Обода солҳои мактабхонияш орзу дошт, ки наттоқи телевизион шавад. Аз ин рӯ, шеъри бисёр азёд мекард ва дар маҳфилу маъракаҳои мактабу зодгоҳаш - шаҳраки Шайдон ва ноҳияи Ашт барандагиро ба уҳда дошт. Бо баҳои хубу аъло мактабро хатм карду бо квотаи президентӣ ба шуъбаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шомил гардид.
-Квота барои банда як ғамхории падаронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки панҷ сол аз ҳисоби буҷети давлат таҳсили илм кардам ва ба дил қатъиян қавл додам, ки соҳиби касб мешаваму ба ин давлати маҳбуб хидмат мекунам. Хушбахтона, баъди анҷоми таҳсил ба ноҳия баргаштаму дар рӯзномаи «Шуҳрати Ашт» рӯзноманигорӣ кардам. Азбаски маро раиси Шӯрои духтарони ноҳия интихоб карда буданд, бо тақозои ин вазифаи ҷамъиятӣ бо шуъбаи фарҳанг, аҳли ҳунар ҳамкории наздик доштам, барои аксари чорабиниҳо худ матн менавиштаму ровигӣ мекардам, -мегӯяд Обода Шодиева.
Обода баъди се соли фаъолияти рӯзноманигорӣ, соли 2009 мушовири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ашт таъйин шуд. Акнун ӯ яке аз чеҳраҳои асосӣ дар тамоми маҳфилу консертҳо, чорабиниҳои оммавию сиёсии Ашт ба ҳисоб мерафт. Аммо бо амри тақдир ӯ дигар дар зодгоҳ монда натавонист. Ҷавони хушсухани дидадаро – Аҳлиддин дар чорабиниҳо ҳамроҳи ӯ барандагӣ мекард ва рӯзе бо нигоҳи аввал ошиқи беқарор шудани худро ба Обода ифшо намуд. Ишқи поку самимӣ дилҳои ду ҷавонро ба ҳам пайваст ва падару модарон розӣ шуданду сури хонадорӣ барпо карданд. Бо тақозои замон аҳли хонаводаи домод ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯч баст. Обода ҳам бо дуои неки падару модар аз пайи ҳамсари худ рафт…
Сипас ба шуъбаи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат кард, то барояш коре пайдо кунанд. Хушбахтона, ӯ бекор намонд. Солҳои 2011–2012 роҳбари бадеии Хонаи фарҳанг, солҳои 2012–2013 директори ҳамин даргоҳ, солҳои 2013–2014 директори Бошгоҳҳои марказонидашудаи шуъбаи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Дар ин ноҳия низ комёбиҳои назарраси эҷодӣ насибаш гардиданд. Аз ҷумла, ғолиби озмуни «Бонуи боистеъдод» шуд ва дипломи дараҷаи якум гирифт. Дар озмуни «Беҳтарин мавод дар васфи зан» иштирок карда, сазовори мақоми дуюм шуд. Хидматҳояш бо Ифтихорномаи раиси ноҳия қадр гардид. Ҳамзамон барои боло бурдани такмили донишу малакаи хеш соли 2011 курси бозомӯзии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро бомуваффақият хатм карду соҳиби диплом гардид. Ободаи ҷавонро дар ноҳия собиқадори соҳаи фарҳанг Мунаввара Дамонова ҳамаҷониба дастгирию тарбият мекард, ки аз ӯ ба унвони устод ном мебарад.
Тавре ки гуфтем, аз моҳи марти соли 2014 сармутахассиси раёсати фарҳанги вилояти Суғд мебошад. Соли 2015 мактаби кадрҳои захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро сарбаландона хатм кард.
Обода асоси комёбиҳои худро аввалан аз тарбияи хуби падару модари некномаш Фурқатҷон Назаров ва Озода Рӯзиматова медонад, ки аз хурдсолӣ ӯву дигар фарзандонашонро дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ парвариданд.
-Боре зодрӯзам буд ва ҳама ҷамъ шуда, омадани модарро интизор меистодем, Модар омаданд ва бастабандии хеле зебоеро болои миз гузоштанд. Хоҳарону додарон ва худам ҳам гумон кардем, ки модар ягон ҷуфт туфлӣ ё курта ҳадя овардаанд. Пас бифармуданд, ки худам бастаро кушоям. Бо ҳаяҷон бастаро боз кардам ва… оваҳ, ду ҷилд китоби куллиёти устод Лоиқро дидаму бӯсидам ва модари адабпарварамро ба оғӯш кашидам. Рӯзе нест, ки аз ин китобҳои шоири шаҳири миллат саҳифае нахонам ва модари азизро ёд накунам…
Ба ақидаи ӯ сабаби дигари комёбиҳои вай падару модари меҳрубони шавҳараш мебошанд. Махсусан, хушдоманаш Маҳбуба Шодиева мисли модар меҳрубон аст. Обода дар ин маврид мегӯяд:
-Месазад аз некиҳои ин модари фидокор ва наберадӯстдор сухан ронем. Он кас ду фарзанди моро аз хурдӣ мавриди мувозибату муҳаббати худ қарор дода, тарбия мекунанд. Кори давлатӣ маълум: иштирок дар чорабиниҳои гуногун, сафарҳои хизматӣ… Ҳамсарам Аҳлиддин Шодиев, ки муҳаррири идораи телевизиони вилояти Суғд ва ровии барномаи вижаи «Дурахшон» мебошанд, доимо серкору сертараддуд ҳастанд. Бинобар ин модар моро мефаҳманд ва кӯшиш мекунанд, ки набераҳояшон аз меҳру муҳаббат танқисӣ накашанд. Духтарамон Дурахшон дар синфи дуюм бо баҳои аъло мехонад, Амриддини 5- сола дар кӯдакистон тарбия мегирад. Соли 2015 ҳангоми дар кӯдакистон тарбия гирифтанаш Дурахшони мо ғолиби озмуни «Донояк»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардида буд.
-Пешвои муаззами миллат ба мо, бонувон, эътиқоду эътимод ва эҳтироми зиёд доранд ва барои ба қуллаҳои орзу расиданамон ҳамаи шароиту имкониятро фароҳам овардаанд. Дар ҷавоби ин ғамхориҳо мо бо дилу нияти пок тамоми умр барои халқу Ватан хидмат хоҳем кард, -гуфт дар хотима Обода Шодиева.
Ҷӯра ЮСУФӢ