ҚАВЛУ ВАФО
- Ёдам ҳаст дар синфи якум мехондам. Дар маҷлиси падару модарон муаллима дар назди дигар волидайн ба падарам гилагузорӣ намуданд, ки ман ниҳоят суст мехонам. Падарам хиҷолат кашид, аз мактаб то ба хона сархаму сокит роҳ мерафт. Роҳравон реб-реб ба сӯи қиблагоҳ интизори сарзаниш дида медодам. Падарам чизе нагуфтанд, вале ман ба худ қавл кардам, ки бо рафтори беҳ ва хониши аъло ғубори хиҷолатро аз дилаш мезудоям, - мегӯяд Умеда.
Ӯ ба қавли худ вафо кард. Минбаъд танҳо бо баҳои аъло таҳсил намуд. Мактабро аъло хатм карду аз донишгоҳ низ дипломи сурх гирифт.
- Волидайни мо дар тарбияамон ҷиддӣ ва сахтгир буданд. Дар баробари модарам падарам низ дар ташаккулёбии мо нақши созгор доранд. Модарам мудири боғча буданду бештари вақташон дар кор мегузашт. Падарам, ки ба соҳибкорӣ сарукор доштанд, имкони бо мо буданашон бештар буд. Маҳз аз падарамон пухтани нону таомҳоро омӯхтаем - иброз медорад ӯ.
РӮ БА ДЕҲ
Умеда дар аҳду овони донишҷӯияш бо Меъроҷ ном ҷавоне, ки дар як донишгоҳ таҳсил менамуд, ошноӣ пайдо мекунад. Ва ин иттифоқ ҳаёти Умедаро ба куллӣ тағйир медиҳад. Соли 2008 дар курси сеюм онҳо бо ҳам издивоҷ намуданд. Пас аз арӯсӣ ӯ ҳамроҳи шавҳараш ба ноҳияи Тавилдара (Сангвори имрӯза) меояд ва муқимӣ мешавад.
- Танҳо тавассути васоити ахбор ва китобу интернет дар бораи ин ноҳия иттилоъ доштаму бас. Бори аввал рӯзи тӯй Тавилдараро дидан баробар дӯст доштам. Бисёр макони зебо ва тоза, мардумонаш самимӣ. Ҳурмати калонсолон дар гап неву дар амал аст. Ва боз ҳангоме салому алайк дарҳол худро муаррифӣ мекунанд. Хуллас, маро, ки сунҳори шаҳрӣ мегуфтанд, хуш пазируфтанд.
Умеда дар ивази меҳру самимияти хонадони шавҳар ва сокинони русто бо кору рафтори хуб амалан ҷавоб медод. Духтари шаҳрие, ки оғилу сутургоҳ ва кори саҳрову рӯзгори деҳро надида буд, тез ҳама чизро аз худ кард. Имрӯз барои Умеда говдӯшиву тапаккунӣ ва алафдаравиву ғунучини ҳосили боғу саҳро дар баробари дигар корҳои хона амали маъмулист. Ба иқрори ӯ заминҳои ин ноҳия бисёр ҳосилхезу пурбаракатанд. Баҳорон ним рӯз дар саҳро картошка мешинонанду тирамаҳ як ҳафта ҳосилашро ҷамъоварӣ мекунанд.
- Зимнан, волидайни ман мардуми шимоланд ва мо дар хона «дадо» ва «бува» гуфта, ба онҳо муроҷиат мекунем. Дар ин макон ман низ мисли шавҳарам ва дигар аъзои оила «оча» ва «аво»-гӯиро ёд гирифтам, - мегӯяд бо табассум ҳамсуҳбати ман.
ЗИНАҲОИ ФАЪОЛИЯТ
- Фаъолияти меҳнатиямро ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз мактаби рақами 1 оғоз намудам. Дуруст аст, ки пас аз хатми мактаби олӣ пешниҳодҳо буданд, то дар худи донишгоҳ ё дар шаҳрҳои Норак, Роғун ё донишкадаи Рашт бо ваъдаи таъмини хона ва шароитҳои зарурии дигар корро шурӯъ кунам, вале ман рад кардам, - иброз медорад Умеда.
Тарзи дарсдиҳии интерактивӣ, ки Умеда бо ин усул ба кӯдакон сабақ мегуфт, барои ин минтақа равиши нав буд. Дарсҳои кушоди муаллима дар гирдаҳо сабт шуда, ба омӯзгорони дигар мактабҳо барои таҷриба тақсим мегардид. Ҳамин буд, ки Умеда ҷавонтарин омӯзгор дар таҷрибаи бесобиқаи озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол» ҳамагӣ бо ду соли собиқаи корӣ иштирок намуд ва сазовори мақоми сеюм гардид.
Баъди ду соли кор дар мактаб Умедаро ба мақомоти маҳаллӣ даъват мекунанд ва ба вазифаи мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оила таъйин менамоянд. Баъдан дар шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва котиби Ҷамоати шаҳраки Тавилдара масруф мешавад. Ӯ дар ин вазифаҳо фаъолияти хуб нишон дода, худро фидоии содиқи хизмати давлатӣ муаррифӣ менамояд. Маҳз барои масъулиятшиносиву уҳдабароияш, кордониву корбарӣ ва зиракиву ҳушёриаш ӯро моҳи феврали соли ҷорӣ ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Сангвор таъйин мекунанд.
НЕКРОЙ
Умеда нуҳ моҳ боз ифои ин вазифаро бар дӯш дорад ва пешравиҳо дар самти фаъолияташ назаррасанд. Аз даромадгоҳи ноҳия то дурдасттарин деҳа шиору овезаҳо, парчаму лавҳаҳо бо навиштаҳои пурмазмуну ғояҳои раҳнамосоз ба назар мерасанд. Даромадгоҳҳои ҳар як ҷамоат дар шакли дарвоза меҳмононро бо чеҳраи кушод истиқбол мегиранд. Сокинони ноҳияи Сангвор ва бахусус бонувон, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия кор мекунанд, нисбат ба амалу ғайрати Умеда Сатторбекзода баҳои баланд дода, бештар аз самимият ва некройии ӯ ҳарф мезананд. «Муаллима бисёр зани чаққону нисбат ба хурдон дилсӯзай. Хурду бузурга якранг ҳурмат мекунаву бисёр ширинзабонай»,- мегӯянд онҳо.
Бо ҷидду ҷаҳди Умеда моҳҳои охир дар коргоҳи хурди адрасбофӣ, сехи дӯзандагӣ ва дастгоҳҳои қолинбофӣ ҷараёни кор ҷоннок гардида, даҳҳо нафар занони маҳаллӣ барои худ на танҳо шуғл ёфтанд, балки бо омӯзиш фаро гирифта шуданд. Инчунин, дар моҳи октябри соли равон дархости сокинон ба инобат гирифта шуда, дар ҷамоатҳои деҳоти Чилдараву Сангвор кӯдакистонҳо барои 25 нафарӣ ба истифода дода шуданд.
- Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони мо ҷавобан ба ғамхорӣ ва дастгириҳои амалии Сарвари кишварамон бо ҳисси баланди масъулиятнокиву кордӯстӣ, ватанпарастиву ободкорӣ, зиракиву ҳушёрии амиқи сиёсӣ зери шиори «Ҷавонон ояндаи миллатанд» устувор ва боматонат гомҳои пурқувват мениҳанд, - самимона мегӯяд ӯ.
Умеда Сатторбекзода низ аз зумраи ин ҷавонони хуштолеи даврони истиқлол аст, ки бо вазифа хидмати мардумро ба ҷо меорад. Тавре ӯ мегӯяд, ноҳияи Сангвор, ки бо баракати даврони соҳибистиқлолии кишвар бисёр ободу зебо гаштааст, бо меҳнати фидокорона ва зарбдоронаи ҷавонон дар ояндаи наздик боз ҳам шукуфтатар хоҳад шуд.
Сабрина Сафарова, ноҳияи Сангвор