӣ-ӯзбекӣ 15, тоҷикӣ-русӣ-англисӣ 1, тоҷикӣ-ӯзбекӣ 238, тоҷикӣ-ӯзбекӣ-қирғизӣ 2, тоҷикӣ-қирғизӣ 1, русӣ 10, ӯзбекӣ 55, қирғизӣ 2- то.
-Хушбахтона, худи шаҳрвандони ғайритоҷики кишвар зарурати омӯзиши забони давлатиро дарк кардаанд ва аз идораҳои маориф талаб мекунанд, ки мактабҳои ғайритоҷикиро бо муаллимони соҳибтахассус ва китобҳои дарсии фанни забони давлатӣ таъмин кунанд, - гуфт дар идомаи суҳбат Сайфулло Раҳматов. –Мувофиқи ҳисоботи оморӣ қариб тамоми мактабҳо бо муаллимони забони давлатӣ таъмин мебошанд. Алҳол мувофиқи барномаи таълимӣ дарсҳои забони давлатӣ дар мактабҳои ӯзбекию қирғизӣ ҳафтае ду соат, дар мактабҳои русӣ ҳафтае се соат сурат мегиранд. Тамоюли дар мактабҳои ӯзбекӣ кушодани синфҳои таълимашон пурра ба забони тоҷикӣ дар ҳоли тақвият аст.
Дарсҳоро бештар бояд кард
Ӯрунбой Усмон – нависанда ва рӯзноманигори маъруфи ӯзбекзабон, ки забони тоҷикиро хуб медонад ва асарҳои адибони тоҷикро аз забони асл ба ӯзбекӣ тарҷума мекунад, дар мавриди омӯзиши забони давлатӣ дар мактабҳои ӯзбекӣ чунин ақида дорад:
-Ман шоҳиди онам, ки таваҷҷуҳи ӯзбекон ба омӯзиши забони давлатӣ торафт бештар мешавад. Пештар, 15–20 сол қабл аз ин, дар деҳаи калони Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки Қатаған ном дошт ва аксари мутлақ ӯзбекон ба сар мебаранд, касе ба забони тоҷикӣ ҳарф намезад. Алҳол ҳар саҳар чандин мусофиркашҳо аз ин деҳа кӯдаконро ба маркази ноҳия, ба кӯдакистони машҳури № 9 мебаранд, то аз хурдсолӣ забони тоҷикиро биомӯзанд. Ба фикри ман сатҳи омӯзиши забони давлатиро барои мактабҳои ӯзбекӣ ба сатҳи омӯзиши забону адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ дар собиқ шӯравӣ расондан даркор аст. Ин ду соат дар ҳафта, ки алҳол дар барномаи таълимӣ аст, самараи хуб дода наметавонад. Ҳамчунин, машғулияти иловагиро оид ба таълими забони давлатӣ хеле зиёд кардан лозим аст. Тадриҷан ба омӯзиши адабиёти ғании тоҷик ҳам дар макотиби ӯзбекӣ таваҷҷуҳ бояд кард, зеро муштаракоти адабиёти тоҷику ӯзбек, алалхусус, дар эҷодиёти адибони зуллисонайн зиёд ба чашм мерасад.
Ҷӯёи СУҒДӢ,
ноҳияи Ҷ. Расулов